Одобу фарҳанги муошират талаби иҷтимоист!

МуоширатТлаботи иҷтимоӣ одамонро водор сохт, ки бо ҳам муошират кунанд ва ҳар чизе, ки мафҳуми муоширатро дар бар мегирад, яъне ҳадди ақал ду нафар, ду чиз ва ғайра. Бинобар ин, агар дар бораи муошират сухан ронем, мафҳуми «ман» ба мафҳуми «мо» табдил меёбад ва муносибат ба вуҷуд меояд. Ва ин маънои хохиши ман + хохиши шунавандагон – аудиторияро дорад. Ба ибораи дигар ҳуқуқҳои ман + ҳуқуқҳои аудитория гуфтан бамаврид аст. Яъне, вақте ки муносибат ба вуҷуд меояд, созандагони он бар ҳамдигар ҳуқуқу ниёзҳо доранд, ки риояи онҳо барои нигоҳ доштани муносибат зарур аст. Аз ҷониби дигар ин қоидаҳоро меъёрҳои ахлоқ ё одоби муошират мегўянд.

Новобаста аз он ки ин муносибат ба мисли узви ҷомеа будан сода аст ва ё мисли муносибатҳои эҳсосӣ мураккаб, мо қоидаҳои одобро тарҳрезӣ мекунем, ки дар сурати риоя кардани онҳо муносибатҳои мо ҳифз ва бунёд хоҳанд шуд, зеро тавре зикр гардид, мо ба ин муносибатҳо ниёз дорем. Ин қоидаҳои муошират одоби муошират номида мешаванд, ки дар сурати истифода аз ин меъёрҳо пешгирии зарар ба худ ва дигарон имконпазир мегардад.

Албатта, заминаҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои иҷтимоӣ ҳангоми муошират дар ҷомеа, хусусан танзими муносибатҳои инсонҳо ҳангоми сухан гуфтан гуногун аст. Аз ин нуктаи назар бузургони форсу тоҷик андар баёни андеша ва сухан гуфтан дар асарҳои худ мисолҳои зиёдро ироа кардаанд. Дар фарҳанги мардуми тоҷик нахустин афкори ахлоқӣ дар бораи одоби муошират ба мушоҳида мерасад. Шиори асосии фарҳанги қадимаи ниёгони мо «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» буда, инсонро ба он раҳнамо месозад, ки ў на танҳо фикру андешаи нек дошта бошад, балки сухани хуб гўяд, дар ҳама ҳолатҳо бояд рафтори шоиста намояд.

Бояд гуфт, ки мутафаккирони форсу тоҷик дар асарҳои ҷудогонаи худ ва дар як силсила асарҳои илмии хосияти таърихӣ-сиёсӣ дошта дар одоби суханварӣ, муоширати шоҳон, фасоҳату балоғати сухан ба андозаи гуногун маълумот доданд. Дарвоқеъ, бузургмардони тоҷик дар ашъори худ арзиши сухан ва суханвариро хеле барҷаста нишон доданд. Дар миёни сарчашмаҳои бадеӣ ва таърихие, ки дар онҳо оид ба маданияти суханварӣ маълумотҳои нодир оварда шудааст, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус ва «Футувватнома»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ мебошанд, ки намунаҳои беҳтарин ҳастанд. Албатта, мавзуи матраҳ дар мақолаи мазкур унсурҳои иҷтимоии муошират миёни инсонҳо аз замони кўдакӣ то ба давраи камолотро дар бар гирифта, ёднома аз бузургони форсу тоҷик дар мавриди суханварӣ ва шаҳомати ин унсурӣ одамӣ амри воқеист.

Бояд тазаккур дод, ки Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи худ оид ба қадру манзалати сухан, хирадмандию равшанфикрӣ, ширинзабонию нармгуфторӣ нақл мекунад. Ў аз марди доно тақозо мекунад, ки бо забони шево ба мардум паёми хирадро расонад ва бад-ин васила онҳоро ба сӯйи бедории фикрӣ ва саодату хушбахтии зиндагӣ раҳнамун созад. Ба андешаи Абулқосим Фирдавсӣ чизе баъд аз сари инсон боқӣ намемонад, ба ҷузъ сухан ва кирдори нек дигаре волоият надорад. Сухан, аз дидгоҳи ӯ, чун рамзи ҷовидонӣ ва мояи гаронбаҳои абадист ва нишонаи одамӣ дар олами ҳастист.

Сухан монад аз ту ҳаме ёдгор,

Суханро чунин хормоя мадор.

Дар «Футувватнома» Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар одоби сухан гуфтан андешаҳои судманд гуфтааст. Чунон ки гуфтем оид ба ин масъала адибони бузурги гузашта устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абушакури Балхӣ, Низомии Ганҷавӣ ва бахусус Саъдии Шерозӣ суханони зиёде гуфтаанд. Бештари онҳо андешаҳои хешро бо назм ёд кардаанд. Кошифӣ бошад, аввал фикрашро ба наср ифшо намуда, пасон онро бо назм боз ҳам қувват бахшидааст. Ба монанди: «Бидон, ки шарафи одамӣ ба нутқ (сухан) аст ва ҳар ки дар нутқ адаб риоят накунад, аз ин шараф бебаҳра бошад».

Насиҳатҳои Унсурулмаолии Кайковус ба писараш Гелоншоҳ, ҳарчанд тақрибан ҳазор сол пеш аз ин гуфта шудаанд, имрўз ҳам арзиши худро гум накардаанд ва барои ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят кардани наврасон хеле судманданд. Дар китоби «Қобуснома» дар боби ҳафтум «андар пешӣ ҷустан дар сухандонӣ» Унсурмаолии кайковус таъкид мекунад, ки «Эй писар, бояд ки мардум сухандону сухангўй бувад ва аз бадон сухан нигоҳ дорад. Аммо ту, эй писар, сухан рост гўй ва дурўғгўй мабош ва хештан ба рост гуфтан маъруф кун…».

Ҳамин тавр, аз каломи бузургони классикӣ дарёфтан мумкин аст, ки сухану суханварӣ ва муошират миёни одамон дар тамоми давру замон аз қоидаҳои хоси худ бархурдор будааст ва ин масъала пайваста шоистаи таваҷҷуҳ.

Акнун, биёед, бубинем чӣ қоидаву кадом марҳалаҳо дар пеши мо истодааст, то ба қуллаи баландтарини одоби муошират расидан талош намоем.

МуоширатАввалин нишонаҳои муошират дар синни 2-3 моҳагӣ пайдо мешаванд. Вақте ки кӯдак табассуми иҷтимоии худро нишон медиҳад, баъдтар дар баробари инкишоф ёфтани забон ин муошират мураккабтар мешавад ва то пурра инкишоф наёфтани он қоидаи бо навбат гап задан зоҳир мегардад. Ин маънои онро дорад, ки кўдакон аввал суханони моро бодиққат гӯш мекунанд ва сипас кӯшиш мекунанд, ки фикри худро ба таври возеҳ баён кунанд ва навбат ба навбат ҷавоб диҳанд. Вақте ки онҳо калон мешаванд, кӯшиш мекунанд, ки бо ҳамсолони худ дӯстӣ пайдо кунанд ва бозӣ кунанд, ки ин талоши кўдакон баъзан аз нигоҳи калонсолон дур мемонад, аммо дар асл кӯдакон қоидаву принсипҳои иҷтимоиро меомӯзанд. Вақте ки мо мегӯем, ки кӯдакон дар ин синну соли хурдӣ ба иҷтимоъ шудан мегараванд, мо дар назар дорем, ки қоидаҳои дастаҷамъиро меомӯзанд, то онҳо тавонанд бо дигарон муошират кунанд. Пас, донистани қоидаҳо муҳим аст, то мо ба гурӯҳҳо ҳамроҳ шавем ва ниёзҳои худро қонеъ гардонем. Эҳтиром накардани қоидаҳои иҷтимоӣ маънои масъулият ҳис накардан дар баробари ҳуқуқи дигарон ва риоя накардани ҳуқуқи дигарон маънои фароҳам овардани шароити ноамн барои онҳоро дорад ва ин ноамнӣ соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад.

Одоб як воситаи пурқувватест, ки барои муоширати беҳтар ва муассиртар истифода мешавад. Татбиқи одоб дар зиндагӣ ва муошират бо дигарон боиси ҳамоҳангии бештари байни мардум ва пазириши инсонҳо нисбат ба ҳамдигар меафзояд.

Умуман, ҳама чизе, ки ба ахлоқ ва одоб алоқаманд аст, хусусияти коммуникативӣ дорад. Мо воқеан ҳангоми истифодаи муошират ҳамчун як принсипи иҷтимоӣ онро одоби муошират гуфта метавонем, зеро одоби муошират дар навбати худ ба ду сатҳ тақсим мешавад: ҳатмӣ ва идеалӣ. Ҳолатҳои ҳатмӣ рафторҳоеро дар бар мегиранд, ки аз зарар пешгирӣ мекунанд ва ҳолатҳои идеалӣ рафторҳоеро дар бар мегиранд, ки беҳтару роҳнамои кори дигарон аст.

Дар иҳотаи ҷамъият тарзи муносибат ва рафтори одамон сифати муоширати онҳоро муайян мекунад. Аз ин рӯ, агар ҳар кас дар муошират бо ҳамдигар одоби мушаххас ва солимро риоя кунад, ба ҳамдигар фикру мулоҳизаҳои муносиб медиҳанд ва дар ниҳоят муносибатҳои онҳо оромтар мешавад.

Масалан, дар тамоми гурўҳҳои иҷтимоӣ одамоне ҳастанд, ки ҳангоми сӯҳбат кардан ба онҳо шуморо хушҳол мекунанд. Дар ин маврид суфтаву равонии забон ва нақши калимаҳо яке аз воситаҳои пурқуввате мебошанд, ки одамон ҳангоми истифода аз шевогӣ ва нобии вожаҳо дар як вақт беҳтарин, рӯҳбаландкунанда ва эҳсоси гуворро ба дигарон расонида метавонанд, ки ин шаҳодати истеъдоди баланди сухан аст. Истеъдод, ки оқилона истифода шавад, сулҳро дар муносибатҳо эҷод мекунад ва ба одамони ҷалбшуда имкон медиҳад, ки аз ин суҳбат ва муошират баробар баҳра баранд. Хамаи мо бояд бо ин маҳорат шинос бошем. Фарқ надорад, ки шумо бо кӣ суҳбат кардан мехоҳед ё дар кадом нақш ё мавқеъ ҳастед. Дуруст, бамаънӣ ва зебо сухан гуфтан нишонаи фаҳмиши баланди инсони баркамол аст.

Ҳангоми муошират бо дигарон, мақсади худро равшан ва дақиқ баён кунед. Аз калимаҳои душворфаҳм ё истилоҳоте, ки барои тарафи дигар ношиносанд, истифода набаред. Дар бораи муоширати ғайривербалии худ эҳтиёт бошед, зеро он метавонад маълумоти зиёдеро дар бораи ниятҳо ва эҳсосоти шумо ба шахси дигар рўшанӣ андозад. Илова бар ин, агар тоҷикӣ ҳарф мезанед, вожаҳои забони дигарро истифода набаред ва агар бо забони хориҷӣ ошно бошед, танҳо аз он забон истифода кунед. Истифодаи калимаҳои забони дигар нишон медиҳад, ки шумо забони аввалро хуб намедонед.

Муошират

Ҳамин гуна, муносибат ва муошират дар ҷомеаи имрўза ба худ роҳҳову воситаҳои гуногун касб мекунад, ки дар рафтору гуфтори одамон ва нигоҳи онҳо ба зиндагии имрўза бетаъсир буда наметавонад. Аз ҷумла, дар замони муосир телефонҳои мобилӣ (смартфонҳо) чунон паҳн шудаанд, ки барои одамон бе онҳо вақт гузарондан душвор шудааст. Мо ба истифодаи ин асбобҳо одат кардаем ва гӯё онҳо ба дастони мо часпида, як ҷузъи ҳастии мо гаштаанд. Маъмул шудааст, ки одамон дар давоми рӯз пайваста бо телефонҳои худ банд шаванд, ҳатто дар ҳолатҳое, ки барои истифода аз ин таҷҳизот сабаб надоранд. Масалан, маросими дафн, тӯйҳо, ҷашнҳои зодрӯз, синфхонаҳо, вохӯриҳои корӣ ва ғайра.

Аз ин рӯ, муҳим аст бидонем, ки кай истифодаи телефони ҳамроҳ мувофиқ аст ва кай номуносиб ва баъзан ҳатто истифода аз он метавонад беэҳтиромӣ ҳисобида шавад. Сматрфонҳо, ки як ҷузъи асосии ҳаёти мо гаштаанд, зарур аст вобаста ба одоби муошират ҳангоми истифода аз он нуктаҳои зеринро дар хотир нигоҳ дорем:

ҳангоми бо касе рӯ ба рӯ суҳбат кардан, паёми матнӣ нафиристед, зеро ин одоби муоришатро коста мегардонад;

– ҳангоми муошират бо касе ба телефони худ ҷавоб надиҳед, ба шарте ки занг фаврӣ набошад ва шумо аз тарафи дигар иҷозат напурсида бошед;

ҳангоми суҳбат бо телефони мобилӣ ё дар ҷойҳое, ки дигарон шуморо мешунаванд, масъалаҳои хусусиро муҳокима накунед, чунки одоби муошират дар ин ҳолат сатҳи маърифати шуморо муайян мекунад;

– ҳангоми суҳбат бо телефон дод назанед ва бо суханони худ эҳтиёт бошед, ҳамеша дар атрофи шумо одамоне ҳастанд, ки шуморо мешунаванд;

гуфтугӯйи телефониро аз ҳад зиёд дароз накунед ва вақти шахси дигар ё муштариёне, ки шуморо интизоранд, ба назар гиред;

– бо телефони мобилии худ дар кинотеатрҳо ё дигар ҷойҳойи ба ин монанд ба ин суҳбат накунед;

ҳангоми суҳбат бо телефони мобилӣ аз дигарон на камтар аз 2 метр дур бошед;

Ҳамин тавр, суҳбатҳои баланд ва бо такя ба панҷараҳои автобус ё дигар нақлиёти ҷамъиятӣ яке аз амалҳои озори одамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад. Аксари мо маҷбурем барои рафту омади ҳаррӯзаи худ ба кор ва дар соатҳои пурбор аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода барем, аммо мутаассифона, мо шоҳиди рафторҳои аҷиб, муоширати дағал ва ҳайратовари одамон мегардем. Биноан, мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки бо телефони мобилии худ дар нақлиёти ҷамъиятӣ бо овози баланд ё муддати хеле дароз суҳбат накунем. Дар хотир дорем, ки дигарон ба шунидани он чизе, ки мо ба каси дигар мегӯем, манфиатдор нестанд.

Одоб ва ба қавли дигар фарҳанги муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз принсипу муқаррароти махсуси худ иборат аст. Ҳар як макони дар он одамон гаштугузор мекарда, қоидаҳои истифода ва муносибати ба худ хос доранд. Махсусан ҳангоме, ки мо ба кинотеатр, китобхона, театр, муассиаҳои давлативу фарҳангӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ меравем, бояд ҳатман одоби муошират ва қоидаҳои истифода аз он маконҳоро бе чуну чаро риоя намоем.

Бо назардошти аҳаммияти ин масъала дар ҳаёти ҳаррӯза ва муносибатҳои байнишахсӣ мо тасмим гирифтем, ки нуктаҳои муҳими ин мавзуъро ба таври мушаххас дар чанд сатр нишон диҳем:

шахси ҳавобаландро ҳеҷ кас дӯст намедорад, бинобар ин, ҳангоми муошират дар бораи моликияти худ суҳбат накунед ва дороиҳои худро нишон надиҳед;

– вақте ки касе бо шумо муошират мекунад, ба ў нигоҳ кунед. Аз касе, ки бо ту суҳбат мекунад, рӯй гардонидан нишонаи дағалист. Диққат додан яке аз аломатҳои асосии одоб ва беҳтарин таъриф ба шахси дигар аст. Барои натиҷаҳои беҳтар, шумо метавонед нишон диҳед, ки шумо ба муҳокима бо ифодаҳои гуногуни чеҳра ва бадан таваҷҷуҳ доред;

ҳамеша аз ин се калимаи дилгармкунанда дар як рӯз чанд маротиба истифода баред: лутфан, ташаккур, мебахшед.

– ба касе халал нарасонед. Бигзоред дигарон суханро ба охир расонанд, то шумо андешаи худро баён кунед.

чунонки боло гуфтем, ҳангоми муошират вожаҳои забони бегонаро набояд истифода барем, ин метавонад сатҳи фаҳмиши моро назди дигарон беқадр гардонад;

– суханҳое, ки ҳанӯз нагуфтаӣ, ғуломи туст, аммо суханоне, ки аз забонат ҷорӣ шудаанд, туро ғуломи он кардаанд. Дар натиҷа, беҳтар аст, ки пеш аз он ки сухан гӯед, аввал дар бораи ҷумлаи худ фикр кунед ва онро дар даҳони худ бичашед;

дар хотир бояд дошта бошед, ки ҳангоми муошират сақич хоидан умуман раво нест, ин сатҳи пастарани одоби муошират аст ва шаъну шарафи зану мардро аз байн мебарад;

– ҳангоми истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ бо телефони худ бо овози баланд гап назанед, зеро ин одатан боиси норозигии мусофирони дигар ва ронандаи нақлиёт мегардад.

Хулоса, одоби муошират ҷузъи муҳими рафтори инсонҳо буда, рафтор, маданият ва ҳадафҳои ахлоқии хоси худро дорад. Яъне, инсондўстӣ, накўкорӣ, устуворӣ, серталабӣ аз муҳимтарин протсесҳои одоби муошират аст, ки риояи ин ҳама унсурҳои асосии муносибатҳои инсонҳо ногузир мебошад.

Зафари Гулмурод, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон