“Олиме бо ҷавҳари инсонӣ”. Мизи гирд доир ба рӯзгору осори профессор Мусулмониён

Салима Раҷабзода Шашуми феврали соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон бахшида ба ҳаёту эҷодиёти мунаққид, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Раҳим Мусулмониён зери унвони “Олиме бо ҷавҳари инсонӣ” мизи гирд баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш адибон, донишмандон, ҳамкорон, шогирдони олими маъруф, роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ, ҳамчунин намояндагони ВАО ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар расми ифтитоҳи ин ҳамоиш муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода суханронӣ карда,  аз рӯзгору осори адабиётшинос профессор Раҳим Мусулмониён ҳарф зад.

Ҷонишини аввали директори Китобхонаи миллӣ аз ҷумла гуфт, ки тавре огаҳӣ доред, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бунёд шуда, барои гиромидошт аз фарҳанги миллӣ, ҷамъоварӣ ва нигоҳдошти осори фарҳангию адабии миллати тоҷик ва хитдматрасонӣ барои насли наврасу ҷавон ва умуман шаҳрвандони кишвар пешбинӣ шудааст.

Бахтиёр МуртазоевАз рӯзи таъсисёбии ин махзани бузурги фарҳангӣ, ки барои беш аз 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст, зумрае аз адабиётшиносон, олимону муҳаққиқони фарҳангпарвари кишвар дар пайравӣ аз даъват ва сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат китобҳо ва китобхонаҳои шахсии худро ба ин махзани бузурги илмӣ тақдим намуданд. Яке аз чунин шахсиятҳо адабиётшиноси сермаҳсули кишвар, мунаққиди нуктасанҷ ва инсони самимию хоксор профессор Раҳими Мусулмониёни Қубодиёнӣ мебошанд, ки бештар аз 4000 нусха китоби худро ба Китобхонаи миллӣ супорида, имрӯз ин китобҳо дар гӯшаи алоҳида дар толори академикҳо ва кормандони илм нигоҳдорӣ мешаванд.

Сипас, Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазоев хотираҳои худро бо профессор Раҳим Мусулмониён аз замони донишҷӯйӣ ба ёд оварда, нақл кард, ки чи гуна устод дар роҳи омӯзиши талош мекарданд.

Профессорон Шамсиддин Солеҳ, Шоҳзамон Раҳмонов, Мирзомаҳмуд Мирбобоев, инчунин шоир ва рӯзноманигори шинохта Зиё Абдулло дар қисмати дигари нишаст аз Раҳим Мусулмониён ёд карда, аз паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ин олими сермаҳсул ҳарф заданд.

Маврид ба ёдоварист, ки профессор Раҳим Мусулмониён аз ҷумлаи сермаҳсултарин донишмандони риштаи адабиёти тоҷик буда, дар рушди адабиётшиносии кишвар, танқиди адабӣ, пажӯҳишҳо дар адабиёти классикии тоҷик саҳми босазо гузоштааст.

Аввалин мақолаи илмии ӯ бо номи “Нахустин повести нависандаи ҷавон” (1960) дар бораи повести Болта Ортиқов “Таътил”  буд. Ва баъди он пайваста тақризҳои пурмаънову таҳлилҳои олимонааш дар ҳар мавзуи адабиёт мунташир мешуд. Ин мақолаву рисолаҳо танҳо дар атрофи адабиёти муосир маҳдуд намешуданд. Раҳими Мусулмониён чун олими тавоно доманаи таҳқиқоти худро дар адабиёт густариш дод ва дар эҷоди ӯ мақолаҳои пурарзиши илмии  “Сайре дар бӯстони ҳикмат”, “Ду нишони шеъри олӣ”, “Ҳаёти иҷтимоӣ ва тасвири шоирона”, “Хоҷа Ҳофиз ва Темури Ланг”,  “Ёдгори муфид ва ҷомеъ”, “Мафҳуми “қасида” дар сарчашмаҳои назариявии асрҳои XI-XV”, “Радифи як шоҳасар”, “Қофия: пайдоиш ва арзиш” ва таҳқиқоти мондагори Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ. Бадоеъ-ус-саноеъ ва ғайра пайдо шуданд.

Профессор Раҳим Мусулмониён имрӯз на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки дар муҳити илмию адабии кишварҳои форсизабон ва ҳавзаи забону адаби мо машҳур мебошад.

Тавре муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода изҳор дошт, танҳо ёдоварии ин бахши зиндагонии олими маъруф дар Эрон ва фаъолияташ дар тарғибу ташвиқи адабиёти гузашта ва муосири тоҷик кофист донем, ки Раҳим Мусулмониён то куҷо як донишманди забардаст ва мумтоз будааст. Дар мусофират, ки ба солҳо тул кашид, олими тоҷик танҳо як мутолеакунандаи осори удабо набуд, балки бо муассисаҳои илмиву адабии Эрон ҳамкорӣ кард ва садҳо мақолаҳои хурду бузург аз гузаштаву имрӯзи адабиёти тоҷик навишт ва олами форсизабононро бо адабиёти пурғановати тоҷик ошно сохт.

Шамсиддин СолеҳДар Эрон ӯ тавониста буд ҳамкориҳои судмандро бо “Донишномаи адаби форсӣ”, “Дафтари фарҳанг ва адаби тоҷик” (Ҳавзаи ҳунарӣ), маҷаллаҳои “Шеър”, “Бухоро”, “Китоби моҳ”, “Ҷаҳони китоб” ва ғайра ба роҳ монад, чун мушовири илмӣ аз минтақаи Осиёи Марказӣ дар “Бунёди доиратулмаорифи исломӣ” дар Теҳрон фаъолият кард. Натиҷаи ин ҳамкориҳо чопи 13 китоб ва бештар аз ҳазор мақолаи илмӣ-оммавӣ дар ин кишвар буд.

Мутаассифона, то кунун он мақолаҳо аз маҷаллаҳо, донишномаҳо, рӯзномаҳои Эрон гирдоварӣ нашудаанд, эҳтимолан фарзандони азизи ин марди фозил, ки то кунун чанд китоби падарро рӯи чоп овардаанд, саргарми ин кор ҳастанд.

Дар нишаст ҳамчунин наздикону пайвандони Раҳим Мусулмониён наберагони ӯ ширкат карда,  барои ёду хотири бобояшон сухан гуфтанд.

Умедҷон Мусулмониён, набераи профессор Раҳим Мусулмониён дар охири ҳамоиш барои ташкили чунин нишаст изҳори сипос намуда, гуфт,ки бобоям ҳаёту рӯзгори худро ба забону миллат ва омӯзишу болоравии сатҳи илм бахшидааст.

Дар воқеъ Раҳим Мусулмониён олими маъруф ва зиндаёд наздик ба 50 китобро навиштаву беш аз 300 мақолаҳои илмиаш дар мавзуҳои гуногун вобаста ба забону адабиёт ва фарҳанг дар матбуот рӯйи чоп омадаанд, ки хонандагон метавонанд аз онҳо,ки дар хазинаи матбуоти Китобхонаи миллӣ ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд ба таври васеъ истифода намоянд.

Вобаста ба ин паҳлуи осори Раҳим Мусулмониён муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода суханронӣ карда, бо таъкид иброз дошт, ки тақдими китобхонаи шахсии устод Раҳим Мусулмониён ба Китобхонаи миллӣ яке аз иқдомҳои шоистаи таҳсин аст ва мо умед дорем, дигар олимону донишмандони мо ин анъанаро дар оянда идома медиҳанд.

Маврид ба ёдоварист,ки ҳамоиши мазкур бо ибтикори шуъбаи рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ бахшида ба 90-солагии донишманди маъруф, марҳум профессор Раҳим Мусулмониён ташкил ва баргузор шуда, дар ҳошияи он намоиши китобҳои олим низ ташкил шуд.

Дар поёни ҳамоиш миёни ширкаткунандагон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод Мусулмониён табодули афкор сурат гирифт.

Наргис НАЗАРЗОДА