Нашри шумораи деринтизори маҷаллаи “Адаб”

АдабЯке аз маҷаллаҳое, ки ба тозагӣ шинохтам, маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва таълимию маърифатии “Адаб” аст. Аммо аз аввалин шинох иқрор мешавам, ки хеле писандам омад. Гумон мекунам ҳар нафаре, ки бо “Адаб” ошноӣ пайдо кардаву мутолиааш мекунад, ошиқи он мешавад. Забони баёни маҷалла бисёр ширину равон аст. Ибораҳои зебобаёну содафаҳмаш саҳнаи рангинеро пеши назар меоваранд, ки дарки матолиби пешкашгашта барои хонанда боз ҳам ҷолибтар мегардад.

Сардабири ин маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва таълимию маърифатӣ Шодӣ Шокирзода буда, Саид Нуриддин Саид, Муҳаммадюсуф Имомзода, Низомиддин Зоҳидӣ, Аҳмадҷон Раҳматзод, Фарзона, Ҳабибулло Раҷабов, Шодимуҳаммад Сӯфизода ва Абдурашид Самадов мушовирони маҷалла мебошанд.

Имрӯз мо шумораи дуввуми маҷалларо дар соли равон ба даст дорем, ки аз бахшҳои “Аз Рӯдакӣ то имрӯз”, “Машриқу Мағриб”, “Кошонаи меҳр”, “Сеҳри ҳалол” ва “Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон” иборат аст.

Бахши “Аз Рӯдакӣ то имрӯз” дорои се мақола аст. Мақолаи аввал “Ақл ва таҷрибаи ирфонӣ дар тасаввуф” ном дошта, муаллифаш Аннемари Шиммел мебошад. Яке аз муҳаққиқони саршиноси ирфон ва тасаввуфи исломӣ – донишманди маъруфи олмонӣ Аннемари Шиммел (1922-2003) беш аз панҷоҳ китоб дар бораи адабиёт, ирфон ва фарҳанги исломӣ таълиф кардааст. Ҳамчунин осори фаровонеро аз форсӣ, урду, арабӣ ва туркӣ ба забонҳои англисӣ ва олмонӣ тарҷума намудааст. “Забони тасовири Мавлоно” (1949), “Пажӯҳише дар мафҳуми ишқи ирфонӣ дар давраҳои нахустин ирфони исломӣ”(1951), “Адёни ҷаҳон: мухтасари таърихи адён” (1951), “Муҳаммад Иқбол – шоир ва файласуф” (1960), “Таъсироти андешаи Мавлоно дар Шарқ ва Ғарб” (1963), “Ҷаҳони шеър ҷаҳони оштӣ аст” (1967), “Адабиёти исломии Ҳинд”(1973), “Шукӯҳи Шамс: таҳқиқе дар бораи осори Ҷалолуддини Румӣ” (1978), “Муҳаммад Расулоллоҳ” (1985), “Номҳои исломӣ”(1989), “Дебои дуранг: саноеъи адабӣ дар шеъри форсӣ”(1992), “Ман бод, ту оташ: зиндагӣ ва кори Мавлоно”(1997), “Ислом ва шигифтиҳои хилқат” (2003) аз зумраи муҳимтарин осори ӯ мебошанд.

Дар маҷалла матни маърӯзае, ки бону Аннемари Шиммел соли 1994 дар ҳамоиши илмии донишгоҳи Кембриҷ таҳти унвони “Суннатҳои ақлонӣ дар ислом” ироа карда буд, пешкаши хонандагони нуктасанҷ гаштааст. Мақола ишора ба тафовут миёни ақлу ишқ мекунад. Ақл метавонад инсонро то марзҳои ин ҷаҳон бибарад, вале ишқ метавонад инсони ҷӯяндаро аз ҳад фаротар барад.

Ақл гӯяд: “Шаш ҷиҳат ҳадд асту берун роҳ нест”,
Ишқ гӯяд: “Роҳ ҳасту рафтаам ман борҳо”.

(Румӣ.Девон.Ғазали 132)

Қобили тазаккур аст, ки бону Аннемари Шиммел як сол пеш аз фавташ, дар охири  соли 2002 ба Тоҷикистон омада, бо аҳли илму адаби кишвари мо мулоқотҳои судманде доштааст.

Мақолаи дуввуми бахши “Аз Рӯдакӣ то имрӯз” аз Иброҳим Динонӣ – ““Гулистон”-и Саъдӣ ҷаҳони дигареро пешорӯи мо қарор медиҳад” ном дошта, аз ҳикмати амалии Саъдии бузургвор сухан мекунад. Тарбияте, ки Саъдӣ ироа мекунад, аз халлоқият иборат аст, зеро “агар дар тарбият халлоқият набошад, тарбият нест”, иброз доштааст муаллифи мақола.

Мақолаи дигаре, ки бо унвони “Ҳаёт ва эҷодиёти Муҳаммадшариф Гулханӣ” ба қалами Субҳон Амирзода тааллуқ дорад, аз ҳаёт ва эҷодиёти шоири зуллисонайни тоҷик ҳарф мезанад. Шеъру ғазалҳои ин шоири аҳли кӯҳистони тоҷик, ки дар майдони шеъру адаб ба сифати аспи даванд амал кардааст, аз ҷиҳати мавзӯъ асосан хусусияти ишқӣ-лирикӣ касб кардаанд. Ҳамчунин муаллиф дар хусуси моҳияти ғояи бадеии асари машҳури дузабонаи шоир “Зарбулмасал” ибрози ақида кардааст.

Бахши баъдии маҷалла мақолаи Тоҷиддин Мардониро, ки “Мавлоно Убайди Зоконӣ ва латифаҳои арабӣ” унвон дорад, пешкаши хонанда месозад. Адибони гузаштаи мо дар асрҳои  миёна баробари бо забони модарӣ эҷод кардан бо забони арабӣ низ асар таълиф мекарданд ва ин амал агар дар асрҳои VIII-IX миёни адибони форсинажод расм шуда бошад, дар асрҳои баъдӣ як зумра шоирон бо ду забон, яъне дарӣ ва арабӣ асарҳои назмиву насрӣ эҷод мекарданд. Қисми эҷодиёти арабизабони онҳо барои хонандагони арабидоне, ки он замон кам набуданд, таълиф гардидааст. Ин анъана дар эҷодиёти суханварони маъруфи тоҷику форс аз қабили Умари Хайём, Ҷалолуддини Балхӣ, Шайх Саъдӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Убайди Зоконӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва бисёре дигарон идома ёфтааст. Осори арабизабони адибони асрҳои миёнаи форсу тоҷик ганҷи бебаҳоро мемонад. Латифаҳои арабии Мавлоно Низомиддин Убайди Зоконӣ маҳз дурдонае аз ин ганҷ мебошанд. Муаллифи мақола роҷеъ ба эҷодиёти ситораи дурахшони осмони илму адаб ва шоири ҳаҷвнигори забардаст, бахусус, латифаҳои ба забони арабӣ офаридашудаи ӯ, ҳамзамон аз ақидаҳои мухталифи муҳаққиқон оид ба шахсият ва ҷаҳонбинии Зоконӣ сухан кардаааст. Муаллиф иброз медорад, ки “дар ҳамаи латифаҳои форсию арабии Убайди Зоконӣ хусусияти меҳру муҳаббат доштани ӯ нисбат ба халқ баръало зоҳир мегардад”. Дар идомаи мақола чанд намунае аз латифаҳои арабии Убайди Зоконӣ манзури хонандагон гаштааст.

Бахши “Кошонаи меҳр”-ро низ се мақола фаро гирифтааст. Мақолаҳои  “Ҷавҳараш поку рӯшан оинаш” ва  “Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ” аз Шодӣ Шокирзода, ва “Муҳаққиқи “Шоҳнома” ва машъалафрӯзи маънавият”-и Аъзам Ализода.

“Ҷавҳараш поку рӯшан оинаш” ба адабиётшиноси дақиқназар ва инсони наҷиб, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва фаъолтарин муаллифи маҷаллаи “Адаб”  Субҳон Амирзода, ки чанде пеш дар остонаи навадумин солгарди умр ин дунёро тарк гуфт,  бахшида шудааст.

Аъзам Ализода дар мақолаи “Муҳаққиқи “Шоҳнома” ва машъалафрӯзи маънавият” омӯзгор ва тарбиятгари асил аз диёри файзбори Мастчоҳ, фидоии мактабу маориф, номзади илмҳои филологӣ, инсони шарифу сарфароз шодравон Шодӣ Асроровро ҳамчун муҳаққиқи “Шоҳнома” арзёбӣ кардааст. Тули фурсати умри кӯтоҳи худ, “Шодӣ Асроров тавонист бо донишу маърифат ва фурӯғи шарофат қалбҳоро мунаввар созад”. Муаллиф доир ба осору таҳқиқоти илмӣ, фазилатҳои касбӣ ва фаъолияти ибратбахши Шодӣ Асроров, андешаҳои ҷолиби маъруфтарин чеҳраҳои илму адаби Тоҷикистон ҳарф гуфтааст. Ба андешаи муҳаққиқон дар рисолаи илмии “Симои Сиёвуш дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” ба Шодӣ Асроров таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷонибаи Сиёвуш муяссар гашт ва ӯ – Шодӣ Асроров дар ҷаҳони фирдавсишиносӣ чун вориси ин нобиғаи тавоно хидмати неке ба ҷо овард.

Мақолаи дигари ин бахш, мақолаи Шодӣ Шокирзода, ”Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ”-ро метавон идомаи мантиқии мақолаи пешин хонд. Ин мавод низ ба муҳаққиқи фирдавсишинос Шодӣ Асроров ва рисолаи номзадии ӯ “Достони Сиёвуш дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” алоқаманд аст.

“Сеҳри ҳалол” бахши бисёр аҷибу хонданибоби дигари маҷалла буда, ба ҳаёту эҷодиёти Иван Бунин бахшида шудааст, ки “Иван Бунин – охирин классики адабиёти рус” унвон гирифтааст. Иван Бунин аввалин адиби рус аст, ки соли 1933 ба дарёфти ҷоизаи Нобел мушарраф гардидааст. Ёдрас мешавем, ки қаблан Бунин Иван Алексеевич ба дарёфти ҷоизаи адабии Пушкин (1903) мушарраф гашта, соли 1909 ба унвони узви ифтихории Академияи улуми Руссия баргузида шуд.

Бояд гуфт ки осори муҳоҷирати Бунин беҳтарин осори ӯ ба шумор меравад: “Роза Иерхона” (1924), “Ишқи Мити”(1925), “Офтобзадагӣ”(1927), “Сояи паранда”(1931), “Дарахти Худо”(1931), “Ашъори баргузида”(1928), “Кӯчабоғҳои соясор”(1937-1944). Аз осори бузурги адиб романи “Зиндагии Арсенев”, ки тайи солҳои 1927-1933 таълиф шудааст, соли 1933 Бунинро барандаи ҷоизаи Нобел кард. Романи мазкур дар осори Бунин мавқеи махсусеро пайдо кардаву зиндагиномаи худнавишти нависанда аст. Таваҷҷуҳи нависанда дар роман на танҳо ба зиндагии қаҳрамони асосии асар – Алексей Арсёнов равона гаштааст, балки ба шаклгирии шахсияти қаҳрамон ва рафторҳои печидаи ӯ бо атрофиёнаш мебошад.

Китоби “Озодии Толстой”(1937) асари ҳунариву фалсафӣ буда, то кунун аз зумраи китобҳои беҳтаринест, ки дар бораи Лев Толстой эҷод шудааст. Охирин асари хотирнависии Иван Бунин “Дар бораи Чехов” унвон дошта, пас аз маргаш, соли 1955, нашр шудааст.

Иван Алексеевич Бунин шоир ва нависандаест, ки адабиёти муҳоҷиратро беҳтар аз дигар нависандагони рус манзури хонандагон кардааст. Бунин нависандаи тавоное буд, ки ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданаш, ӯро нависандаи моҳир дар Руссия ва берун аз он мехонданд, зеро дар осораш зиндагии охири асри нуздаҳ ва аввали асри бистуми Русия, Аврупо ва Машриқзаминро нозукбинона тасвир кардааст. Муаллифи мақола роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти охирин нависандаи классики адабиёти рус боз матолиби зиёди дигари иттилоотиеро ҷамъ овардааст, ки хонданаш гуворо ва донистанаш баманфиат аст. Новобаста аз он, ки  Бунин  33 соли ҳаёташ хориҷ аз Руссия зистааст, тамоми осори гаронбаҳои худро бо забони русӣ таълиф намудааст.

Дар фароварди бахши “Сеҳри ҳалол” аз эҷодиёти Иван Алексеевич Бунин шеърҳо дар тарҷумаи Марзияи Яҳёпур, Фарзона ва Шодӣ Шокирзода оварда шудаанд.

Мерасад рӯзе, ки нопайдо шавам,

Лек дар он хонаи холии ман,

Мизу курсиҳо ҳамон монанд боз,

Ҳар чӣ монад боз то тарҳи куҳан.

Бо ҳарири бол рангиншаҳпарак

Боз ҳам пар-пар занад он сон ки буд.

Пар занад хиш-хиш кунад, хуш-хуш тапад

Боз ҳам дар гӯшаи сақфи кабуд…(тарҷумаи Фарзона)

Бахши ниҳоии маҷалла аз “Ганҷинаи адабиёти ҷаҳон” унвон дорад, ки  ба мо дар воқеъ аз адабиёти ҷаҳон ҷавҳаре пешниҳод менамояд. Ин навбат бахшро ҳикояҳои Бародарон Гримм: “Парии ҳушёр”, “Чӯҷа ва дӯсташ”, ҳамчунин “Нидои устод”-и Ҷуброн Халил Ҷуброн ва қиссаи норвегӣ аз қуруни вусто “Кашиш ва ходими калисо” фаро гирифтаанд.

Дар поёни маҷалла шеърҳои “Маро чун тоҷикистонӣ садо кун”, “Модар”, “Ё ҳазрати мавлоно”, “Аз ман ҷудо машав” ва “Дар тазмини Саъдӣ”-и шоир, муҳаққиқ, матншинос, рӯзноманигор Исмоил Зарифӣ пекаши хонандагон гаштаанд.

Махфират Муҳиддинова, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.