«Нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо. Вазъият ва дурнамои рушди фонди Китобхонаи миллӣ»

27-уми августи соли 2025 Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирде таҳти унвони  «Нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо. Вазъият ва дурнамои рушди фонди Китобхонаи миллӣ» баргузор намуд.

Дар маҳфил сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмад, намояндагони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Эраҷ Раҷабзода ва Оиша Кабирзода, директори Хонаи китоби Тоҷикистон Сайзароб Нодирзода, директори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳирҷон Холиқов ва муҳаррири маҷаллаи илмии “Паёми Китобхонаи миллӣ” Шариф Комилзода ширкату суханронӣ намуданд.

Мизи гирдро муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода оғоз намуда, пешопеш ширкатдорони маҳфилро ба муносибати ҷашни 34-солагии  Истиқлоли давлатӣ ва иди касбии китобдорон – “Рўзи китоб” шодбош гуфт.

Ӯ умед баст, ки ин ҳамоиш боиси тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманду доманадори фарҳангӣ гашта, сафи мутолеони Китобхона зиёд ва фонди он ба дилу шавқу завқи истифодабарандагон хоҳад расид.

Сипас ӯ иброз дошт, ки пуррагардони фонди китобхона асосан аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун, нусхаҳои ҳатмӣ, туҳфа аз шахсони алоҳида, аз ҳисоби харидорӣ ва дигар сарчашмаҳо пурра карда мешавад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳоло фонди Китобхонаи миллӣ дорои бештар аз 3 миллион нусха китоб ва дигар маводи чопӣ мебошад, ки тавре зикр гардид, роҳи асосии пуррагардонии фонд нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо мебошад, яъне нақши муассисаҳои нашриявӣ дар такмили фонди Китобхонаи миллӣ ниҳоят бузург аст.

Дар идома муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода аз гирдоварӣ ва бақайдгирии нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» (№ 792, 26.12.2011) ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» (№453, 31.08.2012) ёдовар шуд.

Ӯ ҳамчунин аз вазъи воридоти нусхаҳои ҳатмӣ ва раванди иҷрои нишондоди қонуни мазкур изҳори нигаронӣ намуд.

-Албатта, ин натанҳо мушкилоти Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст, балки ба тамоми муассисаҳои гирандаи нусхаҳои ҳатмӣ дахл дорад. Бо назардошти он ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои ҳатмии осори чопӣ аст ва дар ин замина фонди муассиса низ мукаммал мегардад, мушкилоти дастрас нагардидани нусхаҳои ҳатмӣ бештар дар ин муассиса эҳсос мегардад.

Сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмад дар мизи гирд атрофи мавзуи нусхаҳои ҳатмии ройгон ибрози андеша намуд. Ӯ изҳор дошт, ки 198 рӯзнома,  130 адад рӯзномаи давлатӣ, 68 адад рӯзномаи мустақил, 171 адад маҷаллаҳо, 140 адад давлатӣ, 31 адад мустақил буда, шумораи умумии нуқтаҳои фурӯши китоб 31 адад, 1 адад давлатӣ ва 30 адад мустақил ҳастанд.

Дар идомаи суханрониаш Иброҳим Аҳмадов як қатор рӯзномаву маҷаллаҳоро номбар кард, ки  пайваста нусхаҳои ҳатмии ройгонро тибқи қонун пешниҳод мекунанд. Инҳо рӯзномаи  “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Народная газета”, “Халқ овози”, ҳафтаномаҳои “Адабиёт ва снаъат”, “Фарҳанги Тоҷикистон”, “Ҷавононои Тоҷикистон”, “Омӯзгор” ва ғайра.

Вале дар ҳамин ҳол ӯ аз гурӯҳи дигари нашрияҳо, ки  нусхаҳои ҳатмии ройгонро номуназзам ва бо фосила ирсол менамоянд, ном бурд. Инҳо нашрияҳои “Дунё”, “Фурӯғ”, “Насли истиқлол”, “Навниҳол”,”Боғи дониш” ва чанд нашрияи дигар. Яъне як сол як-ду адад нусхаҳои худро ирсол менамоянд.

Ӯ иҷро нагаридани ин талабтро на танҳо қонуншиканӣ унвон кард, балки халал ба ҳифзи бойгонии матбуот, ташаккули фонди давлатии нусхаҳои ҳатмӣ ва дастрасии муҳаққиқон ба сарчашмаҳои таърихӣ донист.

Директори Хонаи китоби Тоҷикистон Сайзароб Нодирзода барои ҳалли мушкил робитаи наздик ва ҳамкории зич байни китобхонаҳоро пешниҳод намуд. Ӯ барои намуна вазъи воридоти нусхаҳои ҳатмӣ дар Хонаи китоби Тоҷикистонро пешкаш намуд. Метавонед омори шашмоҳаи воридоти нусхаҳои ҳатмии Хонаи китоби Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор бидиҳед ва ҳамин тавр мо низ метавонем рӯйхати китобҳои нусхаҳои ҳатмии китобхонаи миллиро бубинем. Суроғаи нашриётҳо ва маълумоти дақиқтар аз Китобхонаи миллӣ ва дигар ниҳодҳо бештар Хонаи китоби Тоҷикистон. Бинобарин мо баои роҳҳи ҳалли мушкилот мо омодаем ин иттилоъро дастраси Шумо гардонем. Роҳи дигарро ба мақомотҳои қудратӣ муроҷиат кардан медонам. Мактуб ба Прокуратураи генералӣ доир ба вазъи воридоти нусхаҳои ҳатмии ройгон ирсол намоем.

Дар мизи гирд намояндагони нашриётҳо низ ҳузур доштанд ва андешаҳои хешро баён намуданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки мутаассифона, раванди супоридани нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муассисаҳои нашриявии кишвар хеле суст ва нигаронкунанда буда, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки раванди воридоти нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад ва ҷараёни такмили фонди Китобхона аз ҳисоби ин сарчашмаи муҳим хеле ташвишовар гардидааст, зикр гардид дар ин ҳамоиш.

Муҳаррири маҷаллаи “Паёми Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, Шариф Комилзода мавзуи мизи гирдро аз бисёр ҷиҳат мубрам медонад. Иштироки коршиносону мутахассисон дар ҳалли ин масъала метавонад кӯмак расонад.

Ба иттилои ӯ коршиносони Китобхонаи миллӣ пажӯҳиши иҷмолӣ гузаронданд. Он нусхаҳои ҳатмие, ки соли 2004 ба Китобхонаи миллӣ ворид гардиданд, дар муқоиса ба нусхаҳои ҳатмие, ки ба Муассисаи давлатии “Агентии миллли Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб” ворид шудааст.

Мутаасифона, имрӯз маълумоти дақиқ дар даст нест, ки соли 2024 дар кишвар чанд китоб ва бо чанд нусха нашр шудааст. Он чизе, ки мо муқоиса кардем, дар заминаи нусхаҳои ҳатмии ройгон, ки ба Хонаи китоб ворид гардидаанд, буд.

Директори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳирҷон Холиқов иброз дошт, ки ин проблема 3-4 сол аст, ки мавриди баҳсу барарсӣ қарор мегирад.

– Ман яке аз аъзоёни Шӯрои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ ҳастам. Роҳбари Китобхонаи миллӣ ҳамеша дар бораи ин мавзуъ сухан меронад, зеро масъала ҳалталаб аст. Вақте аз ҷониби Китобхонаи миллӣ ин масъала бардошта мешавад,  маълум аст, ки он ҳаллу фасл мехоҳад.

Соли 2024 1770 номгӯи китобҳо нашр ва ба  ба Хонаи китоб ворид гардиданд.  Ба Китобхонаи миллӣ каме ҳам бошад, нусхаҳои ҳатмӣ ворид мешаванд. Аҳвол дар дигар китобхонаҳои музофот бадтар аз ин аст.

Мо низ барои омӯзиши ин мавзуъ бо ноширон суҳбат намудем, онҳо китобҳоро бо маблағи худашон нашр мекунанд. Аммо як роҳе бояд пайдо намуд, то нусхаҳои ҳатмӣ ба гирандагони он сари вақт ворид гардад.

Як миқдор нашрияҳо ҳафтае як маротиба ворид мешаванд ба китобхонаи мо. Аз соли 1993 воридшавии рисолаҳои номзадӣ кам буд, ҳоло дар китобхонаи мо фонди рисолаҳои илмӣ ташкил  шуд,  ки зиёда аз 5,500 нусха ҷамъоварӣ гардид. Аввал нусхаҳои ҳатмии ройгонро талаб кардем, баъд Қарори 532-ро  пеш овардем.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки китобхонаҳое, ки нусхаҳои ҳатмии ройгонро дастрас намекунанд, маҷбур мешаванд онро харидорӣ намоянд. Мақсад аз гирифтнаи нусхаҳои ҳатмии ройгон пурранамоии фонди китобхонаҳост, чӣ Китобхонаи миллӣ бошад, чӣ китобхонаҳои дигар. Аммо китобхонаҳои минтақаҳои дурдасти кишвар, ки гирандагони нусхаҳои ҳатмӣ нестанд, бояд чӣ кор кунанд? Китобхонаҳо барои пурра гардондани хазинааш маҷбуранд як миқдор китобҳоро харидорӣ намоянд.

Аксари китобхонаҳои музофотӣ китобҳои пас аз истиқлол нашршударо надоранд.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.