“Одоби муоширати муосир”
Китоби мазкур аз ҷониби Ё.Қ.Одинаев таълиф шуда ва он соли 2010 дар нашриёти “Ирфон” ба табъ расидааст. Китоб ба масъалаҳои амалии ҳаррӯзаи одоби муошират мутобиқ ба талаботи маданияту ахлоқи муосир дар дохили ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он навишта шудааст. Хеле масоиле дар ин китоб ҷо ёфта, ки бахше аз одобу тарбияанд ва барои донистани баъзе назокатҳои муошират муфиданд. Аз ин рӯ бахшеро аз боби даҳуми китоб интихоб кардем ва гумон мекунем мутолааи он ба фоида хоҳад буд.
ҲАДЯҲО
Кўҳнакитобе маслиҳат медиҳад, ки дар хотир дошта бошем:
“Қимати ҳадя асосан ба се шароит вобастагӣ дорад:
Аввалин,аз эҳсосе, ки бо он онро пешкаш мекунанд;
Сониян, аз он ки ба чи андоза он ба чашн ва ё шахс мувофиқ аст;
Солисан, аз одоби пешкаш намудани он. Барои он ки ба тарзи мақбул ҳадяро пешкаш намоед, соҳибодобу боназокат будан зарур аст.
Дар китобе ки таҳти унвони “Одоби хуб”, ки соли 1889 ба табъ расидааст, мехонем:
“Барои он ки ҳуқуқи ҳадя карданро дошта бошед, бояд тавре ҳадя намоед, ки дар зимн бузургтарин назокат риоя гардад. Ба ягон шахсе ҳадя намудани ҳар чи ки бошад, фақат ба хотири он,ки он чиз барои худи мо нодаркор аст, камоли беадабӣ мебошад, махсусан, агар он шахсе, ки ба ў ҳадя мекунем, ҳамон чизро қаблан дар назди мо дида бошад.
Ба ягон шахсе ҳадя кардани он чизеро, ки мо дар навбати худ ба сифати ҳадя дарёфт кардаем, низ беназокатӣ аст. Нисбат ба он шахсе, ки он чизеро ба мо ҳадя кардааст”.
ҲАДЯРО ЧИ ГУНА ПЕШКАШ КАРДАН МАЪМУЛ АСТ?
Агар шумо ба меҳмонӣ рафта бошед, ҳадяро дар долони хона набояд пешкаш намуд. Дар ибтидо лозим аст, ки либоси болопўшро аз тан бароварда, сару сурати худро ба тартиб дароварда, дар утоқе, ки мизи пазироӣ мураттаб шудааст ва дар он ҷо меҳмонон гирд хоҳанд омад, ҳадяро бояд ба мизбон ва ё соҳибҷашн пешкаш намуд.
Ҳадя бояд ҳатман олиҷаноб бастабандӣ шуда бошад, бо табассуму хушҳолӣ ва суханони хеле самимӣ пешкаш гардид.
Агар ба шумо ҳадя пешкаш карда бошанд, бояд чӣ кор кунед – билофосила, онро кушода бубинед ва ё дар гўшае гузоред?
Бояд ҳадяро билофосила кушода, ба ҳадякунанда арзи сипос ва ибрози мафтунӣ карда, ниятҳои неки ўро хотирнишин бояд намуд.
ПУЛИ НАҚД
Дар кадом ҳолатҳо ҳамчун ҳадя пули нақд пешкаш кардан ҷоиз мебошад?
- Дар ҳолатҳои туй ва сур ва ба дўстони хеле самимӣ.
Ҳадяи пули нақдро чи гуна бояд пешкаш намуд?
- Дар лифофаи саркушода.
Оё дар маросими пазироиҳои расмӣ пешкаш намудани ҳадяҳо маъмул ва мақбул аст?
- Фақат ба истиснои он ҳолатҳое, ки ҳамкори шумо ба нафақа меравад ва ё ба кишвари дигар муҳоҷират мекунад.
Дар миёни намояндагони ширкатҳо пешкаш кардани кадом ҳадяҳо ҷоиз мебошад?
- Ҳадяҳо набояд хеле гаронқимат бошанд ва ба чизе дарёфткунандаро водор созанд, ҳадяҳои дорои обуранги миллӣ аз қабили савғотиҳои миллӣ, маснуоти ҳунарҳои мардумӣ беҳтар истиқбол мешаванд.
КИТОБ
Ҳангоми пешкаш кардани китоб лозим аст, дар он соядаст навишта шавад?
- Бале, дар сурате, ки шумо муаллифи китоб бошед, дар ҳолатҳои дигар табрикоту таманниёт дар корти табрик навишта мешавад.
Бастабандии бенуқсон….
Таассуроти нахустинро дар бораи ҳадя ва оид ба муносибат ва завқу салиқаи шумо бастабандии он ба вуҷуд меоварад. Мувозиби он бошед.
Кадом ҳадяҳо ҳамеша муносиб мебошанд?
Гулҳо, шириниҳо, меваҳо, китоб, лавозими таҳрирӣ, атриёт, маснуот аз шиша, булўр, нуқра, чарм, ҷузъдонҳо, ҳамёнҳо, рўйҷилди китобҳо, ҷаъбаҳо ва ғайра, маснуоти сафолӣ, филизӣ (шамъдонҳо, кандакорӣ дар филиз, гулдонҳо, гули сари сина ва ғайра).
Аз ҷумлаи ҳадяҳои гаронбаҳо метавон осори санъати тасвирӣ (мусаввараҳо, минётурҳо ва ғайра) китобҳои мунташираи нодирро номбар намуд.
Ба шахсе, ки “ҳама чиз” дошта бошад, чаро ҳадя бояд намуд?
Дар ҳақиқат равишҳои зиёд мавҷуд мебошад. Масалан, як даста гул, як қуттӣ конфети маҳсули корхонаи машҳури қаннодӣ (фаромўш накунед, ки ҳеҷ гоҳ конфетҳои аз рўйи вазн фурўхташавандаро ҳадя намекунанд).
Диққат намоед!
Аз пешкаш намудани кадом ҳадяҳо бояд худдорӣ намуд?
Ба хонумҳо пешкаш кардани машруботи алкулии баланддараҷа:
Гул бе рухи ёр хуш набошад
Бе бода баҳор хуш набошад.
Ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ кас соат, оина ва кордро чун ҳадя пешкаш накунед. Ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ чунин ҳадяҳо фоли бад ба ҳисоб мераванд:
Аксу суратҳои худро ҳадя накунед, агар дар ин хусус аз шумо дархост накарда бошанд:
Чун ҳадя пешкаш кардани ҳайвонот кори хирадмандона нест:
Ҳадя кардани набототи зинда ҳанўз мавриди баҳс мебошад.
Кадом чизҳоро танҳо ба афроди хеле наздик метавон ҳадя намуд?
- Лавозими шахсӣ: галстук, пироҳан, тасмаи камарбанд, сумкаи занона, либоси таҳпўшӣ, ранги лабсурхкунӣ ва ғайра.
Оё мешавад, ки аз қабули ҳадя худдорӣ намуд?
- Аз қабули ҳадя метавон фақат дар ҳамон ҳолат худдорӣ намуд, ки агар гирифтани он аз рўйи одоб набошад ва ё ҳадя ба андозае гаронқимат бошад, ки худро дар баробари ҳадядиҳанда қарздор эҳсос намоӣ. Ҳангоми рад кардани ҳадя бояд мавриди сипосгузории худро ба ҳадядиҳанда барои таваҷҷўҳи хос ва вақти барои интихоби он ҷудонамудани вай иброз намуда, сабабу ангезаи худдории худро аз қабули ҳадя бояд асоснок намуд.
Албатта, хеле шигифтовар мебуд рафтори он шахсе, ки баъди дар сухан худдорӣ намудан аз қабули ҳадя, сарфи назар аз мавқеъ ва усули худ, ба ҳар сурат онро қабул кунад. Аз гирифтани ҳадя боадабона ва собитқадамона худдорӣ мекунанд. Дар зимн вайрон нашудани муносибатҳо ба ҳадядиҳанда хеле муҳим хоҳад буд.
Оё аксу сурати худро ҳадя намудан мумкин аст?
- Мумкин аст, агар аз шумо хоҳиш карда бошад. Аксу сурати худро ҳамчун ҳадя пешниҳод намудан аз рўйи одоб нест. Сурати хеле калон ва бисёр кўчакро набояд ҳадя намуд. Одамонро ба хоҳиши дубора водор сохтан барои чун ҳадя гирифтани сурати шумо хуб нест. Гирифтани сурат, вале дар посухи он аз додани сурати худ худдорӣ кардан ҳамчунон зуҳури беназокатист.
(Идома дорад)
Манбаъ: Ё.Қ. Одинаев: “Одоби муоширати муосир”. Душанбе соли 2010.
Хоҳишмандон ин китобро дар Китобхонаи миллӣ метавонанд мутолаа кунанд.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.