Қодири Қосим: “Дарвозаҳои бедарвоза то дарвозаи тиллоӣ саҳми Пешвои миллат дар рушди ВМКБ”

Қодири ҚосимИстиқлол ва Пешвои миллат маҷозан чун гӯшту нохун ҳастанд, ки бе якдигар будани онҳо номумкин ҳастанд, ки бе якдигар будани онҳо номумкин аст. Ҳеҷ гоҳ гӯшт аз нохун ҷудо намешавад. Ба ин хотир ҳам, мо ҳар гоҳ аз Истиқлоли давлатӣ ҳарф занем, Пешвои миллат бо иқдомҳои беқиёс ва шоистаашон дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ пеши назар меоянд.

Ба хотир меорам, ки сиву ду сол қабл беш аз 7 миллион тоҷик дар ҷазираи буҳрони парокандашивӣ, савори киштии шикаста буда, аз соҳили мурод дараке набуд. Фақат раҳми Худованд омад ва моҳи ноябри соли 1992 боз як имкони зистану бақои миллати тоҷикро ато намуд. Ба лонаи валангор ҳатто чуғз ҳам намешинад. Касе ихтиёрӣ наҷоти миллатро бар дӯш намегирифт. Мардуми дар муҳосираи иқтисодӣ ва асорати силоҳбадастон монда, садҳо нафар нобуд мешуд. 16 – уми ноябри ҳамон сол ақли солим ғолиб омад. Вакилони мардумӣ ҷавонмарди ҷасур, шахсияти ошкорогӯй, поктинати аз олудагиҳои сиёсии замон орӣ Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ интихоб карданд. Одатан, сарварони чунин сатҳ дар нахустин муроҷиати худ барномаҳои воҳиманоку печ дар печи бепояро баён мекунанд. Аммо Сарвари тозаинтихоб танҳо ду ҷиз: нон ва сулҳро ба мардуми хеш ваъда дод. Аз он лаҳзаҳо нуқтаи гардиши кулли тақдири тоҷикон оғоз шуд. Ҳоло ҳам аз нисф зиёди аҳолии кишвар он рӯзҳоро шоҳид ҳастанд, ки дар тули ду ҳафта аллакай авзои сиёсӣ ва низомии кишвар аз ҳолати ноумедӣ наҷод ёфт.

Дар нахустин муроҷиати расмӣ Роҳбари давлат ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дод, ки ҳеҷ ягон қувва наметавонад, озодӣ, истиқлолият ва шуҳрати таърихи миллати тоҷикро коста гардонад. Дар ин бора муаррихону публитсистон асарҳо ва таҳқимотҳои ҷолибро анҷом додаанд. Аз ин рӯ, ман ба ин дахл намекунам. Сарвари нави кишвар дар мавриди сулҳофарӣ ва ҳалли низои шаҳрвандӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ модели нави муассирро кашф намуд. Низоъ табиатан аз “Ман” ва “Ту” сар мешавад. Ин ду қутб сангари набардро ба вуҷуд меорад. Ҳар ду самти сангар аз неру пур мешавад. Даргириҳои ду ҷабҳа, бахусус ба таври оммавӣ, хеле дароз тул мекашанд. Маҳз кашфиёти бузурги Пешвои миллат он аст, ки як қатор гузаштҳо карданд. Ин сулҳе буд, ки маъруфтарин муборизони ин роҳ Ҷавоҳирлаъл Неҳру, Патрис Лумумба, Мартин Лютер Кинг, Нелсон Мондела орзу мекарданд.

Бо чунин тасвири умумии вазъ, бо эътиқоди комил, шукрона мекунем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллати куҳанбунёди тоҷик, ки дар масири таърих фалокату хатарҳои мудҳишро дидааст, ба ҳар мушкилоти томи тибиию сиёсӣ тоб овард. Зеро ин мардум, ин сарзамирно сиёсатмадори ду қарн Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ менамоянд. Вазъи солҳои навадум садҳо бор мушкилтар хатарноктар буд. Вале Роҳбари давлат барои наҷоти миллат, бо вуҷуди фишорҳо, суиқасдҳо ва монеаҳои сиёсӣ бо иродаи устувор, ҷасорати ҷисмонию фазилати ақлонӣ сулҳу оромию рушди бомаромро таъмин намуданд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба хотири рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он беш аз 21 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди вилоят то имрӯз 763 иншоот ба маблағи умумии 927миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 3200 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст. Танҳо солҳои охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмини фаъолияти соҳаҳои гуногун, бунёди иншооти иҷтимоӣ, таъмиру навсозии роҳу пулҳо, корҳои сохтмону ободонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии бучети вилоят 922 миллион сомонӣ равона шудааст. Дар сӣ сол дар ҳудуди вилоят 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, татбиқи 14 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад.

Тибқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021-2025 амалисозии боз 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 4,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб 3765 гектар замин ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст.

Тадбирҳои андешаи Ҳукумати кишвар имкон доданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2019 паст карда шавад..

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияҳои Мурғоб ва Дарвоз корхонаҳои бузурги соҳаи ихтироҷтаъсис ёфта, ҳоло мувафаққона фаъолият карда истодаанд.

Дар маҷмуъ, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаи энергетикаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 24 лоиҳаи хурду миёна ба маблағи умумии 1, 7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, имрӯзҳо амалисозии боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи дигар ба маблағи зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ дар нақша аст.

Бунёди навсозии 373 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта ва 40 пул ба анҷом расонда шуданд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи умумии 300 миллион сомонӣ 180 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин, дар соли охир зиёда аз 3600 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи Квотаи президентӣ ба муаасисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шудаанд.

Ҳамаи ин дастовардҳо на бо силоҳ, низоъ ва моҷаро, балки дар натиҷаи ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату якдилии мардум, ҳамкории зичи Ҳукумат бо халқ ба даст омаданд. Пас, Биёед, бо ин роҳ чор сӯйи кишварамон ва, аз ҷумла Бадахшонро ободу зеботар гардонем.

Аз китоби Қодири Қосим “Пешвои сангаршикани миллатсоз”, Душанбе “Эр-граф”, 2024
Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа мебошад.

Таҳияи Зебонисо Давлатова,
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.