Оғози “Рӯзи дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иди касбии китобдорон-Рӯзи китоб “Рӯзи дарҳои боз” оғоз шуд. Дар оғоз директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ҳамагонро ба фарорасии 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иди касбии китобдорон шодбош гуфт.
Профессор Файзализода изҳори умед намуд, ки «Дарҳои боз»-и имрӯзи мо ба мароми дили ҳамагон ва боиси тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманду доманадори фарҳангӣ гашта, сафи мутолеони Китобхона зиёд мегардад.
Директори Китобхонаи миллӣ бо таваҷҷуҳ ба ин ки кишвари мо тӯли ин 33 сол ба комёбиҳои назаррас даст ёфт, иброз дошт, ки дар ин муддат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расондааст. Далели ин гуфтаҳо роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” ва даҳҳо дигар аз озмунҳои ба ин монанд аст, ки баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат баргузор карда мешавад.
Дар идома профессор Ҷумахон Файзализода аз озмуни дигар, “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ёдовар шуд ва гуфт, ки бо талош ва ташаббуси Китобхонаи миллӣ баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат соли ҷорӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” роҳандозӣ шуд, ки мақсади асосии он арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон мебошад.
Директори Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханрониаш иброз дошт, ки миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат мешумориданд, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан таърихи китобдории кишвари мо аз таърихи пурғановат ва доманадор бархурдор буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.
Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода иқдоми “Рӯзи дарҳои боз”-ро, ки ҳамасола доир мешавад, сутуд ва онро як гоми муҳим дар роҳи таблиғи китобу китобхона, ҷалби омма ба омӯзиш ва руҷуъ ба китоб номид. Вай аз ҷумла иброз дошт, ки ҳамасола 4-уми сентябр дар кишвари маҳбубамон чун Рӯзи китоб таҷлил мешавад, ки ин нишони таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим дар қатори дигар иду ҷашнвораҳо мебошад.
Профессор Абдуллозода изҳор дошт, руҳи як миллат дар партави арзиши китобу китобхона маъно мешавад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири инсон аст. Аз ин ҷост ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунан, то наслҳлои имрӯз ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.
Дар воқеъ китоб аз дарозои таърих ҳофиз ва эҳёкунандаи тафаккур ва андешаи солиму сарчашмаи бузурги афкор буда, чӯяндагони илм, андеша ва ҳақиқатро ҳамеша сероб намудааст,- таъкид намуд Масрур Абдуллозода.
Ҳамчуниндар танатанаи имрӯз хонандагони мактабу листейҳои пойтахт ширкати фаъол доштанд. Миёни мактаббачагони шаҳри Душанбе озмун доир ба мавзуи китоб ва таърихи китоб баргузор гардид, ки дар он ду нафар ғолиб омаданд.
Дар расми ифтитоҳи “Рӯзи дарҳои боз” чанд нафар аз кормандони Китобхонаи миллӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Қобили зикр аст, Рӯзи дарҳои бози Китобхонаи миллӣ давоми ду рӯз-4-5-уми сентябри соли ҷорӣ идома менамояд ва меҳмонон метавонанд гӯшаҳои намоиши китоб, ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарҳои рассомӣ, аксияи ширкатҳои мобилӣ ва ғайраро тамошо намоянд.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.