Наврӯз – ҷашни миллии тоҷикон  

Халқи тоҷик дорои таърихи куҳан, ҷашну анъанаҳои бойи қадимаи миллӣ мебошанд ва аз қадимулайём халқи тоҷик ҷашну маросимҳои миллии хешро бо як таври хосса ва шукўҳ ҷашн мегирифтанд. Яке аз ин ҷашнҳои миллии мо Наврўз ба шумор меравад. Гузаштагонамон ин ҷашнро ба тарзҳои мухталиф дар тамоми гушаю канори Тоҷикистон бо шукуҳ то ҳоло ҷашн мегиранд. Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ҷашни Наврўз ҷаҳонӣ гардид, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик ба шумор меравад.

 

Наврўз- ин баробаршавии шабу рўз буда, ҷашни Соли нави мардумони эронинажод ба шумор меравад. Инчунин Наврўзро “ҷашни сари сол” низ  меноманд. Таърихи ташаккули Наврўз бо эҳё гардидани табиат дар фасли баҳор,  пас аз  фарҷоми зимистон рост меояд.

Қобили зикр аст, ки 30-юми  сентиябри соли 2009 ҷашни Наврўз ба руйхати мероси ғайримоддии башарии  ЮНЕСКО бо 76 унсури ғайримоддии худ аз кишварҳои гуногуни дунё ворид гардид. Карори ворид намудани 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз чониби 24 кишвари иштирокчии кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси ғайримоддӣ пазирфта шуд.

Ҳамчунин санаи 23 феврали соли 2010,  дар 64-умин сессияи Генералии Ассамбелияи СММ, дар моддаи 49-и рӯзномаи ҷаласа, таҳти унвони “Фарҳанги ҷаҳон”,  дар бораи “Рўзи байналмилалии Наврўз”, 21 март чашн гирифтани Наврўз, қарор кабул гардид.  Ҳамзамон дар соли 2010 бо пешниходи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Наврўз”,  рузҳои  21-24-уми мартро иди байналмилалии Наврўз эълон намуданд.

Наврўз  ин  қадимтарин ҷашни ачдодони мо буда, пирузии нур ба зулмот маҳсуб меёбад, ки аз насл ба насл тариқи хаттӣ ва ҳам тариқи шифохӣ  ба  мардуми  шарафманду сарбаланди точик ба мерос  мондааст. Дар китоби “Авасто”, ки қадимтарин  манбаъи хатии ниёгон ҳисобида мешавад, аз таҷлили Наврўз сухан рафта, аз ҷумла  омадааст, ки мардум  муваззафанд  ҳар баҳор  пайдоиши ҳаёт дар замин, ки дар намуди фазо, об, замин, рустанӣ, ҳайвонот ва инсон шакл гирифтааст, таҳлил намоянд.

Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик  ва дигар олимони ҳавзаи Наврўз аз миёни рамзҳои  наврўзӣ, ки аз гулҳои  бойчечак, сияҳгуш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаи асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврўзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад-омади бахори файзбор дар Ҷумҳурӣ қабул гардид. Минбаъд, суманак ва гули наврўзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврўзи байналмилалӣ истифода хоҳад гардид.

Инчунин донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Навруз омода  мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни кабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рузии одам аст, ифода менамояд.

Хулоса, дар ҷашни Наврўз дар тамоми  гӯшаю канори Тоҷикистон дастархони идона ороста, таъомҳои гуногуни миллӣ мепазанд ва хурду бузург хурсандона ин идро ҷашн мегиранд. Ҳамасола рузи 21-уми март ҷашни Наврўз дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон бо як шукуҳи хоса дар сатҳи баланди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

 

Ҷамила Гирдакова,

Мутахассиси пешбари

шуъбаи хизматрасонии библиографӣ.