Номаҳои Ҳаким Карим ба Ҷалол Икромӣ. Идома
“Рафиқи азизам Ҷалолхон!
Салом. Рўзи 26-ўм мактуби дар 19-ўм навиштаатро гирифтам. Бисёр хурсанд шудам. Чанд вақт боз аз ту хату хабар набуд, ниҳоят ҳайрон ва аз ҳайрони гузашта чурт-чурт шуда будам. Не, хатат омаду андак кайфият ба ҷояш омад…
Ду калима аз хусуси романи Абдухолиқзода шунав: мувофиқи гуфтугў ман мебоист романи мазкурро дар моҳи май тайёр карда месупоридам. Лекин дирўз аз рафиқ Худойбердиев (мудири шуъбаи адабиёти бадеии Нашриёт Ҷ.И.) барои имзо договорҳоро гирифтам, ки срокаш (муддаташ) бо 15 март таъин карда шудааст ва ғайра аз он. Аз ҳисоби ҳаққи автор (муаллиф) бо муҳаррир 100 сўмӣ гирифта медоданд. Ба ин шартҳо розӣ нашуда, ба тоҷгиз договорро пас фиристодам. Агар романро ба тоҷгиз супорида бошӣ, бисёр кори нағз кардӣ. Бигузор ягон шахси дасташ холитар кор карда диҳад. (Баъдтар ин корро Раҳим Ҷалил ба анҷом расонида, пеш аз ҷанг ба нашриёт супурда буд. Лекин ҷанг сар шуда монду дастнависи тайёр ҳам аз сандуқҳои нашриёт барҳам хўрд- Ҷ.И.)
Дина дар баробари мактуби ту номераи яки журнали “Шарқи Сурх”- ро гирифтам. Ин номера маро бисёр дар тааҷуб мононд. Худаш чӣ гап? Нафаҳмидам ростӣ! Сармақоларо бо диққат хон. Ҳаққиқатан ҳам тааҷҷубовар аст. Ҳикоя бад будааст, пас чаро чоп мекунанд? Кӣ онҳоро маҷбур намудааст, ки чизи бадро чоп кунанд? Охир, одами бад мегуфтагӣ дар номераи ояндааш мақолачае навишта, танқид мекунад, ки тактичний мешавад. Охир, хонанда намегўяд – мӣ, ки э, муҳаррирони мўҳтарам, ин чиз ки “урён” будааст, пас чаро чоп кардед? Ман дар он ҳикоя “урёнӣ” намебинам. Лекин баъзе ҷоҳояшро ислоҳ мекунам, гуфта вайрон кардаанд. Инашро на танҳо нависанда, балки хонандае, ки ҳикояҳои Ҳаким Каримро хондааст, дарҳол мушоҳида мекунад. Дар дунё ба одамизод инсоф гуфтагӣ гап ҳам даркор аст. То ин дараҷа беинсоф будаанд, ман бехабар будаам. Аз хусуси ҳазли рафиқона ман гап намезанам, худат бину диққат кун. Ин ҳазли рафиқона нест, ин ҳақорат аст. Ин нависандагиро бас кунед гуфтан аст. Росташ, ки нафаҳмидам. Ман аз воқеаҳои андўҳовари соли 37 Сталинободро карда ба Ленинобод кўчида омадам, то ин ки ба баъзе рафиқоне, ки башараам ба онҳо чандон намефорад, халал нарасонам. Акнун дар ин ҷо ҳам зиста, каму беш дар матбуот ва адабиёт иштирок кардани маро намехостагӣ барин менамоянд. Худаш чӣ гап?…
Хайр хабари навро шунав: рафиқ Бурҳонов (Саидвалӣ, он вақт коркуни китобхонаи филиали академия буд- Ҷ.И.) барои Академия китобҳои бисёре харидаанд; адабӣ, динӣ ва фалсафавӣ… Ба дасти ман як китоб афтод. Он ҳам бошад куллиёти шоир Шайдои Хуҷандӣ мебошад. Ин кас дар асри 16 ё 17 гузаштааст. Ин нусха дар ягон китобхона нест.
Тарҷимаи асарҳои Ленинро қариб ба охир расонидам. Тарҷимаи “Революсияи пролетарӣ ва ренегат Каутскиий” маро мўсафед кард, ниҳоят сахт будааст, бо вуҷуди он тамом шуд. Баъди ду рўз як бор дида баромада ба тоҷгиз мефиристам. Ҳоло дар дастам тарҷима бисёр аст. То моҳҳои май давом мекардагӣ барин. Лекин саломатӣ маза надорад. Чунон асабҳо лиққонак шудааст, ки ҳайронам ман, охираш чӣ машавад? Ниҳоят ё девона мешавам, ё фалаҷ шуда хоб мекардагӣ барин менамоям. Ҳамин ки тарҷимаҳои дар дастам будагиро тамом кардам, дигар тарҷимаро бас карданӣ ҳастам. Дигар ин тавр зиндагӣ кардан мумкин нест.
Саломатии ту ҳам мисли тандурустии ман мазза надорад. Ба ҷои истироҳат серкории ту ҳам бемаза аст. Лекин медонам, ки ту ҳам монанди ман маҷбур ҳастӣ, яъне ту ҳам ғуломи оила мебошӣ. Вале бо вуҷуди он харакат кун, кори беруниро камтар кун, бештар бо кори эҷодӣ машғул шудан даркор. Барои ин аввало истироҳат ва ҳатто худро муолиҷа кунондан даркор. Путёвка гирифта барои истироҳат ба Қрим ё Кавказ рав!
Ҳикояти ба соли нав навиштагиат чӣ шуд? Ман дар ҳеҷ ҷо надидам-ку. Ё бо хаёли васеътар кардан нигаҳ дошта мондӣ – мӣ? Васеъ кунӣ мешавад, барои ту душвор нест.
Назар ба қавли рафиқ Бурҳонов, ту котиби журнали “Ҳақиқати Шарқ” (шояд “Шарқи Сурх” бошад – Ҷ.И.) шудаӣ, рост-мӣ? Агар ҳамин гап дуруст бошад, аз як ҷиҳат ин нағз аст, ки дар журнал қисми мансураш бебонӣ намемонад, аз ҷиҳаи дигар мумкин аст, ки ба саломатиат зарар зарар расонад. Фикр кун.
Ман як копейк пул надорам. Неъматуллов, (директори онвақтаи нашриёт –Ҷ.И.) гўё қасдан бошад, ба ман гонорарҳоямро намефиристад. Барои ришгирӣ ва барои поперосхарӣ пул нест. Қарз аз ҳад гузашт. Аз зўрии алами бепулӣ маснавиҳои Ҷалолиддини Румиро хонда шиштам, кайф мекунам.
Масъалаи декада чӣ шуд? Кай ба Москва мераванд? Ман қариб умедамро кандам. Навис, зуд-зуд навишта ист. Аз ман аҳли байтат салом гўй. Рафиқонро пурсу саломи маро расон! Хайр, бо салом ва ҳурмати калон. Ҳакими ту”.
****** ****** *****
“Бародарам Ҷалолхон!
Дина ба Тошкент расидам. Имрўз аз ин ҷо баромада меравам. Ман сиҳат ва саломат. Тандурустии ҳамаи шумо айни муддаост.
Аз ту илтимос: дар даруни чамадони ман се дона китоби Академияи наук ҳаст. Яктааш асари Бартолд. Дуйўмаш як таърихи мағулҳо, ки номи нависандаашро фаромўш кардаам. Сейумаш журнали таърихӣ мебошад. Ҳамин китобҳоро гирифта ба худи академия бурда, ё ба дасти Шарифҷон (Ҳусейнзода) супор, ки бурда диҳад ва албатта дастхат гирифта ба Зариф (Раҷабов) фиристодан даркор, набошад ин мардак дар ин ҷо хуни ҷигар хўрда шиштааст.
Агар аз Ленинобод тасодуфан падарам ё Маҷид (бародараш- Ҷ.И.) омада монанд, тамоми чизҳои маро дода фиристон.
Аз ман ба аҳли хонаводаат ва ҳамаи рафиқон салом гўй. Боз менависам. Хайр, бародрат Ҳаким”.
Баъд чунин илова ҳаст:
“Ба рафиқон Фузайлов (муҳаррири газетаи “Тоҷикистони Сурх”) Ниёзӣ (Фотеҳ – котиби масъули ҳамон газета – Ҷ. И.) салом гўй ва алоҳида гӯй ва таъкид кун, ки новеллаи мо “Таронаи муҳаббат” ин қадар дер намонад. Ман боз “Интиқом” ном ҳикоя мефиристонам-аз роҳ”.
(Давом дорад)
МАНБАЪ: “Садои Шарқ”, соли 1969,№1
Таҳияи мутахасси шуъбаи матбуоти
даврӣ Фараҳнози Тоҳирхон
теги: матбуоти даврӣ