«Нақши муассисаҳои таҳсилоти олии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисон (1991-2016)»
Дар ин монографияи Шералӣ Холов таърихи фаъолияти макотиби олии равияи техникӣ ва вазъи омода кардани мутахассисони соҳаҳои муҳандисӣ-техникӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон таҳлилу баррасӣ гардидааст.
Муаллиф ҷойгоҳи равияҳои техникӣ дар низоми таҳсилоти олии кишвар, таъсиси донишгоҳу донишкадаҳои нави техникӣ, таҳаввулоти пойгоҳи моддӣ-техникӣ, дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии устодони донишгоҳу донишкадаҳои техникӣ, равобити илмӣ-таълимии мактабҳои олии техникии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва сатҳи омода намудани кадрҳои маҳаллӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои техникиро аз лиҳози назариявӣ ва амалӣ таҳқиқ кардааст.
Муҳарири масъул Қаҳҳор Расулиён – доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба китоб Маҳмуд Абдуллоев – доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Сайнак Сайнаков – номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ тақриз навиштаанд.
Монография барои муҳаққиқон, унвонҷӯёну докторантон, донишҷӯён ва доираи васеи шавқмандони таърихи Тоҷикистон тавсия шудааст.
Хоанадагон китоби Шералӣ Холов «Нақши муассисаҳои таҳсилоти олии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисон (1991-2016)»-ро аз Китобхони миллӣ мутолиа карда метавонанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.