Нуралӣ Шарифов: Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат Тоҷикистонро мунаввар сохт
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони мамлакат аз манфиат холӣ намуда, як саҳифаи давлатдории навини тоҷиконро бозгӯйи менамояд.
**** **** *****
Воқеан ҳам, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва торафт мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон истиқлолу озодӣ мафҳуму ҷойгоҳи хосаро касб намуда, ҳифзу нигоҳдошти он сиёсати меҳварии ҳар як давлат гаштааст.
Таърихи мавҷудияти инсон нишон медиҳад, ки барои ҳифзи арзишҳои волои давлатдорӣ аз ҷумла Истиқлол дар лаҳзаҳои бисёр душвору сангин шахсиятҳое ба саҳнаи сиёсат қадам мегузоранд, ки бо иродатмандӣ дар таҳкиму густариши дастовардҳои давлатдориашон нақши бағоят бузург мебозанд.
Хушбахтона, миллати куҳанбунёди тоҷик 34 сол муқаддам ба Истиқлоли давлатӣ шарафёб гардида, роҳи давлатдории навини худро пеша кард. Ин дастоварди арзишманди таърихӣ, ки 9 сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст, орзуи ин миллати ҷафодидаи дар тӯли таърихро амалӣ намуд.
Мутаасифона, дар ибтидоӣ солҳои соҳибистиқлолӣ бинобар сабаби то андозае холи мондани фазои идеологӣ дар мамлакат бо манфиатҷӯйии доираҳои муайян кишвари тоза ба Истиқлол расида, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зиёд аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд, беш аз як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор нафар занону модарон бефарзанду бесаробон монда, дар маҷмуъ, ба иқтисодиёти мамалакат беш аз 10 миллиард доллар зарар расид.
Дуруст аст, ки ҷанг ҳеҷ гоҳ паёмади мусбатро ба худ надорад. Танҳо аз он хисороти калони ҷонию молӣ боқӣ хоҳад монд.
Бинобар сабаби то рафт мураккаб гардидани вазъи сиёсӣ дар мамлакат зимоми давлатдорӣ аз даст рафт ва тамоми шохаҳои ҳокимият пурра фалаҷ гардид, ки охирон умеди мардум ба вакилони Шӯрои Олӣ боқӣ монда буд.
Дар лаҳзаҳои барои кишвар ва миллат душвор баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 дар Қасри Арбоб доир шуд, дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон як рӯйдоди фараҳбахшро сабт намуд, ки роҳи ояндаи давлатро муайян ва пояҳои устувор гузошт.
Бузургтарин дастоварди Иҷлосияи ин бозёфти фарзонафарзанди баруманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки бо ҷасорату далерӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ бори сангину душвор, баргардонидани гурезаҳо, барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар мамлакат ва ҳадяи сулҳ ба миллатро ба дӯш гирифтанд.
Ҳанӯз аз аввалин суханронии худ иброз доштанд, ки “Ман кори худро аз сулҳ оғоз менамоям”, ки ин суханонони пурарзиш ва таъсирбахш ба миллат рӯҳияи умед ба фардои дурахшон бахшид.
Ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад замоне, ки кишвар дар алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт, ягон нафар ба ояндаи дурахшони Ватан бовар надошт, танҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардумро ба сулҳу субот, якдилию якмаромӣ ва ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ҳидоят ва роҳнамоӣ мекарданд.
Табиист, ки маҳз шуҷоату ҷасорат ва дурандешии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ғояи сулҳ ба миён омад ва барои расидан ба Рӯзи ваҳдати миллӣ кӯшишҳои хастанопазирро анҷом доданд.
Таърихи давлатдории навинамон ба некӣ ёд дорад, ки ҳар амали шоистаеро, ки анҷом доданд, ба хотири сарҷамъии мардум, ободии Ватан, тантанаи сулҳ дар Тоҷикистон ва сарбаландии миллати тоҷик буд.
Дар замони феълӣ бо гузашти 30 сол аҳамият ва нақши таърихии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мардум маҳбубият ва ҷойгоҳи хосро касб намудааст. Ҷавонони насли соҳибистиқлолии мамлакатро лозим аст, ки аз гузашти пурғановати ниёгони хеш баҳраманд гардида, дар ҳаёти худ аз он ба таври васеъ истифода намоянд.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони мамлакат аз манфиат холӣ намуда, як саҳифаи давлатдории навини тоҷиконро бозгӯйи менамояд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани 16-ноябр ин бо дарназардошти саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар тӯли даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузургу созандагӣ ба анҷом расонида шуданд. Дастовардҳои дар ин давра ба дастомада қиммати чандин даҳсоларо дорост. Табиист, ки 30 сол дар назди таърих ҳеҷ арзиши воло надорад, хушбахтона дар ин муддат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷӯъ пайвастанд.
Бо қаноатмандӣ ва сарафрозии зиёд метавон зикр намуд, ки дар ин давра иқтисодиёти миллӣ низ рушд кард.
Дар иртибот ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дилпурона бо садоқат ва эҳтиром ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медорам, ки роҳбари давлат на танҳо маҳбуби шаҳрвандони Тоҷикистон балки дар арсаи байналмилалӣ маҳбуби ҳамагон гардиданд.
Танҳо бо шарофати сиёсатмадори сатҳи баланди байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҷаҳон шинохт ба ибораи дигар танҳо он кас тавонистанд, ки тоҷикро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро ба тоҷик ошно созанд.
Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо моро лозим аст, ки дар атрофи сиёсати бобарор ва оқилонаи Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Бигзор ба бахти халқи тоҷик сиёсати бобарору хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то абад ҳукумфармо бошад.
Шарифов Нуралӣ – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №9.
Аз китоби “Дурахши саодати миллат”, Душанбе, соли 2022
Таҳияи Мавзуна Салимова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.