Ҷоизаи Нобел дар адабиёт насиби Абдулраззоқи Гурна шуд. Кист ӯ?
Абдулраззоқи Гурна дирӯз барандаи ҷоизаи адабиёти Нобел «барои таҳқиқи оштинопазир ва дилсузонаи таъсири мустамликадорӣ ва сарнавишти паноҳандагон дар тақсимоти фарҳангҳо ва қитъаҳо» эълом гардид. Исми ӯ дар пешбиниҳои бунгоҳҳои букмекерӣ ёд намешуд. Бештари ширкаткунандагони ҳадсзаниҳо дар ин бунгоҳҳо аз Харуки Мураками (Ҷопун), Людмила Улитская (Русия), Мишел Уэлбек (Фаронса), Маргарит Этвуд (Конодо), Дон Деллило (Амрико) ва боз иддае дигар мегуфтанд.
Донишманди тоҷик Абдуқодири Рустам чанд соат қабл аз эълони исми соҳибҷоизаи Нобел дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишта буд: “Бештар вақт тасмими кумитаи Нобелӣ бо хости адабиётшиносону хонандагон мувофиқ намеояд. Чунончи, Мураками чанд сол аст, ки дар оғози феҳристи довталабони ҷоиза қарор дорад…… Аммо ман дилам мехоҳад ин ҷоизаро Кормак Маккарти (Амрико) ё Милан Кундера (Чехия-Фаронса) бигиранд...”
Аммо бархилофи пешбиниҳо Кумитаи Нобел Абдулраззоқи Гурнаро шоистаи ин ҷоиза барои соли 2021 эълон намуд. Исми Гурна барои аҳли адаб чандон зиёд ошно нест, ҳарчанд аз ҷумлаи нависандагони маъруфи садаи 21 ба шумор меояд.
Абдулраззоқи Гурна соли 1948 дар ҷазираи Занзибар дар хонаводаи мусалмони арабтабор ба дунё омадааст. Соли 1968 баъди авҷи араббадбинӣ дар Занзибар ба Британияи Кабир омад ва ба таҳсилаш идома дод. Солҳои 1980-1982 дар Донишгоҳи Байерои Нигерия дарс мегуфт.
Соли 1982 дар Донишгоҳи Кенти Британияи Кабир рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Соли 1985 дар мавзӯъи адабиёти баъдиистеъморӣ ва эҷодиёти адибоне, ки дар мустаъмараҳои собиқи Британия дар шарқи Африқо, Ҳинд ва ҷазираҳои Кариб эҷод кардаанд, лексияҳо хонд.
Дар айни замон профессори Донишгоҳи Кент буда, сарварии кафедраи апирантураи забони инглисиро ба уҳда дорад.
Муҳаррири масъули асари дуҷилдаи “Эссе дар бораи мероси хатии Африқо” буд.
Гурна соли 2006 узви Ҷамъияти Подшоҳии Адабиёт интихоб шуд. Рӯзи 7 Октябри 2021, ӯ «барои таҳқиқи оштинопазир ва дилсузонаи таъсири мустамликадорӣ ва сарнавишти паноҳандагон дар тақсимоти фарҳангҳо ва қитъаҳо» сазовори ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт гардид.
АСАРҲОИ Ӯ:
- «Хотираҳои мусофират” (англ.Memory of Departure1987)
- «Роҳи зоирон” (англ.Pilgrims Way, 1988)
- «Дотти» (англ.Dottie, 1990)
- «Биҳишт» (англ.Paradise, 1994)
- «Сукути таҳсиномез» (англ.Admiring Silence, 1996)
- «Канори баҳр” (англ.By the Sea, 2001)
- «Фирор аз хидмати сарбозӣ» (англ.Desertion, 2005)
- «Модарам дар мазраае дар Африқо зиндагӣ мекард” (англ.My Mother Lived on a Farm in Africa, 2006) — маҷмӯи ҳикояҳо.
- «Зиндагии пас аз марг”(2020)
Аз Абдулраззоқи Гурна ҳеч асаре ба тоҷикӣ тарҷума нашудааст.
Гуфтанист, ки охирин ҷоизадори Нобел аз қораи Африқо нависандаи маъруфи Нигерия Воле Шойинка буд, ки соли 1986 соҳиби ин ҷоиза шуда буд.
Б.Шафеъ