Нусхаи ягонаи  «Китобу-л-мадхали-т-таълимӣ»-и Розӣ, ки дар қароргоҳи ҳокимони Рампур маҳфуз аст

Китоб“Китоби муқаддимаи таълимӣ”, асари Закариёи Розӣ дар боби кимиё, ки дар охири асри   IX ба забони арабӣ навишта шудааст. Асар, бино ба маълумоти “Ал-Феҳрист”-и Ибни Надим (асри X), китоби аввалини маҷмӯаи “Дӯвоздаҳ китоб дар бораи санъати алкимиё” буда, дар он ҳамчун дастури ибтидоӣ баёни мухтасари ҳамаи моддаҳо ва асбобҳои зарурӣ барои таҷрибаҳои алкимиёӣ тасвир шудаанд.

Оғози “Китобу-л-мадхали-т-таълимӣ” чунин аст “…Бидон, ки барои ҳар як санъат асбоб вуҷуд дорад ва ин асбобҳо номи худро доранд, ки одамони ба ин санъат алоқаманд медонанд. Барои санъате, ки алкимиё ном дорад, асбоб ва моддаҳои муайяне заруранд ва онҳо низ номи худро доранд, ки онро танҳо шахсони ба ин санъат кордор медонанд…”

“Китобу-л-мадхали-т-таълимӣ” аз 4 қисм иборат буда, қисми 1 аз номҳои гуногуни моддаҳо, қисми 2 дар бораи баёни сохт ва истифодаи асбобу таҷҳизоти гуногун, қисми 3 дар бораи равандҳои алкимиёӣ ва қисми 4 – қисми хотимавии асар дар бораи масъалаҳои дар китобҳои дигари “Дувоздаҳ китоб дар бораи санъати алкимиё” зикргардида баҳс мекунад.

Нусхаи ягонаи ин асар дар китобхонаи қароргоҳи ҳокимони Рампур (Ҳиндустон) маҳфуз буда, онро соли 1910 олими англис, муаррихи кимиё Т.Степлтон ҳангоми таҳқиқи маҷмӯаи асарҳои алкимиёӣ пайдо кардааст.

Матни пурраи тарҷумаи англисии асар аз тарафи Т.Степлтон соли 1927 ба табъ расидааст.

Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 186. Муаллиф: Т. Амадов

Таҳияи Зуҳро Иброҳимзода,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ