Нигаронии Пешвои миллат аз вазъи чопи китобҳои дарсӣ дар кишвар
“Нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимии босифат барои тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ масъалаи ҳалталаби соҳаи маориф мебошад.
Таҳлили вазъи афзоиши шумораи хонандагон, низоми маблағгузории нашри китобҳои дарсӣ ва истифодаи маблағҳои мавҷуда нишон медиҳад, ки дар оянда хавфи ҷиддии норасоии китобҳои дарсӣ вуҷуд дорад.
Масъалаи сатҳу сифати китобҳои дарсӣ ва бознигарии мазмуну муҳтавои онҳо, аз ҷумла инъикоси ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамонро ман борҳо таъкид карда будам.
Вале ин масъала то ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки бо дарназардошти раванди азнавсозии мазмуни таҳсилот, аз ҷумла гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим дар заминаи хусусияту арзишҳои миллӣ, мувофиқ ба талаботи замони муосир ва пешрафту дастовардҳои илму техника ҷиҳати таҳия ва нашри китобҳои босифати дарсӣ ва маводи таълимӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати бознигарӣ намудани барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, бо дарназардошти принсипҳои асосии муносибати босалоҳият ба таълим, бояд тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шаванд”.
Иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024.