Носирҷон Азизов: роҳ ба сӯи маъруфият

Азизов Носирҷон (соли таввалуд 1939, деҳаи Варзик, ноҳияи Чусти Ҷумҳурии Ўзбекистон), Артисти хизмаднишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998), мутриб (ғижакӣ), донандаи ҳирфаии мусиқии тоҷик, барандаи ҷоизаи аввалин озмуни мутрибони ҷумҳурӣ (1989).

Хатмкардаи омўзишгоҳи мусиқии Намангон (шўъбаи созҳои миллӣ, 1961) буда ва фаъолияти иҷроияшро дар дастаи мутрибони Театри академии драмавии ба номи Лоҳутӣ (1961 – 63) ба сифати мутриб оғоз намуда, сипас дар дастаҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1963-1977, 2002) идома додааст.

Азизов Носирҷон минбаъд ба сифати мутриб дар дастаи мақомхонони Кумитаи давлатии радио ва телевизони назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон (1977-2002) хидмат намуда ва дар сабти осори мусиқии тоҷик барои хазинаи тиллоӣ саҳми иҷроӣ ба харҷ додааст. Вай аз соли 2002 то имрўз ба сифати омўзгор дар факултаи мусиқии тоҷик (шўбаи мусиқии суннатӣ) Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба ҳунаромўзони ҷавон асос ва ниҳодҳои асили созу овозро меомўзонанд.

Азизов Носирҷон чун иҷрогар ва ҳифзкунандаи беҳтарин арзиш ва ниҳодҳои ҳунари иҷроии устодию мардумӣ низ дар байни мутрибони кишвар эътибори хоса дошта ва дар иҷрои навоҳои мардумию устодонаи «Қаландарӣ»,  «Гуъзорам», «Эшбой», «Насри сегоҳ», «Қўшчинор» ва ғайра маҳорати хоси иҷроӣ ба харҷ додааст. Зимни ин ў мусаннифи чандин навоҳо буда, оҳангҳои “Нолаи дил», «Шўхшанг» дар байни сомеъон эътибори шоиста касб кардаанд.

Азизов Носирҷон иштирокдори чандин ҷашнвораҳои мусиқӣ  буда ва дар ҳайатҳои эҷодии дастаҳои ҳунарии тоҷик ба чандин кишварҳои ҷаҳон сафарҳо (Сурия-1977, Ироқ-1977, Эрон- 1978) карда, санъати рангомези созии тоҷиконро бо тозакориҳои навозандагӣ муаррифӣ намудааст.

Ӯ ҳамчунин иштирокдори симпозиумҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд, 1983, 1987), Душанбе (2007) ва чандин озмунҳои ҷумҳуриявии мутрибон буда, барои маҳорати баланди иҷроӣ, тарғиби суннатҳои асили мероси мусиқии      тоҷикон бо ифтихорномаҳо мушарраф шудааст.

Ад: Бойгонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон;

Кумитаи давлати  радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

МАНБАЪ: “Донишномаи Шашмақом”. Душанбе, соли 2009.

Китоби мазкур аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардумони Ховар (Борбад) зери назари донишманди маъруфти тоҷик Кароматулло Олимов нашр шудааст.

Хоҳишмандон метавонад бо ин китоб дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.

Таҳияи Дилафрӯз Расулова, шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.