Нигоҳе ба таърихи китобдорӣ дар бузургтарин китобхонаи олам. КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ БРИТАНИЯ
Китобхонаи миллии Британия калонтарин китобхона дар Аврупо ва дувумин дар ҷаҳон пас аз Китобхонаи Конгресси Вашингтон ба шумор меравад. Он зиёда аз яксаду панҷоҳ миллион нусха маводро фаро мегирад. Аз ин рӯ, дӯстдорони ҳақиқии китоб бояд ба китобхона ташриф оваранд, то нашрҳои нодир ва кӯҳнаро аз наздик тамошо кунанд.
Дар охири асри 20 китобхона коллексияҳои худро бо қадимтарин китобҳои чопӣ ва дастнависҳои буддоӣ аз Дунҳуанг (шаҳре дар Чин) пурра кард, маҷмӯа инчунин бо кодекси Синойӣ (яке аз муҳимтарин нусхаҳои дастнависи Инҷили юнонӣ) аз Ленинград ва коллексияи матнҳои ибрӣ пурра гардид.
Парлумони Британияи Кабир соли 1972 тасмим гирифт, ки китобхонаро аз осорхона хориҷ карда, дар бинои алоҳида ҷойгир кунад ва ин иқдом то соли 1997 идома карда, китобхона дар бинои осорхона боқӣ монд, соли 1997 бошад сохтмони бинои нави китобхона оғоз ёфта, соли 1999 ба анҷом расид ва ба бинои таъиншуда дар минтақаи Сент Панкрас (байни истгоҳҳои Эстон ва Сент Панкрас) кӯчид ва китобхонаи Бритониё ҳамин тавр пайдо шуд.
Китобхона аз се қисм иборат аст: қисми асосии он дар рӯ ба рӯйи истгоҳи роҳи оҳани Лондон Сент Панкрас; қисми дигари Китобхона матбуоти даврӣ (рӯзномаҳо) унвон дошта, дар хиёбони Колиндал; сониян бахш ва толори хониш дар Ғарби Йоркшир ҷойгир гардидаанд. Бинои филиали ин қисмат инчунин дархостҳо аз хориҷи кишварро қабул мекунад, ки шумораи онҳо дар як сол ба чор миллион мерасад. Ва ин тааҷҷубовар нест – дар ниҳоят, дар ин ҷо сарчашмаҳои чопӣ ва савтии бисёр давру замонҳо ҷамъ оварда шудаанд. Дар бойгонии китобхона чунин нашрияҳои пурарзиш мавҷуданд, ба монанди Инҷили Линдисфарн – Инҷили дастнавишта, ки эҳтимолан тайи солҳои 715 то 720 дар с авмааи Линдисфарн навишта шудааст, вуҷуд дорад. Ин аввалин китоби таърихӣ дар таърихи адабиёт, ки аз зери матбаа ба даст омадааст. Ҳамчунин Сутраи алмосӣ, ду Китоби Гутенберг, эпосҳои аслии Беовулф ба забони англисии қадим, ёддоштҳои Леонардо да Винчӣ, дастхатхои бастакорони ҷаҳон, харитаҳои аввалини чопӣ ва маҷмӯаи аввалин китобҳои чопии ҷаҳон аз ҷумлаи дигар китобҳои нодиранд. Инчунин дар ин ҷо шумо маҷаллаҳои илмӣ, хама гуна рӯзномаҳо, коллексияҳои гуногуни маркаҳои почта ва дигар маводҳои ҷолибро ёфта метавонед.
Акнун назаре чанд ба таърихи Китобхонаи Бритония намуда, мехоҳем баъзе аз ҷузъиётҳое, ки онро машҳури ҷаҳон гардонидааст, сайре дошта бошем. Он аз маҷмӯаи китоб ва асарҳои илмии тиббӣ табиатшиноси англис сэр Ҳанс Слоун ба вуҷуд омада, дар аввал танҳо ҳамчун осорхона кор мекард. Сэр Слоун инчунин раиси Анҷумани салтанатӣ буд. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки дар коллексияҳои ӯ дастнависҳои хеле арзишманд мавҷуданд. Пас аз марги ӯ соли 1753, подшоҳи Англия Ҷорҷ II идеяи таъсиси осорхонаи китобҳоро дастгирӣ намуд.
Осорхона ҳамчун китобхона соли 1973 ба фаъолият оғоз кард ва пас аз даҳ сол, маҷмӯаи сабтҳои овозӣ, ки шумораашон беш аз як миллион диск ва ҳазорҳо филмро дар бар мегирад, ба бойгонии он интиқол ёфт.
Имрӯз, Китобхонаи Британия ҳамчун як маркази илмӣ амал мекунад. Обуна ба он чандон душвор нест – шумо танҳо бояд корти хонандагиро пешниҳод кунед ва сабти номи худро тасдиқ кунед. Гузашта аз ин, дар сомонаи китобхона бисёр китобҳо ва дастнависҳои пурарзиш дастрасанд. Муассиса инчунин тасмим гирифтааст, ки қариб ҳамаи мақолаҳои илмӣ ва нашрияҳои нодире, ки дар байни меҳмонон машҳуранд, ба формати электронӣ табдил диҳад.
Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ дар толори хониши китобхонаи Британия К. Маркс ва В. Ленинро аксар вақт дар ҳолати корӣ мушоҳида менамуданд. Аз ин рӯ,чунин эҳсосе миёни ҷомеаи англисӣ вуҷуд дорад, ки ҳар нафар метавонад ба китобхона рафта, худро ҳамчун як шахси машҳур эҳсос намояд ва шояд дар нигоҳдории асарҳои худ дар бойгонии он саҳм гузорад.
Чуноне гуфтем яке аз қисматҳои Китобхонаи Британия рузномаҳо мебошад ва он дар Лондон ҷойгир буда, маҷмӯи 50000 рӯзнома ва маҷаллаҳои саросари ҷаҳонро дар бар мегирад.
Китобхона 170 миллион ашё дорад. То 31 марти соли 2012 дар феҳристи китобхонаҳо 109 млн мавод мавҷуд буд, ки аз инҳо: 66,3 млн патент; 14,3 млн китоб; 10,4 млн унвон дар микро-медиа; 8,3 млн ҳуҷҷати филателӣ; 4,5 млн корт; 1,6 млн нотаи чопӣ; 1,5 млн диски аудиоӣ; 78787 серия филм; 357986 дастнавис ва ашёҳои таърихиро дар бар мегирад, ки ба 2000 сол пеш аз милод таалуқ доранд. Фонди китобхона ҳар сол тақрибан се миллион адад зиёд мешавад.
Дастрасӣ ба толори хониши китобхона ройгон буда, бидуни маҳдудияти синну сол аст, аммо тибқи таҷрибаи муқараргардида хонандагони то синни 18-сола, ки метавонанд аз фондҳои китобхонаҳои дигар истифода баранд, ба толор роҳ дода намешаванд. Толори китобхона дорои ҳуҷраи зиёда аз 1200 ҷой мебошад. Хонандагоне, ки бо таҳқиқоти илмӣ машғуланд, корти китобхонаро дастрас карда ва ба онҳо имкон медиҳад, ки ба коллексияи Китобхонаи Британия кор кунанд. Толорҳои хониш барои истифодабарандагон аҳамияти калон доранд, зеро ягона ҷое мебошад, ки хонандагон маводи фармоиширо хонда метавонанд, ҳатто аз шуъбаи абонимент баъзе манбаъҳои зарурӣ, ки ба хонанда лозим аст, дастраси карда наметавонанд.
Вақте сухан дар мавриди шуъбаи абонименти китобхона меравад, фаъолияти маркази абонименти байни китобхонаҳои Британия бояд махсус қайд шавад. Муҳимтарин марказе, ки дар саросари ҷаҳон дар заминаи АБК фаъолият дорад бахши абонементи байни китобхонаи Британия аст. Ин марказ дар Англия байни шаҳрҳои «Литз ва Юрк» воқеъ шуда, дорои беш аз 3 млн ҷилд китоб, 242 ҳазор унвон нашрия ва беш аз 4 милион санад ба сурати микроформ аст ва ба маҷмӯаи 700 китобхонаи тахассусии дигар низ, дастрасӣ дорад. Ин марказ рўзона 14 ҳазор дархост дарёфт мекунад, ки 89 дарсади онҳоро ба манобеи худ ва 4 дарсадро аз тариқи манобеи китобхонаҳои дигар ба муроҷиин мерасонад. 25 дарсади кулли ин дархостҳо марбут ба хориҷ аз Англия мебошад. Гирдоварии манобеи ин марказ бар асоси ниёзҳои муассисаҳои омўзишии олӣ, таҳқиқотӣ, бозоргонӣ ва санъатӣ мебошад. Нашриётҳо бидуни ҳеҷ маҳдудияти мавзўӣ, забонӣ ва маконӣ гирдоварӣ мешаванд. Аз 242 ҳазор унвонҳои маҷаллаи мавҷудбуда дар марказ, 47 ҳазор унвонро нашриёти ҷорӣ ташкил медиҳад. Илова бар ин, марказ ба гирдоварии иттилои зер низ, мепардозад:
– анвои нотаҳои мусиқӣ барои посухгуйӣ ба ниёзи истифодабарандагон;
– паёмномаҳои пазируфташуда тавассути донишгоҳои Британия ба сурати микроформа;
– манобеи забонҳои славянӣ шомили русӣ, украинӣ, булғорӣ, белорусӣ, сербӣ ва ғайра;
– манобеи шарқи шомили ҷопонӣ, чинӣ, ҳонконгӣ, куриёӣ ва тайвонӣ;
– гузориши конфронсҳои муҳим бидуни ҳеч маҳдудияти мавзўӣ, забонӣ ва шакле ба истиснои маводи шунавоӣ ва биноӣ;
– гузоришҳо ва интишороти расмӣ ва давлатӣ дар тамоми заминаҳо;
– гузоришҳои таҳқиқӣ аз вазъияти бозор;
– пайвастҳои мақолоти ирсолшуда тавассути сардабирони маҷалла барои нигоҳдорӣ дар марказ;
– маҷмуаи ҷомеъи нусхаҳои хаттии мавҷуда дар Аврупо ба сурати микроформ;
– маҷмуаи рўзномаҳо ба сурати микроформ ва достонҳои классикӣ;
– сабти номаҳо ба забони англисӣ ё тарҷумашуда ба забони англисӣ;
– китобҳои чопшуда дар солҳои қабл аз 1801 ба сурати микроформ;
– маҷмуаи нақшаҳои ҷуғрофи қадимӣ ва чопӣ.
Аз моҳи декабри соли 1987 Китобхонаи Британия бо истифода аз пойгоҳ (сомона)- и иттилоотии «Близ» хадамоти худкори худро роҳандозӣ кард, истифодабарандагон аз тариқи ин пойгоҳ иттилооти китобшиносиро ба сурати даруни хаттӣ ҷустуҷў мекунанд ва асли мақоларо ба таври худкор аз бахши АБК- и Британия дархост менамоянд. Илова бар ироаи хадамоти зер, бахши АБК-и Британия феҳристҳои дархостшудаи китобҳо ва конфронсҳои мавҷударо ба сурати дискҳои нурӣ ба истифодабарандагон арза медоранд.
Чанд маълумоти аҷиби дигар дар бораи китобхонаи Британия: дар осорхонаи Британияи Кабир беш аз ҳазор лулакитобҳои папирусӣ мавҷуд аст. Байни ин китобҳо таҳти унвони “Папирус Гариса” лулакитобест муҳташам. Андозаи дарозии варақи яклухти вай ба 45 метр мерасад.
Соли 1963 ба осорхонаи Британияи Кабир (Лондон) китоби қадимаеро тӯҳфа карданд. Таҳқиқотчиён ба он «Китоби хомӯш» ном доданд. «Китоби хомӯш» таърихи аҷибе доштааст. Вай се ҳазор сол дар яке аз сағонаҳои сангини соҳили дарёи Нил хобида будааст.
Дар осорхонаи Британияи Кабир (Лондон) китоби қадимаи буддоиҳо нигоҳ дошта мешавад. Вай дар 236 барги дарахти хурмо таълиф шудааст.
Таълифи Надирамоҳ Боқизода, мутахассиси шӯъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.