Омодагии Китобхонаи миллӣ ба даври ниҳоии озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”

Толор24 сентябр даври дуюми озмуни “Хонандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат” дар муассисаи давлатии Китобхонаи Миллии назди дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Китобхона чӣ омодагиҳо дорад? Бо ин суол ба муовини директори Китобхонаи миллӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сайфиддин Камолзода муроҷиат кардем. Вай гуфт:

Бо фармоиши роҳбари муассиса се толори барҳаво бо тамоми шароит барои ин озмун пешбинӣ шудааст, ки хонандагон метавонанд бе ягон мамоният аз ин се толор истифода баранд.  Ҳарсе толор дар ошёнаи дуюми бино қарор дорад аз ҷумла яке аз ин толорҳо махсус бо номи ҳамин озмун – толори “Хонандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат”  номгузорӣ шудааст.

Ҳамчунин чор маротиба ҷаласаҳои корӣ доир гардида, аъзои ҳакамон бо ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Академияи милли илмҳо, Кумитаи таҳсилот интихоб гардид, ки аксарият сиёсатмадорон, донишмандон ва таърихшиносони донишгоҳҳои олии кишвар буда ба се гурӯҳи иборат аз 5 нафарӣ ҷудо гардидаанд.

Рӯзи 19 -09-2024 семинари омӯзишӣ низ бо иштроки 20 нафар гузаронида шуд ва тавсияҳои лозима пешниҳод гашт.

Ҳамчунин гуруҳҳои корӣ, хабарнигорони дохили муассиса сафарбар шудаанд то ки  рафти баргузории озмунро дар сомонаи китобхона инъикос намоянд.

Толори-хонандаНогуфта намонад ки бино ба барномаи тасдиқшуда ҷараёни озмун аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар намош дода шуда, барои инъикоси он ҳамаи расонаҳои хабарии дохилӣ, телевизион ва радиоҳо ҷалб шудаанд.

Барои ширкаткунандагон Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и  Боз туҳфаҳои хотирвӣ аз тарафи муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон омода гаштааст ки ба хонандагон дар озмун тақлим карда мешаванд.

Озмун тули чор рӯз, аз 24 то 27-уми сентябри соли 2024 идома хоҳад ёфт.

 

Шавқинисо НОСИРОВА