Намоиши китоби бахшида ба 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ шуъбаи тарғиб ва барномаҳи фарҳангии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон намоиши китоб ташкил кард ва дар он беҳтарин нигоштаҳои муаллифони дохиливу хориҷиро дар ин мавзуъ гирд овард. Хоҳишмандон метавонанд бо ин китобҳо дар шуъба, воқеъ дар ошёнаи панҷуми Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
Маврид ба таъкид аст, ки бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо пеш аз ҳама тавонистем истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем.
Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар фарди бонангу номуси миллат бояд зарурати тарихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризоияти милии мо пояндаву ҷовидон бошад, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ зери ин сисёсат муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкории Ватан фаъолона ширкат намояд.
Пас моро лозим аст, ки барои сулҳу ваҳдат мубориза барем. То ки обу хоку ҳавои ватан тоза бошад. Истиқлол ба мо ҳаёт бахшид. Вазифаи мо ин аст, ки барои осеб надидани ниҳоли истиқлол ва бардавон будани он ҷонфидоӣ кунем, то ливои ваҳдат ва ягонагии халқамон ба фалак бардошта шавад.
Бибишарифа Содиқзода, сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.