Номинаи адабиёти ҷаҳон барои хурдсолон
Озмуни ҷумҳурияви «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» имрўз оғоз шуд ва мо дар номинаи адабиёти ҷаҳон ҳузур доштем ва бо чанде аз падару модарон ва иштирокдорон суҳбат намудем. Тибқи нақша қарор аст то 1-уми ноябри соли 2023 27 нафар кўдакони аз синфи 1 то 4 дар он ширкат варзанд. То ин лаҳзаҳо, ки мо бо довталабон ва падару модарон ҳамсуҳбат шудем, 10 нафар ширкатдоронро ҳакамон қабул намудаву пурисданд.
Ин наврасон аз пойтахт, вилоятҳо ва навоҳии тобеи кишвар ҳастанд, аз ҷумла шаҳрҳои Исфара, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Роштқалъа, Сино, Бобоҷон Ғафуров, Данғара.
Пурсиши довталабон ҳар гуна буд, масалан иштироккунандаеро имрўз муддати 40 дақиқа пурсиданд. Навраси дигарро 30 дақиқа.
Қобили зикр аст, ки дар озмуни имсол тағйирот ворид гарддид, ки он шумораи бештари довталабон ва дар гурўҳҳои синнусолӣ як нафар барои ғолибони ҷойи сеюм илова гардидааст, ки нисбат ба соли сипаришуда як нафар зиёд аст. Соли гузашта барои ғолибони ҷойи сеюм ду ҷой муқаррар шуда буд.
Имсол дар номинаи мазкур ба сафи доварон Салими Зарафшонфар, Ҳафиз Раҳмон ва Восит Шарифов, ки соли гузашта низ ҳакам буданд, Шамсиддин Солеҳ ва Азимҷон Аминов пайвастанд.
Дар толори номинаи адабиёти ҷаҳон донишҷўёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҳузур доштанд.
Сарвар Эргашев шогирди синфи 4-и литсей барои хонандагони болаёқати ноҳияи Турсунзода аст ва ӯ соли аввал аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат меварзад. Ў далели ширкаташро дар номинаи адабиёти ҷаҳон дар он донист, ки дар синфи русӣ таҳсил дорад. Ў бо ман ба забони русӣ суҳбат намуд ва афзуд, ки доварон ба ӯ иброз доштаанд, ки на ҳамаи роману ҳикояҳоро то охир хондаам. Ман порае аз китобҳоро аз интернет мутолиа намудам, ки барои ин корам ҳакамон изҳори норизоӣ карданд. Ман фикр мекардам, ки баъзе он китобҳо бузурганд аз ин хотир онҳоро нахондам. Доварон ба ман гуфтанд, ки он китобҳо хурд ҳастанд ва бояд онҳоро пурра мехондам.
Сарвар бештар аз 50 китоб хондааст ва зиёдтар «Смешные рассказы», “Умная собачка Соня” писандидааст. Сарвар мегўяд соли дигар ҳам ширкат хоҳад кард.
Сабина Неъматова, хонандаи синфи 4 гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара аст, ки ҳамроҳи омўзгораш омадааст. Ў беш аз 132 китоб хондааст, шеъри «Муҳаббати модар»-и Эраҷ Мирзоро меписандад. Китобҳои бузургро дар 2 рўз мехондааст. Номинаи адабиёти ҷаҳонро ба он хотир баргузидааст, ки дар хона бештар афсонаҳои адибони ҷаҳонро бо забони русӣ мутолиа менамудааст. Китобҳоро аз ноҳияашон, аз китобхонаи марказӣ, китобхонаи гимназия, мактаби президентӣ, аз интернет, пайдо намуда хондааст.
Ёдовар мешавем, ки пагоҳ низ номинаи адабиёти ҷаҳони озмуни мазкур барои кўдакони синфи 1-4 идома хоҳад дошт.
Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.