Нақши Пешвои миллат дар масири бунёд ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ
Истиқлол маънии ҳаёт ва омили таъминкунандаи саодати рӯзгори инсоният аст. Дар ҳама давру замон одамият Истиқлолро шарти асосии бунёди ҷомеаи солим ва рушдёфта донистаанд. Аз ин рӯ, Истиқлол инъикосгари ҳаёти орому осудаву осоиштаву боамни давлату миллат ба ҳисоб меравад.
Дар марҳалаи давлатдории навини тоҷикон дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди милливу давлатӣ буда, рушди ҳамаҷониба ва устувори давлат ба ин падидаи бузург пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ҷониби дигар, мафҳумҳои Истиқлол, Сулҳ, Ваҳдат ва субот ба ҳамдигар тавъам буда, замингузори давлати нави соҳибистиқлол, дунявӣ, ягона демократӣ ва ҳуқуқбунёди тоҷикон маҳсуб меёбанд.
Мусаллам аст, ки раванди бунёд, бадастоварӣ ва истиқрори Истиқлолу Сулҳу Ваҳдат ва дар ин марҳала ҳифзи буми Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ин масир нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузургу бориз аст. Яъне, шукуҳу ҷалоли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ин неъмати созанда ва дастоварди пурарзиш нақши хоссаи худро гузоштаанд.
Дар идомаи фаъолияти пурсамар ва пурмаҳсул, бахусус талошҳои пайваставу ҳамешагии Пешвои миллат дар Тоҷикистон суботу ҳамгироии миллӣ барқарор гашта, фазои субот, амнияти миллӣ ва ваҳдату якдилӣ устувор гардид, ки ин пеш аз ҳама самараи ҷасорату матонати сулҳофаринии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамагуна имконоти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷиҳати амалигардонӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар фароҳам оварда шудаанд, ки чунин барномарезиҳои стратегӣ омили таъминкунандаи рушди устувори Тоқикистон маънидод мегарданд.
Дар замони Истиқлол таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва рушди маънавиёту рушди зеҳнияти илмиву техникии онҳо аз ҷониби Пешвои миллат равона гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии илмии насли ҷавон хеле тадбирҷӯиҳои саривақтӣ ва стратегияву барномаҳои муҳимму зарурӣ ба вуҷуд омаданд. Зеро яке аз воситаҳои асосии рушди рушди давлат ин рӯй овардан ба илму маориф ва дар ин замина тарбияи мутаххасисони варзида, бомаҳорат, забондон ва донишманду ватандӯст аст.
Агар нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, месазад, ки дар ин хусус як силсила таҳқиқоти бузургро анҷом дод.
Яке аз омилҳои таҳкимбахш ва муаррифкунандаи давлату миллат ин роҳандозии сиёсати муваффақонаи хориҷӣ ва роҳ ёфтан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин масир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҷиҳати таҳким ва тақвияти Истиқлоли давлатӣ бо давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад, ки ин ҳама натиҷаи сиёсатгузориҳои арзишманди Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.
Эътироф гардидани давлати мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо аксари кишварҳои дуру наздик, узви комилҳуқуқи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ гардидан, пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва даҳҳо муваффақиятҳои дигар дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳама бозгӯи фаъолияти пурсамари мактаби дипломатияи муваффақи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ба тақкими Истиқлоли давлатӣ ва шинохти ҷаҳонии давлати миллии тоҷикон мусоидат намудаанд.
Ҳамин тариқ, марҳалаи дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ ва рушди устувори Тоқикистони азиз, ба фаъолияти созандаву бунёдкорона ва афкори созандаву ободиоварандаи Пешвои Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дорад. Зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои хирадсолор ормони ҳазорсолаи миллати тоҷикро ҳимоя намуда, давлати миллии тоҷиконро эҳё намуданд, ки ин бузургтарин саодат, баландтарин иқбол ва беҳтарин хушбахтӣ барои миллати тоҷик мебошад.
Ардамеҳр Ашуров, номзади илмҳои таърих, ходими пешбари шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Аз китоби “Истиқлол-омили рушди устувор”, таҳияи Давлатова Зебонисо, мутахассиси пешбарӣ Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.