Оғози Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иди касбии китобдорон – Рӯзи китоб дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои боз” оғоз шуд. Ин рӯзи пуршукӯҳ бо тантанаҳои идона ва намоиши китобҳои нодиру пурхонанда ва намоиши маҷаллаву рӯзномаҳои матбуоти даврӣ, намоиши маҳсулоти қаннодиву ҳунарҳои мардумӣ, намоиш корхонаҳои давлативу ширкатҳои мобилӣ дар саҳни Китобхона оғоз гашт.

Сароғоз директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода роҳбари Китобхона бо сухани ифтитоҳӣ ҳамагонро бо фарорасии  34-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иди касбии китобдорон китоб шодбош гуфт. Профессор Файзализода изҳори умед намуд, ки “”Дарҳои боз”-и имрӯзи мо ба мароми дили ҳамагон ва боиси тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманду доманадори фарҳангӣ гашта, сафи мутолеони Китобхона зиёд мегардад.”

Директори Китобхонаи миллӣ бо таваҷҷуҳ ба ин ки кишвари мо тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳои назаррас даст ёфт, иброз дошт, ки  дар ин муддат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расондааст. Далели ин гуфтаҳо роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” ва дигар озмунҳои ба ин монанд аст, ки баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат баргузор карда мешаванд.

Дар идома профессор Ҷумахон Файзализода аз озмуни дигар, “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ёдовар шуд ва гуфт, ки  бо талош ва ташаббуси Китобхонаи миллӣ баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат ду сол аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” роҳандозӣ мешавад. Мақсади асосии озмуни мазкур арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон мебошад.

Директори Китобхонаи миллӣ дар бахши дигари суханрониаш иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории Рӯзҳои дарҳои кушод дар Китобхонаи миллӣ ин нишон додани фарҳанги деринаву қадимии миллати тоҷик ва ба ин васила инъикоси Китобхонаи миллӣ ҳамчун даргоҳи илму хираду маърифат ва дорои фонди бою ғанӣ, нишонаи соҳибкитобиву соҳибдевонии миллати куҳанбунёди тоҷик буда, ба қаламу китоб доштану китобро ганҷинаи илму дониш, нуру зиё, мояи пирузӣ бар ҷаҳлу зулмот ва саодати пешрафти бемайлони инсоният донистани аҷдодони мо шаҳодат медиҳад. Роҳбари Китобхонаи миллӣ ҳамчунин иброз дошт, ки дар тамоми марҳилаҳои башарият китобу китобхона ва китобдору китобнавис, олимону равшанфикрон ба маҷрои дурусти созандагиву ободкорӣ, давлатдориву тамаддунофарӣ равона намудани ҷомеаи инсонӣ нақши меҳварӣ доштанд ва доранд. Боиси хушҳоливу сарфарозист, ки имрӯз дар Китобхонаи миллӣ китобдорону китобнависон, адибону нависандагон, шоирону фарҳангиёни шинохта ва хидматчиёни давлативу донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ бо ҳам омадаву нури зиёи ин кохи илму маърифатро афзудаанд.

Дар фароварди сухан директори Китобхонаи миллӣ ба кори Рӯзҳои дарҳои боз муваффақият ва ба ҳамагон завқи болидаву бардошти фаровони маънавӣ таманно намуд.

Сипас Муҳиддин Панҷшанбезода-мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа сухан ронда, иқдоми “Рӯзи дарҳои боз”-ро, ки ҳамасола доир мешавад, сутуд ва онро як гоми муҳим дар роҳи таблиғи китобу китобхона, ҷалби омма ба омӯзиш ва руҷуъ ба китоб номид. Вай аз ҷумла иброз дошт, чорабинии имрӯза, ки дар пешорӯйи ҷашни муқаддаси миллӣ, 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва бо истифода аз фурсати муносиб аз номи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагонро табрик намуда ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ хушбахтӣ ва саодати рӯзгорро таманно намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд намудаанд, ки истиқлол неъмати бебаҳо ва пурарзишест. Аз ин хотир тамоми дастовардҳои халқу давлати мо аз ин неъмати пурбаҳо ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегиранд.

Мавсуф ҳамчунин таъкид намуд, ки маҳз дар даврони истиқлол арҷгузорӣ ба китоб ҳамчун сарчашмаи андухтани дониш ва омили пешрафти маънавиёти ҷомеа ва сиёсати фарҳангпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мақоми махсус пайдо кард. Ин аст ки ҳанӯз 18 сол қабл Президенти муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллӣ ҳамин рӯзро  ба ҳайси Рӯзи китоб эълон доштанд. Аз ҳамон рӯз инҷониб, ҳар сол дар саросари кишварамон Рӯзи китоб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангиву рӯйнамоии китобҳои тозанашр, маҳфилҳои адабӣ бо фарогирии доираи васеи иштирокдорон таҷлил мегардад.

Намояндаи ҲХДТ Ширинбекзода Садриддин Авазбек дар навбати худ аз номи Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон меҳмонону иштирокдоронро бо Рӯзи китоб табрику таҳният гуфт. Ширинбекзода Садриддин иброз дошт, ки китоб дар баробари Модар ва Ватан мақоми шоиста дорад. Хуш ба ҳоли миллате, ки чунин рамзи зиндагиро бо китоб пайванд медонад.

Ҳамчунин Мухбира Аюбӣ – намоянда аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ меҳмонону китобдоронро аз номи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, саодати рӯзгор ва кулбори пур аз аз ганҷи маонӣ – китобро таманно намуд. Мавсуф таъкид кард, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи Роҳбари давлат нисбати занон бештар гардида, мақому манзалати занонро боло бурд.

Сипас Олимҷон Забирзода-роҳбари Дастгоҳи иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки аз азал халқи тоҷик соҳиби китобу бунёдгузори тамаддуни башар аст. Бо ба даст овардани истиқлоли миллӣ рушди илму маориф китобу китобхонӣ дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва расидан ба ҳадафҳои олии давлату Ҳукумат зимни ироаи Паёмҳои худ Роҳбари маҳбуби кишвар пеш аз ҳама ба рушди илму маориф таваҷҷуҳ мекунанд.

Дар идомаи чорабинии идона ҳамкорони рушд ва корхонаву ташкилотҳое, ки дар ин рӯзи хуш китобхонаи миллиро ҳамроҳӣ намуданд, барои иштироки фаъолона дар чорабинии сиёсиву фарҳангии муассиса бахшида ба 34солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон қадрдонӣ шуда, бо Ифтихорнома-и Китобхонаи миллӣ сарфароз гардиданд: Ширкати алоқаи мобилии Мегафон, Корхонаи истеҳсоли обҳои нӯшокии “Сиёма”, Ташкилоти Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Рухом”, Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фабрикаи қаннодии Амирӣ”, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Шоколате”, сехи қаннодии “Шоколад”, директори МД Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова Раҷабов Искандар, Шӯҳрат Сайнаков – сарояндаи сурудҳои мардумию эстрадӣ, Худойдоди Раҳим, дастаи карнайнавозони МД «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон».

Ҳамчунин бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, қадр намудани меҳнат ва иштирок дар ташкил ва баргузории чорабиниҳо вобаста ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб як қатор кормандони фаъоли Китобхонаи миллӣ бо Ифтихорнома ва Сипоснома-и МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Бояд зикр кард, ки Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ ҳамасола бахшида ба Рӯзи китоб 4-ум ва 5-уми сентябр баргузор гардида, барои дӯстдорони китоб фурсати муносибест, ки бо шароиту имконоти Китобхона аз наздик шинос шаванд.

Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа