Нишасте ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ

Забони модарӣ ва давлатӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллат маҳсуб меёбад. Миллат бидуни забон вуҷуд дошта наметавонад, зеро маҳз забон воситаи асосии муошират, интиқоли афкор, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллӣ мебошад.

Доир ба Рӯзи забони давлатӣ ки рузҳои бешумор мондааст,  имруз дар Китобхонаи миллӣ вохурии ёрдамчии муовини якуми раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии тоҷикистон Неъматзода Муҳаммадшариф Саидхуҷа бо кормандон баргузор шуд, ки атрофи забони ноби тоҷикӣ ва рушди он сӯҳбат гузаронида шуд.

Зикр гардид, ки ҳифз ва гиромидошти забони давлатӣ танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд аст. Ҳар як тоҷик бояд бо ифтихор забони модариашро омӯзад, онро бо ҳама зебоияш истифода барад ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонад. Зеро забон ҷузъи муҳими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки  забони давлатӣ – забони тоҷикӣ омили ваҳдат, пойдорӣ ва рушди давлат аст. Бо эҳтиром ва истифодаи дурусти он мо на танҳо фарҳангу таърихи худро пос медорем, балки ба ояндаи миллату давлати худ саҳми арзанда мегузорем.