Низомии Арӯзии Самарқандӣ. Ҳикоёти наводир

“Маҷмаъ-ун-наводир” ё “Чаҳор мақола”, ки дар асри XII ба майдон омадааст, аз намунаҳои хуби насри то инқилобии мост. Асри XII давраи ташаккул ёфтани насри форсу тоҷик буд. Дар ин аср амсоли “Калила ва Димна”- и Насруллоҳи Абулмаолӣ, “Синдбоднома”-и Заҳирии Самарқандӣ, “Хираднома”, “Самаки айёр”,”Доробнома” як силсила асарҳои мансур таълиф шудаанд. Осори мансури ин давр ҳам аз ҷиҳати шакл ҷолиби диққат мебошад. Маҳз дар ҳамин аср насри бадеӣ аз насри илмиву таърих ҷудо шуда, хусусияти хосе касб кардааст, ки дар ин бобат асари Арӯзии Самарқандӣ мавқеи босазое дошт.

Ҳикоятҳои “Маҷмаъ-ун-наводир” аз дигар асарҳои насрии ин аср бо он фарқ мекунанд, ки дар онҳо ҳодиса ва далелҳои воқеӣ бо тахайюли бадеии нависанда тасвир ёфтаанд.

“Маҷмаъ-ун- наводир” ба қалами Аҳмад бинни Умар бинни Алии Низоммии Арӯзии Самарқандӣ тааллуқ дорад. Арӯзӣ дар охири асри XI дар Самарқанд таваллуд шуда, қисми асосии умри худро дар шаҳрҳои дурдасти кӯҳистони Бомиён гузаронидааст. Арӯзӣ аз фозилони давр буда, аз адабиёт, арӯз, дабирӣ ва дигар илмҳои адабӣ огоҳии тамом дошт. Зоҳиран, Арӯзӣ як миқдор шеър ҳам дорад, аммо номи ӯ дар таърихи адабиёт асосан бо “Маҷмаъ-ун-наводир” шӯҳрат ёфтааст. Асари мазкур дар байни солҳои 1156-1157 дар Бомиён таълиф шуда, аз чор фасл иборат мебошад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ин асар бо номи “Чаҳор мақола” низ маъруф аст. Дар китоб зиёда аз чиҳил ҳикоят гирд омадааст.

“Маҷмаъ-ун-наводир” аз ҷиҳати мазмуну ғоя низ ҷолиби диққат аст: мақсади муаллиф дар ин асар ҳимоят кардани ҳуқуқу эътибори зиёиён мебошад. Дар фасли асар аз ҳаёту фазилати як табақаи зиёиён ҳикоятҳо оварда мешавад. Боби аввал ба пешаи дабирӣ, боби дуюм оид ба шеъру шоирӣ,  боби сеюм ба мунаҷҷимон ва боби охирон ба табибон бахшида шудааст. Арӯзӣ мавқеи зиёиёнро дар асари худ хеле баланд бардошта, чунин овардааст: “То подшоҳро маълум гардад ва равшан шавад, ки дабирӣ на хурд корест ва шоирӣ на андак шуғле ва нуҷум илми зарурист ва тансиҳатӣ ногузир аст”.

“Маҷмаъ-ун-наводир” ё “Чаҳор мақола” дар боби омӯхтани таърихи адабиёт ва махсусан шаҳри ҳоли шоирони то асри XII низ сарчашмаи хубест. Дар ҳикоятҳои ба Абулқосим Фирдавсӣ, Масъуди Саъди Салмон, Фаррухӣ ва ғайра бахшида шуда фоҷиаи ”шоир ва дарбор” равшан ба назар мерасад.

Инак, чанд ҳикояте аз “Маҷмаъ-ун-наводир” ба мутолиаи хонандагони гиромӣ тақдим мешавад.

Юсуф Салимов

ҲИКОЯТИ АМИРИ МУИЗЗӢ

Дар санаи панҷсаду даҳум…  Санҷар бинни Маликшоҳ ба ҳадди Тӯс ба дашти Тӯруқ баҳор дод ва ду моҳ он ҷо муқом кард ва ман аз Ҳарӣ ба сабили интиҷоъ (талаби мукофот) ба он ҳазрат пайвастам ва надоштам аз баргу таҷаммул ҳеҷ. Қасидае бигуфтам ва ба назди Амирушшуаро Муиззӣ рафтам ва ифтитоҳ бар ӯ кардам ва шеъри ман бидиду аз чанд навъ маро барсахт (санҷид), ба муроди ӯ омадам.

Бузургиҳо фармуд ва меҳтариҳо воҷиб дошт. Рӯзе пеши ӯ аз рӯзгор истизодате ҳаменамудам ва гила ҳамекардам. Маро дил дод ва гуфт:

– Ту дар ин илм ранҷ бурдаӣ ва тамом ҳосил кардаӣ. Онро ҳар оина асаре бошад. Ва ҳоли ман ҳамчунин буд. Ва ҳаргиз ҳеҷ шеъре нексаноеъ, (бенатиҷа) намондааст ва ту дар ин саноат ҳаззе (баҳра) дорӣ ва (шеъри ту) сахт ҳамвор ва азб аст ва рӯй дар тараққӣ дорад. Бош, то бубинӣ, ки аз ин илм некӯиҳо бинӣ ва агар рӯзгор дар ибтидо мазояқате (тангӣ) намояд, дар сониюлҳол кор ба муроди ту гардад. Ва падари ман Амирушшуаро Бурҳонӣ дар аввали давлати Маликшоҳ ба шаҳри Қазвин аз олами фано ба олами бақо тавҳил кард ва дар он қитъа, ки сахт маъруф аст, маро ба Султон Маликшоҳ супурд  дар ин байт:

Ман рафтаму фарзанди ман омад халафи сидқ

Ӯро ба худову ба худованд супурдам.

Пас ҷомагиву аҷро (моҳона)-и падар ба ман таҳвил афтод ва шоири Маликшоҳ шудам ва соле дар хидмати подшоҳ рӯзгор гузоштам, ки ҷуз вақте аз дур ӯро натавонистам дидан ва аз аҷро ва ҷомагӣ як ману як динор наёфтам ва харҷи ман зиёдтар шуд ва вом ба гардани ман даромад ва кор дар сари ман печид. Ва хоҷаи бузург Низомулмулк дар ҳаққи шеър эътиқоде надоштӣ, аз он ки дар маърифати ӯ даст надошт ва аз аимма (имомҳо) ва мутасаввифа ба ҳеҷ кас намепардохт.  Рӯзе ки фардои он рамазонхост буд, ман аз ҷумлаи харҷи рамазонӣ ва идӣ донге (як пули сиёҳ) надоштам. Дар он дилтангӣ ба назди Алоуддавла Амири Алии Фаромурз рафтам, ки подшоҳзода буд ва шеърдӯст ва надими хоси Султон буд ва домоди ӯ, ҳурмати тамом дошт ва густох буд ва дар он давлат мансаби бузург ва маро тарбият кардӣ.

Гуфтам:

– Зиндагонии худованд дароз бод. На ҳар коре ки падар битавонад кард, писар битавонад кард, бо он чӣ падарро бибояд, писарро бибояд. Падари ман марде ҷалд ва шаҳим буд ва дар ин саноат пурзавқ. Ва худованди ҷаҳон султони шаҳид Алп Арслонро дар ҳаққи ӯ эътиқоде будӣ, он чӣ аз ӯ омад, аз ман ҳаменаёяд. Маро ҳаёе манноъ (манъкунанда) аст ва нозуктаъбӣ бо он ёр аст. Як сол хидмат кардам ва ҳазор динор вом баровардам ва донге наёфтам. Дастурӣ хоҳ бандаро, то ба Нишобур боз гардад ва вом бигузорад ва бо он боқӣ, ки бимонад, ҳамесозад ва давлати қоҳираро дуое ҳамегӯяд.

Амири Алӣ гуфт:

Рост гуфтӣ, ҳама тақсир кардаем, баъд аз ин накунем. Султон намози шом ба моҳ дидан ояд. Бояд ки он ҷо ҳозир бошӣ, то рӯзгор чӣ даст диҳад.

Ҳоле сад динорам фармуд, то барги рамазон созам ва барфавр муҳре (киса) биёварданд сад динори нишонбурӣ ва пеши ман ниҳоданд. Азим шодмона боз гаштам ва барги рамазон бифармудам ва намози дигар ба дари саропардаи султон шудам. Қазоро, Алоуддавла ҳамон соат даррасид. Хидмат кардам.

Гуфт:

– Сара кардӣ ва ба вақт омадӣ. Пас фуруд омад ва пеши Султон шуд.

Офтоби зард Султон аз саропарда бадор омад камони гуруҳае дар даст, Алоуддавла бар рост. Ман бидавидам ва хидмат кардам. Амири Алӣ некӯиҳо пайваст ва ба моҳ дидан машғул шуданд ва аввал касе ки моҳ  дид, султон буд. Азим шодмона шуд. Алоуддавла маро гуфт:

-Писари Бурҳонӣ, дар ин моҳи нав чизе бигӯй.  Ман барфавр ин ду байте бигуфтам:

Эй моҳ, чу абрувони ёрӣ, гуё,

Ё не, чу камони шаҳриёрӣ, гӯё,

Наъле зада аз зарри иёрӣ, гӯё,

Дар гӯши сипеҳр гӯшворӣ, гӯё.

Чун арза кардам Амири Алӣ бисёре таҳсин кард.

Султон гуфт:

-Бирав, аз охур ҳар кадом асп, ки хоҳӣ, бикушой ва дар ин ҳолат бар канори охур будем. Амири Алӣ аспе номзад кард, биёварданд ва ба касони ман доданд-аризидӣ сесад динори нишобурӣ…  Бар хон (дар сари дастархон) Амири Алӣ гуфт:

-Писари Бурҳонӣ, дар ин ташрифе, ки худованди ҷаҳон фармуд, ҳеҷ нагуфтӣ, ҳоле ду байте бигӯ. Ман бар пой ҷастам ва хидмат кардам ва чунон ки омад, ҳоле ин ду байт бигуфтам:

Чун оташи хотири маро шоҳ бидид,

Аз хок маро ба зарбаи моҳ кашид,

Чун об яке тарона аз ман бишнид,

Чун бод яке маркаби хосам бахшид.

Чун ин ду байте адо кардам, Алоуддавла аҳсантҳо кард ва ба сабаби аҳсанати ӯ султон маро ҳазор динор фармуд.

Алоуддавла гуфт:

Ҷомагӣ ва аҷрош нарасидааст, фардо бар домани хоҷа хоҳам нишаст, то ҷомагияш аз хазона бифармояд ва аҷрош бар сипоҳон нависад…

(Султон) гуфт:

– … ӯро ба лақаби ман боз хонед. Ва лақаби Султон Муизуддунё вад-дин  буд. Амири Алӣ маро “Хоҷа Муиззӣ” хонд.

Султон гуфт: “Амир Муиззӣ”.

Он бузурги бузургзода чунон сохт, ки дигар рӯз намози пешин ҳазор динори бахшида ва ҳазору дувист динори ҷомагӣ ва барот  (фармоннома)-и низ ҳазор ман ғалла ба ман расида буд ва чун моҳи рамазон берун шуд, маро ба маҷлис хонд ва бо султон надим кард ва иқболи ман руй дар тараққӣ ниҳод ва баъд аз он пайваста тимор (ғамхорӣ) –и ман ҳамедошт…

(Идома дорад)

МАНБАЪ: “Садои шарқ”, соли 1970 №10

Таҳияи Бунафша Абдуллозода,
мутахассис пешбари шуъбаи
матбуоти даврӣ.