Омўзгор ва муҳаққиқи библиография
Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои ҳарҷониба инкишоф ёфтани инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Аз қадимулайём бузургони илму адаб ба устод эҳтироми бепоён дошта, дар мавриди зарурӣ ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ба чунин шахсони хирадманду фозил Маҳмудов Гадобек Буриевич муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, омўзгор ва устоди кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии Донишкадаи давлати фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда метавонад.
Худованд одамро ба қобилиятҳои тайёр ба дунёи равшан тавлид намесозад, балки ба ў ҷанинҳои инкишофро медиҳад. Дар зери таъсири тарбия ва муҳити ўро иҳота карда ин нишонаҳо рў ба инкишоф меоранд. Вале инкишоф ёфтани қобилият, маҳорат ва малака ба худи шахс низ вобастагӣ дорад. Устод Маҳмудов Гадобек Буриевич низ аз зумраи чунин шахсони нотакрор буда, пастию баландиҳои ҳаётро аз сар гузаронида, ба мушкилиҳо бархўрда, ба сўи маҳорат қадамҳои устувор гузоштааст.
Маҳмудов Гадобег Бўриевич 1-уми майи соли 1960 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рўдакӣ) таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 66 ноҳияи мазкур, соли 1978, ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Маскав дохил шуд, онро соли 1982, бо ихтисоси китобдор-библиограф, хатм намуд, фаъолияти кориашро, соли 1982, ба ҳайси китобдори шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи А.Фирдавсӣ оғоз кард.
Солҳои 1983-1990 нахуст ба ҳайси омўзгори кафедраи библиографишиносии факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, аз соли 1990 то соли 2006, ба сифати омўзгори калони кафедраи мазкур кор кардааст.
Аз соли 2006 то соли 2013 роҳбарии кафедраи библиографишиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзодаро ба уҳда дошт. Дар вазифаи пурмасъулияти тайёр кардани мутахассисони соҳаи китобдорӣ, саҳми калон гузошт. Дар таҳияи нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои фаннӣ, силлабусҳо, дастурҳои методӣ ва таълимӣ, оид ба соҳаи библиография, фаъолона ширкат намуд. Ў муаллифи китобҳои дарсӣ, оид ба фанни «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо» (2012), «Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо» (2018), «Библиографишиносӣ» (2019) ва бештар аз 80 асари таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои библиографӣ мебошад.
Солҳои 2013-2015 ба сифати декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотии ДДСТ ба номи М.Турсунзода адои вазифа намуд ва дар таҳияи нақшаҳои таълимӣ, силлабусҳо, барои гузариш ба низоми таҳсили кредитӣ, саҳми калон гузошт.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 22-юми майи соли 2015, таҳти № АП – 511, мавсуф муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гардид.
Маврид ба зикр аст, ки саҳми устод бар таҳияи як қатор барномаҳои соҳаи китобдорӣ ва лоиҳаҳои соҳавӣ бениҳоят назаррас мебошад. Ў муаллифи беш сад китобу мақолаҳои илмӣ перомуни масоили китобдориву китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ мебошад. Дар давоми фаъолияти худ оид ба пуррагардонӣ ва тарғиби фонди нигоҳдории китобхонаи мазкур, ҷалби хонандагон, ҳамкорӣ бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳо диққати махсус додааст. Бо ташаббуси ў, барои кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ҳамоишҳои илмӣ-методӣ, роҷеъ ба ҳифзу истифодаи захираи китоб, созмон дода шуд, роҷеъ ба ин масъала вай дар семинарҳои ҷумҳуриявӣ гузоришҳо омода кард. Номбурда барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа пайваста кўшиш менамояд. Ҳамзамон, дар рушду нумўи соҳаи китобдорӣ, бо маҳорату кордонии худ, саҳми арзанда мегузорад. Бо ташаббуси вай барномаи курсҳои такмили ихтисоси кўтоҳмуддати сайёр, барои китобдорони китобхонаҳои давлатӣ-оммавии ҷумҳурӣ, ташкил карда шуд.
Маҳмудов Г.Б. дар тамоми корҳои ташкилӣ- ҷамъиятии китобхона фаъолона ширкат меварзад. Ў барои баланд бардоштани фаъолияти китобдорӣ, савияи дониши кормандони китобхона, ширкати онҳо дар семинару конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии соҳаи китобдорӣ, саҳми бевосита дорад. Маҳз бо ибтикори ў, бахшида ба 85-солагии таъсиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон, конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, таҳти унвони «Роҳҳои тадбиқи инноватсия дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурии Тоҷикистон», ташкил карда шуд, ҳамзамон, дар чандин семинар ва конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, оид ба мавзўъҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ, бо маърўзаҳо иштирок намуд.
Дар давоми фаъолияти корӣ Маҳмудов Г.Б. худро ҳамчун роҳбари кордон, соҳибтаҷрибаю баландихтисос нишон дод, ҳамеша ба тарбияи мутахассисони ҷавон эътибори ҷиддӣ медиҳад. Ў ба ҳамкорон, дар иҷрои вазифаи хизматӣ, кўмак намуда, ҳамчунин, нисбат ба иҷрои уҳдадориашон серталаб ва дар натиҷагирии супоришҳо масъулиятшинос мебошад. Иҷрои нақшаи кории шуъбаю бахшҳои китобхонаро таҳти назорати доимӣ қарор дода, аз ҳар як корманд иҷрои пурраи вазифаи хизматиро талаб менамояд. Дар баррасии масъалаҳо ва ҷамъбасти супоришҳо бевосита иштирок карда, хулосаҳои аниқу дақиқ пешниҳод менамояд.
Маҳмудов Г.Б. ҳамчун мутахассиси эҷодкор ва навовари соҳаи китобдорӣ, дар ташаккул ва рушди фарҳанги Тоҷикистон ҳиссагузор, ба ҳамкорон ва хонандагон хушмуомила мебошад.
Мавсуф, баробари фаъолият дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҳамчунин, ба ҳайси дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода аз фанни «Библиографишиносӣ» ба донишҷўёну магистрон дарс медиҳад.
Хизматҳои Маҳмудов Гадобек бо медали “Хизмати шоиста”, нишонҳои «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор ифтихорномаҳо сарфароз гардидаанд.
Шахсияти ин марди хоксору хирадманд, одилу халқпарвар ва асилу сарбаланд басо ибратомўз аст. Ҳар гоҳе, ки бо устод суҳбат мегузаронам, панд мегирам, чунки устод бисёр хотираҳои нек ва омўзанда доранд. Инчунин, қайд карданд, ки мо, омўзгорон, ҳамон вақт хушҳол ва хушбахтем, ки самараи корамонро дар шогирдонамон мебинем, ки барои Ватану миллати хеш хизмат менамоянд ва ҳамеша барои ободии Тоҷикистон саъю кўшиш мекунанд. Барои ҷуброни меҳнати пурмашаққату дили саршори меҳру муҳаббати бузурги муаллим аз осмон ситора овардан, аз қаъри замин ганҷ бурун овардан, куҳҳоро паст сохтан, замину замонро гулзор кардан кам аст кам…
Гуё шоир ин мисраҳоро барои чунин устодон гуфтааст:
Суҳбати мардон бувад ҷонпарварӣ,
Чун дар ин суҳбат равӣ ҷон парварӣ.
Валиев Ҷамил, корманди шуъбаи нигахдории китоб.