Оғози намоиши наққошиҳои академик Зокир Собиров дар Осорхонаи миллӣ
Аз 10 то 20-уми июли соли равон дар «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши мусаввараҳои рассоми шинохтаву навовари тоҷик, муаллифи ду равияи эҷодии наққошӣ, барандаи ҷоизаҳои рассомии байналмилалӣ, академик Зокир Собиров таҳти унвони «Ду равияи як рассом» баргузор мегардад.
Ин намоиш дирӯз бо ҳузури гарми зумрае аз донишмандон, наққошон, рӯзноманигорон оғоз гардид ва он ба 50 – солагии фаъолияти эҷодии устод Зокир Собиров бахшида мешавад. Дар намоиш намунаҳои барҷастаи эҷодиёти ӯ дар самти табиатнигорӣ, ороишоти саҳнавӣ, меъморӣ, чеҳраофарӣ ва дигар усулҳои рассомӣ дар қолаби ду равияи эҷоднамудаи рассом – «Нурворизм» ва «Танворизм» ба марази тамошо гузошта мешаванд.
Тавре ширкаткунандагон иброз доштанд, наққошиҳои Зокир Собиров тасвири зебогиҳои ҳаёт, образҳои воқеию бадеӣ, чеҳраҳои саршиноси миллию байналмиллалӣ ва фарогири мавзуъҳои ҳассоси таъриху фарҳанг ва тасвири лавҳаҳои гуногуни зиндагии инсонҳо ва миллатҳо аз таърихи тамаддуни башарӣ мебошад, ки дар қолаби танзими нур ва шаклдиҳии матоъ тасвир меёбанд.
Равияҳои ихтироънамудаи ӯ таҷассумкунандаи воқеии нуру фазо ва шаклдиҳандаи асосии матоъ мебошанд, ки натиҷаи аслии он падид овардани чеҳраҳо, шаклҳо, руду чашмаву дарёҳо, ашёҳо ва таҷассуми образҳои воқеию тахайюлии муаллиф мебошанд. Ба шинохти муаллиф ҷаҳон аз нуру фазо иборат буда, ҳар ҷисми мавҷуд бидуни танзими нуру фазо аз ташаккул боз мемонад ва ҷаҳон ба зулматистон табдил мешавад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки агар ба офаридаҳои рассом аз лиҳози мантиқи илмӣ назар карда шавад ин мавқеи рассоми тоҷик дар баробари инъикоси афкор дар тасвир, ҳамзамон назарияи ҷадиди фалсафӣ доир ба дунё ва ҳастӣ низ мебошад. Яъне, ба пиндори академик Зокир Собиров инсон қабл аз даромадан ба шакл аз нур ва фазо иборат аст ва баъд аз танзими нурҳои мавҷудаи табиат шакли дидашаванда пайдо мекунад.
Яке аз ширкаткунандагони маросими ифтитоҳи намоиши наққошиҳои Зокир Собиров профессор Абдунабӣ Сатторзода аз ҷумла гуфт: Зокир Собиров устувор бар ин ақида аст, ки фазои атрофи мо зоҳиран аз ашёҳои гуногун, ҳодисаву воқеаҳои гуногун ва одамони гуногун иборат мебошад, вале дар асл ҳар ашё, ҳодисаву воқеа ва одамон нурҳои ба чашми сар ноаён доранд. Бозтоби ин нурҳои ба чашми сар ноаён ба воситаи рангу зикри ҷузъиёти хоси зуҳуроти онҳо ба рассом имконият медиҳад, ки ба олами ҷисмонӣ ва рӯҳонии ашё, ҳодисоту воқеот ва инсонҳо амиқтар ва густурдатар назар андозад. Ба ҳамин монанд, ҳамчунин ӯ бовар бар он дорад, ки ҳар матои муқаррарии гирду атрофи мо, аз қабили либосе, ки дар тан дорем ва ё дар манзили зистамон ва маҳалли корамон мавҷуд ҳастанд, мисли пардаву чодару бистар ва ғ. метавонад, ба шаклҳои мухталиф ва ғайричашмдошти мо дарояд ва аз олами зоҳиру ботини ноаёни мавҷудоту махлуқот ва инсонҳо дарак диҳад. Дарк ва кашфи ин шаклгириҳои матоъ ва инъикоси он дар расм, мусаввара бо мӯйқалам дар ҳунари тасвиргарии на танҳо тоҷик, балки мардумони дигари дунё низ нав мебошад.
Ду равияи рассомӣ, ки ҳарду ҳам мутаваллиди даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, паёми озодиҳои фикрию эҷодӣ дар кишвари ободу сулҳофари Тоҷикистон буда, дар санъати рассомии тоҷик дастовари бузург маҳсуб мешаванд ва чун падидаи мондагори санъати тасвирии тоҷикон дар фарҳанги рассомии ҷаҳон арзиш доранд.
Гуфтанист, ки осори академик Зокир Собиров дар намоишгоҳҳои байналмиллалию ҷаҳонӣ бо номи миллии тоҷикӣ муаррифӣ ва рӯйнамоӣ шуда, маҳз навоварии эҷодӣ ва вижагии хоси ин асарҳо будааст, ки дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалӣ сазовори ҷоизаву шоҳҷоизаҳо гардидаанд. Аз ҷумла, чор медали тилло (солҳои 2015, 2019, 2020, 2021 Ню Ёрки Амрико), шоҳҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷоизаи «Беҳтарин рассом» (соли 2018) дар кишвари Украина аз зумраи онҳо мебошанд.
Заҳматҳои зеҳнию эҷодии ӯ дар доираи ҳунарии байналмилалӣ ба шакли шоиста эътироф шуда, то имрӯз ба чандин нишону унвонҳо дар кишварҳои ҷаҳон қадршиносӣ шудааст, ки академики фахрии Академияи рассомии Русия ва нишони «Барои рушди санъати Украина» аз Ҷумҳурии Украина намунаи онҳо аст.
«НУРВОРИЗМ»: аз калимаҳои тоҷикӣ, арабӣ ва лотинӣ (нур-вор-изм = гароиш ба чизе шабеҳи нуру фазо, дорои нур, такрори фазо ба нур ва он чи аз нур таркиб меёбад) гирифта шуда, нигоҳи хос ба воқеият мебошад. «Нурворизм» – равияи танзимкунандаи физикии нур мебошад, ки ба фазо омезиш хӯрда, нахуст дар мафкура тавлид мегардад ва пасон дар дохили образ ва дар шакли асар мезияд. Он метавонад бо ҳар сабки мавҷудаи ҳунар мувофиқат кунад ва омезиш ёбад. Зеро асли он нур аст ва нур маҳдуд набуда, ба қолабҳои сунъӣ ҷудо намешавад. «Нурворизм» дар мусаввараҳои монументалӣ, ороиши театрӣ ва либос ба кор бурда шуда, татбиқи худро дар санъати меъморӣ интизор аст.
«ТАНВОРИЗМ»: аз калимаҳои тоҷикию лотинӣ (тан-вор-изм = гароиш ба он чӣ дар шакли номуайянӣ қарор дорад, монанди матоъ ё ҷомавор) гирифта шуда, моҳияти табиат, анвои андеша, ғоя, тафаккур, зеҳният бо шаклу намои мухталиф, ки мо ҳамарӯза онро дар шакли матоъ, либос, рӯиҷо, рӯймол, парда ва монанди инҳо мебинем… «Танворизм» ҳастии дунёро ҳатто дар он ҷузъҳое, ки ба чашми инсон нонамоёнанд, боз мекунад. Инъикоси дунёи ботинии инсон ва ашёро, ки дар матоъ нуҳуфтааст бо андак коркард ва танзими ҳунарӣ ҳувайдо ва муаррифӣ мекунад.
Агар ба таърихи эҷоди равияҳои рассомии ҷаҳон назар кунем, тамоми эҷодгарони равияҳо як равияи эҷодӣ коркарду ихтироъ кардаанд, вале З. Собиров аз зумраи он эҷодкоронест, ки дар санъати тасвирӣ бо эҷоди ду равияи рассомӣ мавқеи хос дорад.
Ҳадаф аз эҷоди ин ду равияро академик Зокир Собиров хидмат ба фарҳанги рассомии миллӣ ва навгонӣ дар равияҳои наққошии ҷаҳон медонад, ки аз соли 1997 оғоз намуда, соли 2002 нахустин рӯнамоии эҷодии ӯ баргузор шудааст ва то имрӯз дар кишварҳои Тоҷикистон, Русия ва Украина пайравони равияҳои эҷодии худро пайдо намудааст.
Дилноза НЕЪМАТОВА, корманди
шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.