Нақши китоб дар ташаккули шахсияти инсон

Ҷавҳари асосии илму дониш ва хонишу савод китоб ба ҳисоб меравад. Китоб ин дўсти вафодор ва боғи пур аз меваи маърифат ва ахлоқу фаросат барои ҳар инсон аст. Зеро ҳангоме онро варақгардон менамоем, ҳамаи ин сифатҳоро аз он зуд дармеёбем. Бинобарин, аз қадимулайём бузургон дар васфу фазилати китобу китобдорӣ, таъсири он ба пешрафти ҷамъият ва умуман хусусияти китоб андешаҳои пурқиммат иброз намудаанд.

Бале, китоб сарчашмаи асосии илм ба шумор меравад. Ҳангоме бо ягон шахсияти донишманд ҳамсуҳбат мегардед, аввалсуханашон маншаъ мегирад аз китобу китобхонӣ. Ин гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик доимо дўстдори китоб мебошад.  Ҳангоме, ки шахс рўй ба китобхонӣ меорад, аз он манфиати бисёр ба даст меорад. Яъне китобро дўст доштан, онро мутолиа кардан барои инсон дунёи дигарро воменамояд, қалбро шод гардонида, нутқро бурро, саводнокӣ ва донишро зиёд мегардонад. Хусусияти дигари китоб он аст, ки аз хондани он захираи луғавии инсон ғанӣ мегардад ва шахс метавонад оид ба мавзўъҳои гуногун бе ягон душворӣ ибрози андеша намояд.

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст.

Дар замони имрўза, ки асри илму техника ва тараққиёт ба шумор меравад, бисёр таҷҳизоти техникӣ, аз қабили интернету телефонҳои мобилӣ, компютеру планшетҳо ва монанди инҳо мардумро, алалхусус наврасону ҷавононро аз мутолиаи китоби чопӣ дур намудааст. Дар бисёр кўчаю роҳравҳо, боғҳо ва дигар ҷойҳои истироҳатӣ ба мушоҳида мерасад, ки қариб қисми зиёди ҷавонони мо ба барномаҳои нолозими телефонӣ майлу рағбат доранд, хоҳиши вақт ҷудо карда, ҷойе нишаста, ба мутолиаи китоб машғул шуданро надоранд, ки ин дар ниҳояти кор ба психологияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ҳатто агар дар боби чунин муносибаташон суҳбат кунед, дар посухи шумораи зиёди наврасону ҷавонон китоб моли бобоӣ арзёбӣ гардида, онҳо таҷҳизоти муосири техникӣ ва интернетро афзалтар мешуморанд.

Насли калонсол ба чунин андешаронӣ розӣ шуда наметавонад, зеро дар ягон замон ҷойи китоби чопиро чизи дигаре гирифта наметавонад. Яке аз хусусияти хоси китобҳои чопӣ дар он аст, ки ба чашму дигар узвҳои бадани инсон зарар намерасонад, мутолиаи китоби чопӣ на ҳамеша аз кувваи барқ вобаста аст, онро ҳар вақти дилхоҳ ҳамроҳ гирифта, бемалол мутолиа кардан мумкин аст.

Барои он ки фарзандони мо, яъне насли наврас аз хурдсолӣ ба хондани китоб шавқу ҳавас пайдо кунанд, дар ҳар як оила бояд гўшаи хурде барои мутолиа ва китобхонӣ бошад. То кўдак ҳар замон, худ майли мутолиаи китобро кунад. Дар ин маврид волидонро зарур аст, ки аз хурдӣ дар дили фарзанди хеш меҳри китобу китобхониро афзун намоянд ва ҳангоме ки тифл ба мактаб меравад аз хондани китоб саркашӣ накунад. Ба мисли падару модар китобро дўст дорад, то фардо ба қадри ин неъмати бебаҳо расида тавонанд. Ин боис мегардад, ки насли ҷавон нисбат ба хондани китоб нафрат пайдо намекунад, варақу саҳифаҳои онро бераҳмона намеканад, болои китоб хат намекашад ва дар оянда ба он арҷ мегузорад.

Агар мо хоҳем, ки оянда  ҷавонон нисбат ба китобу китобхонӣ меҳри беандозае дошта бошанд, аҳли зиё, бахусус омўзгоронро зарур аст, то оид ба ҳамаи фанҳо барои толибилмон адабиётҳои гуногун тавсия диҳанд. Чунин муносибат боис мегардад, ки хонанда тадриҷан ба хондани китоб шурўъ ва майли мутолиаи китоб мекунад ё муносибати ҳамсабақи худро мушоҳида карда, аз паси ҷустуҷўйи китоб мегардад.

Мавриди таъкид аст, ки китоб воқеан сарчашмаи илму дониш, ақлу фаросат ва хирад аст. Аз ин рў, китобро дўст доштан, онро хондан на танҳо вазифаи насли наврас, инчунин калонсолон низ мебошад. Насли калонсол бо истифода аз таҷрибаи ғании рўзгори хеш вазифадоранд ҳар як саҳифаи китобро муқаддас дониста, мавриди на танҳо мутолиа барои хеш, балки насли наврас қарор диҳанд. Чунки дар баробари хурдсолон калонсолоне низ ҳастанд, ки ба мутолиаи китоб, андўхти дониш, такмили ихтисос, ташаккули фарҳанги педагогӣ ҷиҳати тарбияи фарзандону пайвандон ва амсоли ин, ниёз доранд.

Чунини ниёзмандӣ махсусан ҳангоми мушоҳидаи рафтору гуфтори бархе аз калонсолон бештар дар нақлиёт, бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба мушоҳида мерасад.  Ба андешаи ин ҷониб, яке аз сабабҳои чунин гуфтору рафтори барои ҷомеа номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки ин гуна афрод аз хурдӣ ба китобхонӣ майлу рағбат надоштаанд, умуман китоб нахондаанд ё китобро эҳтиром намекунанд.  Мутолиаи китоб танҳо кори олиму адиб нест, имрўз барои дар ҳаёту фаъолият муваффақ гардидани ҳар фард китобхонӣ бояд шуғли ҳамешагӣ бошад.

Зеро пас аз мутолиаи китоб муносибату муоширати шахс бо атрофиён дигаргун мешавад, хушгўиву некрафторӣ меъёри зиндагиаш мегардад, обрўю эътибораш дар ҷомеа боло меравад. Аксаран дар баъзе оилаҳое, ки падару модар бо сабабҳои гуногун аз таҳсил дур монда бошанд, рафтору гуфтор, хушмуомилагӣ ва тарзи муносибати фарзандони таҳсилкарда намунаи ибрати дигар аъзои оила мегардад.

Бинобарин, агар мо хоҳем, ки дар ҷомеа мавқею мақоми хоси худро гум насозем, обрўй, шаъну шараф дошта бошем, бояд худамон ва фарзандону пайвандонро пайваста ба мутолиаи китоб тарғибу ташвиқ кунем. Зеро маҳз китоб аст, ки инсонро бомаърифат, хуштарбияву хушахлоқ ва доною закӣ мегардонад. Китоб дўсти хушгуфтор, беғаразу беозор ва боадлу инсоф аст, ҳама чизи дар худ ниҳони бебаҳоро ба мо ройгон ва бетамаъ медиҳад. Дар ин маврид шоир басо дақиқ ишора кардааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ў ба гўшаи танҳоӣ,

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

 

РУХШОНА Каримова,

Сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.

Теги: Шуъбаи шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ