Нигоҳе ба фаъолияти илмии шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ

шуъбаи-илмӣ-методӣКитоб манбаи илму дониш ва сарчашмаи дарёи ақл аст. Он васоили муҳими ахбори оммавӣ, илмӣ-техникӣ, аслиҳаи пўрзўри муборизаи сиёсию идеологӣ дар паҳнкунӣ ва тарғиби дониш, маълумот ва тарбия ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобу китобхона таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Китобхонаи миллӣ фаъолияти босамарро пеша кардааст. Махсусан имрўзҳо таваҷҷуҳи зиёди Пешвои миллат ба китоб ва китобхона дода шудааст, ки масъулияти мо кормандони китобхонаро дучанд менамояд, аз ин лиҳоз мо бояд ҳамеша дар роҳи хештаншиносӣ, худшиносӣ ва ватанпарвариву ватанхоҳӣ камари ҳиммат бибандему наврасону ҷавонони маллатамонро раҳнамо созем.

Имрўз Китобхонаи миллӣ тамоми шароитҳоро дорост, хонандагон, илмомўзон ва пажўҳишгарон метавонанд маводи дилхоҳашонро ба осонӣ пайдо кунанд. Дар тўли 10 соли охир бо тағйири бинои нави китобхона ташаккул ва рушду пешравиҳои назаррас ба даст омадааст. Китобхонаи миллӣ ҳамеша дар такмил ва ғанигардонии фонди хеш мебошад.

Шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ яке аз сохторҳои асосии китобхона ба шумор рафта, мақсаду мароми он ба роҳ мондани корҳои илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ дар самти китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, таърихи китоб ва иттилоотшиносии тоҷик  миёни китобдорон ва истифодабарандагон мебошад.

Шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ аз моҳи августи соли 1969 фаъолият мекунад. Тўли ин фаъолияти пурсамар корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст, ки ин ба пешрафти кору фаъолияти кормандони соҳа мусоидат намуда, ба хонандагон ва истифодабарандагон ҳам як осонӣ пеш меорад.

Дар ин навишта кӯшиш шудааст, ки нигоҳе ба нашрҳои шуъба дар давоми даҳ соли охир андухта шавад. Дар зер чанде аз дастурҳои омода ва чопнамудаи шуъбаро ба хонандагон пешкаш менамоем:

“Нобиғаҳои ҳама давру замон” Феҳристи адабиёт аз силсилаи “Класскиони адабиёти тоҷику форс” дар ҳамкорӣ бо шуъбаи библиографияи миллӣ нашр шудааст, ки аз 3 қисми ҷудогона иборат аст.

Қисми дуюми дастур ба осори Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Зайниддн Восифӣ, Зебуниссо ва Мирзо Бедил бахшида шудааст. Ҳар як феҳрист бо пешгуфтори мухтасар, зиндагиномаи адиб ва рўйхати осори онҳо пешниҳод мегардад. Мураттиб – муҳаррир Ҷ. Раҷабов; Зери назари умумии Ш. Комилзода; Таҳиягарони феҳристҳо С. Саидова, С Иброҳимова, Н. Валиева; Муаллифони мақолаи муқаддимавӣ Ҷ. Раҷабов, М.Ҳ. Навид; КМТ. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 50 с.

Қисми сеюми дастур ба се нобиға Бадриддин Ҳилолӣ, Сайиидои Насафӣ ва Абдурраҳмон Мушфиқӣ бахшида шудааст. Дар феҳристҳо осори ниёгон бо тарзи жанри адабӣ ва адабиёт нисбати рўзгору ашъорашон ба тартиби солшуморӣ дар дохил бо алифбо пешкаш мешавад.  Мураттиб ва муҳаррир Ҷ. Раҷабов; Зери назари умумии Ш. Комилзода; Таҳиягарони феҳристҳо С. Саидова, С. Иброҳимова, Н. Валиева; КМТ. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 27 с.

Истифодаи навгониҳои соҳаи китобдорӣ тавассути техналогияи итилоотии муосир. Дастури услубӣ / Мураттибон Ҷ. Валиев, Г. Шукурова; Муҳаррир Ҷ. Раҷабов; КМТ. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 43 с.

Китобхонаи электронӣ ва дастёбӣ ба он. Дастури методӣ барои китобдорон / Мураттибон М. Каримов, П. Қадимова; Муҳаррир Ҷ. Раҷабов; Китобхонаи миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2014. – 44 с.

Адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон

Феҳристи адабиёти солҳои 2008-2013. Зери назари умумии академик Носирҷон Салимов. Д-2014. 450с.

Феҳристи мазкур идомаи рўйхати библиографии “Адабиёти нав  доир ба фарҳанг ва ва санъати РСС Тоҷикистон” мебошад.  Дар он беш аз 3680 номгўи китобу мақолоти матбуот  ба масоили соҳаҳои фарҳангу ҳунари ҷумҳурӣ, ки солҳои 2008-2013 ба забонҳои тоҷикиву русӣ ба табъ расидаанд, инъикос ёфтаанд. Он барои кормандону пажўҳишгарони соҳаи фарҳанг ва ҳунар, васоити ахбори омма, синамогарону кормандони сирк, рўзноманигорон ва гуруҳи васеи муштариёну дилбохтагони фарҳангу ҳунари тоҷик таҳия шуда, аз чор бахш иборат аст. Бахши якуми он  фарҳанг ва фарҳангшиносӣ, бахши дуюм санъат ва санъатшиносиро дар бар мегиранд. Бахши сеюм бошад театрҳои касбиро муаррифӣ мекунад. Дар охири китоб кўмакфеҳристи ашхос аз рўйи алифбоӣ мураттаб шудааст.

Арбобони илми тоҷик (асри ХХ– аввали асри ХХI)/ Муаллиф – мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ: Зери назари А. Мирализода; Муҳаррирони масъул Г. Маҳмудов. Ф. Аминов. – Душанбе, 2018. –839 с.

Ногуфта намонад, ки яке аз дастовардҳои беназир, ки аз ҷониби кормандони ШИМТ таҳия ва нашр гардид, китоби «Арбобони илми тоҷик» (асри ХХ – аввали асри ХХI) мебошад, ки он зиёда аз 1600 нафар шахсони намоён ва пажўҳишгарону унвондорони кишварро муаррифӣ мекунад. Дар он оиди олимону зодагони парвардагони диёрамон, ҳамчунин нафарони дар Тоҷикистон кору зиндагӣ карда ва олимони хориҷи ҷумҳурӣ, ки меҳвари аслии таҳқиқоташро соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми диёрамонро (забону адабиёт, таърих, ҷуғрофия, биологияю геология ва ғайра) ташкил медиҳад, ҳастанд. Дар аввал мухтасари тарҷумаи ҳол ба дунболи он фишурдаи равияи илмӣ ё мавзўи асосии таҳқиқоти олим ва дар охир осору адабиёт ҷой дода шудаанд. Дар қисмати Осор ва Адабиёт фақат китобу рисола, дастуру нишондиҳандаи таълимию методӣ (чизе ки дар шакли китоби алоҳида нашр шудааст) пешниҳод мегардад. Мутаассифона, бо сабабҳои гуногун дарёфти пурраи осори қисмате аз олимон муяссар нагардид. Дар қисмати Осор ному насаби ҳам муаллифон оварда намешаванд. Ному насаби олимон бо тартиби алифбо омадааст. Насаб чун моддаи асосӣ бо ҳуруфи сиёҳи рост, аммо ном ва номи падар бо ҳуруфити муқаррарӣ навишта мешавад: Абаев Василий Иванович. Ному насаби тоҷикӣ бо ҳуруфи сиёҳи рост, масалан: Салими Хатлонӣ меояд. Афроде, ки тағйири ном кардаанд, ному насаби навашон дар қавсайн гирифта мешавад: масалан Зоиров Ҷўрахон Маҷидович (Маҷидзода Ҷўрахон Зоир). Баъди ном, номи падар, куния – рўз, моҳ сол, ва ҷойи таваллуд, инчунин санаи вафот (агар маълум бошанд), баъдан дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳою ҷоизаҳои давлатӣ зикр меёбанд.

Дастоварди дигаре, ки ҳар сол рўи чоп меояд «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими ҶТ» мебошад.

Тақвим санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2021) / Мураттибон Ф. Аминов, С. Гулов; Зери назари Ҷ. Х. Файзализода; Муҳаррирон Г. Маҳмудов, З. Гулмурод. – Душанбе: « Эрграф», 2020. – 224с.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон нашри «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро идома мебахшад. Чопи он соли аз 1964 сарчашма мегирад, ба истиснои солҳои 1993-1996 ҳар сол ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои истифодабарандагон пешниҳод мешуд. Зимнан, нусхаҳои электронии «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2012-2021 дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон (www. kmt.tj) интишор ёфтаанд.

Усулҳои нигоҳдории фонди китобхона. (Дастури таълимӣ-методӣ) саоли 2022 рўйи чоп омад, ки аз ҷониби Зафари Гулмурод ва Шукрона Каримзода омода гардидааст. Он аз 55  саҳифа иборат буда, он барои  тарзи дуруст ва усули хуби нигоҳдории китобҳо таҳия шудааст. Дастур барои китобхонаҳо ва донишҷўёну мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва китобхонашиносӣ ёрирасони беминнате хоҳад буд. Дарвоқеъ  китобхонаҳои кишвар барои боз ҳам беҳтару хубтар ва босифат нигоҳдошти фонди худ ба чунин як дастуре ниёз доранд, бинобар ин дастур саривақтӣ буда, дар соҳаи китобдорӣ ёрирасони беминнате хоҳад буд.

Маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолии Ҳошим Гадо.  2023 – 124 с.

Китобномаи мазкур аз ҷониби Н. Даниярова мураттаб шуда,  ба ифтихори 85-солагии зодрўзи яке аз асосгузорони санъати тевтр ва кинои тоҷик, актёр, режиссёр, Ҳунарманди халқии СССР, Аълочии маданияти СССР, дорандаи ҷоизаи ҳунарии Аноҳита, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ, Дорандаи ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори фахрии Федератсияи Русия Ҳошим Гадо таҳия шудааст.

Дар маҷмуаи мазкур мақолаҳои олимону эҷодкорон ва сиёсатшиносону ҳунармандон оид ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Ҳошим Гадо, осорнома ва адаюиёт роҷеъ ба рўзгор ва фаъолияти илмии ў фароҳам оварда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шуъба дар роҳи таҳқиқи ҳамаҷонибаи соҳаи китобдорӣ фаъолият менамояд. Мо ҳамеша пайи ҷустуҷўи роҳи нави хидматрасонӣ, муайян намудани китобҳои дархостшаванда ва ба ин роҳ такмил бахшидани фонди китобхона ва як силсила дастурҳои методию библиографӣ кўшиш ба харҷ медиҳем.

Сафаргул ҲУСАЙНОВА,
сармутахассиси шуъбаи
илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ.