Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” – қадаме ба сӯи баланд бардоштани шаъну шарафи муаллим

15-уми октябри соли равон вакилон дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро қабул намуданд.Ин иқдом гувоҳи таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумат, хосатан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини шароити мусоиди фаъолияти яке аз қишрҳои асосии ҷомеа омӯзгорон аст.

Қонуни мазкур, ки мақом, ҳифзи ҳуқуқ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳои омӯзгорро танзим менамояд, як ҳуҷҷати мукаммал буда, вазъи ҳуқуқии омӯзгорро ба таври амиқ муайян кардааст. Дар Қонун мафҳуми “мақоми омӯзгор” ҳамчун «вазъи ҳуқуқӣ, шаъну шараф, таъминоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор дар ҷомеа» муқаррар шудааст. Ин таъриф нишон медиҳад, ки Қонун на танҳо ҷанбаи ҳуқуқӣ, балки ҷанбаи иҷтимоӣ ва ахлоқии мақомро дар бар мегирад. Принсипҳои асосии мақоми омӯзгор як қатор талаботи муҳимро пешбинӣ мекунанд, аз ҷумла: ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои омӯзгор, таъминоти иҷтимоии ӯ, манъи дахолат накардан ба фаъолияти касбӣ, манъи ҷалби омӯзгор ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ва манъи санҷиш ва назорати ғайрисоҳавии фаъолияти ӯ. Ин принсипҳо заминаи ҳуқуқӣ барои таъмини дахлнопазирии касбии омӯзгор ва ҳимояи ӯ аз фишору дахолатҳои беруна мегузоранд.

Яке аз бобҳои муҳим «Кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии омӯзгор» мебошад. Дар ин бахш як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳо, ки бевосита ба беҳтар намудани шароити зисту фаъолияти омӯзгорон равона шудаанд, пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, давлат фаъолияти озоди касбиро кафолат дода, таъмини омӯзгорро бо маводди зарурӣ таъмин менамояд. Ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор зери ҳимояи давлат қарор дошта, ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияти бо раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда, қатъиян манъ аст. Барои омӯзгороне, ки дар деҳот фаъолият мекунанд, ташкили шароити заруриро кафолат дода, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан ё ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба онҳо бе навбат чораандешӣ намоянд. Инчунин, омӯзгорони муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз пардохти андози замин озод мебошанд. Ба музди меҳнати омӯзгорони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ иловапулӣ ба меъёри 30 дар сади маош ва барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои ифтихорӣ мегиранд, 20 дарсади музди меҳнати амалкунандаашон дар давоми як соли таҳсили минбаъда пардохт карда мешавад. Манъи қатъии батаъхиргузории пардохти музди меҳнат ва манъи пардохти маблағ аз музди меҳнати омӯзгор барои обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ, корҳои ободонӣ ва хариди маводди таълимӣ низ аз муқаррароти калидии Қонун аст. Ҳамзамон, омӯзгор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ ба таври ройгон таҳсилоти олии дуюми равияи омӯзгориро мегирад.

Қонун ҳамчунин уҳдадориҳои омӯзгорро ба таври возеҳ муқаррар намуда, аз ӯ талаб мекунад, ки таълимгирандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намояд. Нуқтаи асосӣ ин аст, ки омӯзгор ҳақ надорад, ки ба тарғибу ташвиқи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ роҳ диҳад ва таълимгирандагонро ба азхудкунии ғояҳои сиёсию динӣ водор кунад. Муҳимтар аз ҳама, ба гирифтан ва ҷамъоварии маблағҳо барои таҳсил, таъмири биноҳо, обунаи нашрияҳо, гузаронидани чорабиниҳо ва харидани маводди таълимӣ аз таълимгиранда роҳ дода намешавад. Ин меъёр як қадами ҷиддӣ дар мубориза бо ҳолатҳои номатлуб дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Боби «Дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор» таъкид менамояд, ки фаъолияти касбии омӯзгор дахлнопазир аст ва омӯзгор ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбӣ аз дахолати мақомоти ғайрисоҳавӣ, таҳқир, зӯроварӣ ва фишор ҳифз карда мешавад. Дар ин замина, мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар вазифадоранд, ки ҷиҳати ҳифзи дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор тадбирҳои зарурӣ андешанд ва омӯзгорро ба кору фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, ҷалб накунанд.

Мо сипосу миннатдории самимии худро ба Асосгури сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷӯҳи хоса ба соҳаи маориф ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» иброз медорем.

Ин Қонун, ки ба баланд бардоштани шаъну шараф, ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии омӯзгорон равона шудааст, иқдоми бузургест, зеро сифати кор ва ояндаи ҳар як соҳа аз маҳорат ва мақоми устодон вобаста аст. Мо хуб дарк мекунем, ки устувории ҷомеа ва рушди давлат аз мактаб ва заҳмати омӯзгор оғоз меёбад.

Ин ғамхорӣ нисбат ба бунёдгузорони фардои миллат, бори дигар собит месозад, ки Пешвои миллат маърифат ва мақоми омӯзгорро дар меҳвари сиёсати давлатдорӣ қарор додаанд.

Муҳаммад Сафаров,
мутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ».