Нависанда ва намоишноманавис Абдулло Қаҳҳор

Абдулло ҚаҳҳорАбдулло Қаҳҳор. – (17. 9. 1907,  Қӯқанд – 25. 5. 1968, Москва; мадфун дар қабристони Чиғатойи Тошканд), нависандаи ӯзбек. Раиси Правленияи ИН Ӯзбекистон (1954 – 56). Факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1934). Фаъолияти эҷодиаш соли 1924 аз таълифи ҳаҷвияҳо ва новеллаҳо оғоз ёфтааст.

Дар рушди новелла саҳми арзанда дорад. Солҳои 30 асри ХХ маҷмӯаҳои ҳикоёти «Ҷаҳон ҷавон мешавад» (1933), «Ҳикояҳо» (1935) ба табъ расиданд, ки дар онҳо зиндагии гузашта ва имрӯза (солҳои 30 асри ХХ) тасвир шудааст. Дар қиссаҳои «Қаҳрамони Дардакӣ» (1942), «Ситораи тилло» (1946) Абдулло Қаҳҳор ба мавзӯи ҶБВ (1941 – 45) рӯй овардааст. Сипас, Абдулло Қаҳҳор ба мавзӯи ташкили нахустин колхозҳо (хоҷагиҳои дастҷамъӣ) даст зад (романи «Чароғҳои Қӯшчинор», 1946). Дар қиссаҳои «Санговдавак» (1958), «Муҳаббат» (1968) аз ҳаёти деҳоти Ӯзбекистон баъди ҶБВ (1941 – 45) ва зиндагии ҷавонон ҳикоя мекунад.

Қиссаи тарҷумаиҳолии Абдулло Қаҳҳор «Афсонаҳо аз гузашта» (1965) ба Мукофоти ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ сазовор дониста шуд (1966). Абдулло Қаҳҳор яке аз драманависони машҳури Осиёи Миёна эътироф гардидааст. Вай муаллифи мазҳакаҳои «Дар замини нав», «Сӯзании шоҳӣ» (1950; «Дандонҳои дардманд» (1954), «Садо аз тобут» (1962) ва ғайра мебошад.

Ба забони тоҷикӣ асарҳои Абдулло Қаҳҳор «Санговдавак» (1962), «Афсонаҳо аз гузашта» (1979) тарҷума шудаанд. Драмаи «Сӯзании шоҳӣ», мазҳакаи «Садо аз тобут», намоишномаи «Ҷон модаракон» дар театрҳои Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудаанд.

Абдулло Қаҳҳор асарҳои нависандагони рус А. С. Пушкин, Л. Н. Толстой, Н. В. Гогол, А. П. Чехов ва дигаронро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Бо ордену медалҳои даврони шӯравӣ ва Ӯзбекистон мукофотонида шудааст. Дар Тошкенту Қӯқанд ба номаш кӯчаҳо ва мактаб вуҷуд дорад. Дар Театри сатираи Тошкент музейи ба номи Абдулло Қаҳҳор амал менамояд (аз соли 1987).

Манбаъ: Энсиклопедия миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С.27.

Муаллиф: Ф. Ӯрунов.
Таҳияи Замира Давлатова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ
.