Ораш Раҷабов: Аз хондани рубоиҳои Хайём ҳаловат мебарам

Ораш РаҷабовДар номинатсияи адабиёти класикӣ довталабон бештар ба назм диққат медиҳад ва аксаран садҳо ғазалу рубоӣ, қасидаву қитъа ва порчаҳо аз достон аз худ кардаанд. Ораш Раҷабов, хонандаи синфи 6 уми МТМУ –и №15 и ноҳияи Ванҷ соли аввали иштирокаш дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, ки зиёда аз 100 ғазал аз бар кардааст.

“Ман аз ғазалҳои Саъдию Ҳофиз ва Камоли Хуҷандӣ ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ дармеёбам. Хондани ғазалҳои ин шоирони абарманд маро барои ширкат дар ин Озмуни бонуфуз роҳ кушод. Ҳарчанд таҷрибаи аввалин аст, аммо кӯшиш кардам тамоми абёти дар Низомнома овардашударо бо истифода аз имкон аз худ кунам”- мегӯяд ин довталаб.

Ораш Раҷабовро барои ширкат дар Озмун падараш, ки омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаашон мебошад, дастгирӣ мекунад. “Тамоми китобҳоро барои мутолиа падарам бароям дастрас карданд.Чун аз хурди падарар медиданд, ки ба шеърхонӣ ва мутолеа завқ дорам, бароям дилхоҳ китобҳоро пайдо мекарданд”- бо завқ нақл кард Ораш.

“Дар адабиёти мо рубоисароёни зиёде ҳастанд, аммо ман аз хондани рубоиҳои Хайём бисёр ҳаловат мебарам. Хеле сода равон, фаҳмо ва дилнишинанд рубоиҳои ин  шоири форсу тоҷик”-мегӯяд ин довталаб.

Ораш Раҷабов ба даври ниҳоии Озмун ҳамроҳи падараш Шамшод Раҷабов омадааст. Мо бо ӯ дар толори волидон ва наздикони иштирокчиён, ки метавонанд баромади ширкаткунандагонро мустақиман тамошо кунанд, ҳамсуҳбат шудем. Ораш чанд лаҳза баъд назди аъзои ҳакамон баромад мекунад. Ӯ бо ҳаяҷон ва завқи зиёд иштирокчиён ва посухҳои онҳо, суолҳои ҳакамон ва тарзи баёни довталабонро тамошо мекунад.

Падари Ораш мегӯяд, ӯ асарҳои насри адибони класикиро хеле хуб хондаву дарк мекунад. “Гулистон”-и Саъдӣ, “Ҳазору як шаб” “Чор дарвеш” “Саргузашти Ҳотами Той” ва дигар китобҳоро борҳо хондаву ба шавқ ҳар як ҷузъиёти онҳоро нақл мекунад.

Ба Ораш дар Озмун ва таҳсилаш барор мехоҳем, ва умед дорем сафи чунин хонандагон пайваста зиёд мегардад.

Суҳбати Наргис НАЗАРЗОДА