Нигоҳе ба Рўзи китоб
Дар ҳаёти имрўзаи мо бо вуҷуди инкишофу рушди босуръати технологияҳои навин мақоми китоб ва мавқеи он дар ҷой аввал меистад ва нигоҳдорандаи асосию манбаи дониш ҳамеша китоб мемонад.
Китоб неъмати бебаҳо, манбаи илму дониш, неруи бузурги рушди зеҳнии инсон, шиносномаи миллат, табиби ҳозиқ, дўсти беминнат, оинаи таърих, калиди дари ганҷи сухан ва нигоҳдорандаи таърихи тамаддуни миллат ва ояндаи насли башар аст.
Китоб- ҳамчун арзишмандтарин муъҷизаи зеҳнии инсон, садсолаҳо ва асрҳо номи неки бузургон, шоирон, нависандагон, олимон, ходимони сиёсиву ҷамъиятии гузаштаро зинда нигоҳ медорад. Арзишҳои фарҳангӣ ва осори пурғановати ниёгонамон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки миллати тоҷик аз замонҳои гузашта то ба имрўз китобдўст мебошанд. Ниёгони мо дар соҳаи илм ва ҳаёт беҳтарин китобҳоро офаридаанд, ки “Авесто”, “Шоҳнома”, “Ал-қонун”, “Гулистон”, “Бӯстон”, “Маснавии маънави”, “Баҳористон”, ва садҳо асарҳои дигари оламшумул аз он ҷумлаанд. Ин китобҳо на танҳо ба мардуми мо, балки ба аҳли башар хидмати шоиста карда, дар ганҷинаи тамаддуни ҷаҳон ҷойгоҳи хос дорад.
Имрўзҳо аз он ифтихормандем, ки дар фазои истиқлол умр ба сар мебарем ва Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ба соҳаи китобу китобдорӣ диққати махсус медиҳанд. Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар, ба китобдорону китобдўстон Китобхонаи миллӣ ва чандин китобхонаҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Китбхона ин макони нигоҳдорандаи арзишҳои миллии таъриху тамаддуни миллат ва бунёдгузори рушду такомул ва зеҳнии маърифати шаҳрвандон мебошад.
Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои имллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон соли панҷум аст, ки озмуни «Фурўғи субҳи доной китоб аст» ташкил ва гузаронида мешавад, ки ин боз ҳам таваҷҷуҳи қишрҳои гуногуни аҳолиро ба китобхона ва китобхонӣ бештар менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 4-уми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Ин ҷашн соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон эълон гардида буд.
Бахусус ин рўз дар Китобхонаи миллӣ ба таври хос таҷлил мегардад.Бояд қайд, ки бахшида ба «Рўзи китоб» дар Китобхонаи миллӣ дар саҳни бино намоиши китоб ва «Рўзи дарҳои кушод» доир мегардад, ки дӯстдорону хоҳишмандон метавонанд дар ин рўз ба шароит ва фаъолияти бахшу шуъбаҳои Китобхона аз наздик шинос шаванд Ин ҳам як воситаи боз ҳам ҷалби оммаи васеи аҳолӣ ба китобхонӣ мебошад.
Умедворем, ки имрўз ҷавонони мо аз ғамхориҳои давлату ҳукумат изҳори сипос менамоянд ва бо мутолиаи китоб донишу заковати худро баланд бардошта, дар пешрафту тараққии давлати соҳибистиқлоламон камари ҳиммат мебанданд.
Неъматулло МИРЗОАЛИЕВ