Назари хос. Андешаҳо андар гуфтаву кардаҳои Пешвои миллат
Ҳар як миллат, нажод, қавм таърихи худро дорад ва миллате, ки гузаштаи худро эҳтиром мекунад, аз таърихи худ ифтихор мекунад, ҳувияти баланди миллӣ дорад, ҳеҷ гоҳ хор нахоҳад шуд. Миллатро сарвари одилу оқил ва накӯкору дурандеш метавонад шӯҳратёр, пешраванда, сарбаланд ва пирӯзманд гардонад. Хушбахтона, ба миллати тоҷик, Яздони пок чунин сарвари ватандӯсту меҳанпарвар, сарвари сулҳофарин ва ваҳдатовар, сарваре, ки халқашро аз нобудшавӣ раҳо намуд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ато намуд.
Таърих гувоҳ аст, ки солҳои 90-ум ҷанги бародаркуш Ҷумҳурии Тоҷикистонро чи гуна шикаст дода буд. Қасду хусумату ҳамдигарбадбинӣ, маҳалгароӣ оташи ҷанги дохили шуълавар гардонд. Шукрона мекунем, ки сиёсати суботкоронаи Сарвари давлат моро аз ин даҳшат раҳо намуд. “Ман ҷонамро барои оромии ин Ватан ба гарав мондаам” – гуфтани Пешвои миллат ҳавоӣ ва беасос набуд. Дар ҳақиқат, Пешвои миллат барои ба даст овардани сулҳу оромӣ дар кишвар басо ҷонбозиҳо карданд ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки он давраи мудҳиш – солҳои 90-умро дар хотир дорад, шоҳиди ин қаҳрамониҳои Президенти кишвар мебошанд. Барқарор намудани мақомотҳои давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ дар маҳалҳо, хомӯш намудани оташи ҷанги бародаркуш, ба Ватан баргардонидани паноҳандагон аз ҳамсоякишвари мо Афғонистон, таъсиси Артиши миллӣ ва таъмини амнияти давлатӣ, побарҷо намудани иқтисоди давлати фалаҷшуда, вазифаҳои муҳимтарини ба сари сарвари давлати ҷавон вогузоршуда маҳсуб меёфтанд.
Воқеан, давлатдорӣ кори саҳл ва осон нест. Мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси рӯ ниҳодан ба донишу хирад, матонату азамати худшиносӣ, нексириштӣ ва далериву кордонӣ побарҷо шудааст. “Ман ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб мефаҳмам, ки дар ин давраи барои Ватан ва халқи ҷумҳурӣ хеле душвор кадом масъулиятро ба дӯш дорам” – ин суханҳои волои Сарвари давлат дар он давра, шаҳодат аз он медоданд, ки ин шахси некбин, ҷасур ва ғамхори миллати тоҷик халқро аз парокандагӣ ва миллату давлатро аз нестшавӣ наҷот хоҳад дод. Шукргузорем, ки ҳамаи ин ниятҳои неки Пешвои муаззами мо ҷомаи амал пӯшиданд.
Яке аз иқдомҳои нахустин ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар замони даргириҳои дохилӣ ин авфи умумӣ буд, ки ин тадбир боварии мардумро ба ояндаи равшан ва сулҳу оромӣ тақвият бахшид ва ин таҷриба дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷониби сиёсатмадорони олам беназир эътироф гардид. Дар ҳақиқат, зери як парчам сарҷамъ ва муттаҳид намудани миллате, ки ба гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ тақсим шуда, зери таъсири сиёсати бемантиқи пешгирифтаи худ, ки аз ҷониби хоҷаҳои хориҷӣ сарпарастӣ мешуд ва даст ба бародаркушӣ зада буд, аст басо сангин ва ба ақидаи баъзе сиёсатмадорони ҷаҳонӣ ғайриимкон буд. Аммо, боварӣ ва эътиқоди миллати тоҷик ба Сарвари худ ва Сарвари давлат ба миллати худ, ноумедӣ ва номуродиро шикаст дод ва ба решаи хусумату бадхоҳӣ теша зад.
Мусаллам аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кишвар ва миллати худ хидматҳои беназири таърихӣ намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил доданд, арзишҳои динӣ ва миллиро эҳё намуда, мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо карданд. Баробари ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ тамоми саъю кӯшишашонро барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва озуқаворӣ равона намуданд.
Дар даврони 70 соле, ки Тоҷикистон шомили Иттиҳоди Шуравӣ буд, дар арсаи ҷаҳонӣ назар ба даврони ҳозир, онқадар моро намешинохтанд. Аммо, ҳозир бинед, ки чи гуна Тоҷикистони азизи мо дар саросари дунё маъруф ва пазируфтаи кишварҳои абарқудрат гардидааст. Ҳамаи ин бонуфузӣ бо шарофати талошҳои бевоситаи Сарвари давлат мебошад, ки барои эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои нерӯманди байналмилалӣ ва кишварҳои муқтадир кӯшишҳои беназир намудаанд. Бо шарофати Президенти муаззами кишвар, Тоҷикистони мутамаддин ба оламиён маълум ва дар тамоми дунё маъруф гардид. “Халқ довари ҳақгӯву ҳақбин аст. Ман бо он ҳама камбуду нуқсон, душвориву мушкилоти ҳам сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ, ҳам иҷтимоиву маънавие, ки одатан хоси замони гузаришҳои бузург ҳастанд, ба ҳувиятшиносӣ ва сарнавиштсозии миллати хирадмандон бовар ва эътимоди қавӣ дорам” – ин гуфтаҳо, далели онанд, ки дар ҳама ҳолат Сарвари давлат, ки шахси меҳанпараст ва хирадманд мебошанд, ба халқи меҳнатдӯст ва хоксори худ такя намуда, баҳри ҳаёти ором ва осоиштаи миллати худ чизеро дареғ намедоранд.
Агар қаҳрамониҳо ва шоҳкориҳои бемисли Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номбар кунем ва рӯи қоғаз оварем, қаламҳо хӯрда мешаванд, варақҳои бешумор сиёҳ мегарданд ва рафи китобхонаҳо пур аз китоб мешавад. Ва он қадар, ки тавсифашон накунем, кам асту кам аст!
Ҳамеша, барои баланд бардоштани нуфузи кишварамон бо ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем ва ҳамаи ин талошҳо аз файзу некӯсириштии Шумо – Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад
Бунафша РАҲМОНОВА
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.