Охирин довталаби номинаи адабиёти кӯдакон пурсида шуд
Номинаи адабиёти кўдакон дар шуъба кўдакон ва наврасон бо иштироки охирин доавталаб барои озмуни соли 2022 бо мудири шуъбаи кўдакон ва наврасон ҷамъбаст гардид, ки онро Азизи Азиз рамзӣ номид. Ба гуфтаи ин адиби кўдакон номина бо ширкати ин довталаб, ки соҳибмулк аст, яъне озмуни ин бахш дар шуъбае, ки Назира мудираш аст, баргузор шуд ва сухани охирро дар ин бахши озмун Назира гуфт.
Назираро довар Азиз Азиз аз «Набераи шаҳрӣ», «Ҷага»-и Фазлиддин Муҳаммадиев, «Тобистон»-и Пўлод Толис ва «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ суол дода, мушаххас намуд, ки Назира он асарҳоро дар воқеъ мутолиа намудааст.
Назира ин асарҳои хондаашро шарҳ ва ба пурсишҳои дигари доварон аз ҷумла Муҳриддин Сабурӣ посухҳо дод. «Шоҳасп», ик асари Салими Зарафшонфар аст, ки ў мутолиа намудааст ва ҳакамон низ аз муҳтаво ва дигар ҷузъиётҳову лаҳзаҳои дигар китобҳои дар руйхатовардаи ин ширкаткунандаи охиринро пурсиданд.
ҳамчунин азэҷодиёти Абулқосим Лоҳутӣ, Мирсаид Миршакар, Убайд Раҷаб шеърҳо хонд. Аз нависандагони бузурги мо Сайф Раҳимзод ва Абдумалик Баҳорӣ низ, ки мутолиа намудааст, пурсида шуд. Довар Азиз Азиз бештар ўро суол дод ва ба ҳозирин Назираро муаррифӣ намуда афзуд, ки тўли чанд рӯз аст, ки мо дар ин ҷо ҳузур дорем ва мудирияти ин толор ба уҳдаи Назираву ӯ мизбони мост.
Аз ҳама лаҳзаи ҳаяҷобахши асари хондаашро Назира аз китоби нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов «Устоди аввалин» қисса кард.
Хакамони сахтгиру таҷрибадор ўро хеле санҷиш намуданд ва аз ҷавобҳояш нисбатан қаноатманд буданд.
Раҳима БОБОЕВА