Намоиши китоб бахшида ба бузургдошти ҳаким Абуалӣ Ибни Сино
Дар остонаи бузургдошти рӯзи таваллуди ҳаким Абуалӣ ибни Сино шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ намоиши китоб баргузор кард. Дар ин намоиш беҳтарин китобҳо дар бораи ҳакими бузург ва осори ин нобиғаи ҳар давру замон ба намоиш гузошта шудааст.
Абуалӣ Ҳусайн машҳур ба Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони садаҳои миёна ва ҳамчунин ахтаршинос, кимиёдон, заминшинос, мантиқдон, деринашинос (палеонтолог), риёзидон, физикдон, шоир, равоншинос, файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу тоҷик аст.
Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд.
Маъруфтарин асарҳои ӯ «Китобу-ш-Шифо» ва «Китобу-л-Қонун фит-Тибб» ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Урупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.
Дар намоиши китоби Шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ хонандагон метавонанд китобҳои зеринро мурур кунанд:
“ Қонуни тиб”, чопи Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энқиклопедияи Миллии Тоҷик, соли 2021, Абуали ибни Сино. “Гиёҳнома – ҷонварнома”, соли 2021, “Абуали ибни Сино (Авиценна). «Сочинения». Т.13. Канон врачебной науки: Книга вторая. Душанбе «Дониш» 2012, Абуали ибни Сино «Осор». Ҷ. 14. Қонуни тиб: Китоби сеюм Бахши дуввум, Абуали ибни Сино Осори мунтахаб. ҷ. 4. – Душанбе: «Ирфон», 1992, Абуали ибни Сино. Канон врачебной науки. Ташкент, 1996, Абуали ибни Сино. Таълиқот Душанбе: «Ирфон» 1992, Шаҳобиддинов Нуриддин: Метафизикаи ибни Сино, 2021, Байзоев Азим. Истилоҳот ва калимасозӣ дар «Донишнома»-и Абуали ибни Сино. Душанбе «Андалеб Р», 2016, Ҳоҷимуҳаммади Муҳаммадзод. Аламбардори афкори тибби Сино. Душанбе: «Бухоро», 2016, Олимов М. Р. Меҳрномаи «Сино», «Ирфон», 1993, ва ғайра.
Азиза НИЁЗОВА, мутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.