ОШНОӢ БО КИТОБҲОИ ҚАДИМ. В.Бартолд: “Гузориши сафар ба Осиёи Миёна бо ҳадафи илмӣ”
Китоби “Гузориши сафар ба Осиёи Миёна бо ҳадафи илмӣ”. Солҳои 1893-1894. (Отчет о поездке в Средню Азию с научною целью. 1893-1894 гг) яке аз асарҳои нодиру гаронарзиши Василий Владимирович Бартолд — шарқшинос, забоншинос, туркшинос, арабшинос, исломшинос, таърихнигори маъруф ва ҳамзамон яке аз бунёдгузорони мактаби шарқшиносӣ дар Русия ба ҳисоб меравад. Ин асар соли 1897 дар нашриёти Академияи илмҳои императорӣ дар Санкт-Петербург бо забони русӣ рӯи чоп омадааст.
Муаллиф дар ин асари худ дар бораи сафараш ба Осиёи Миёна, ки бо роҳхати Донишгоҳи Санкт-Петербург ва Академияи илмҳои императории Русия солҳои 1893-1894 сурат гирифтааст, муфассал гузориш медиҳад. Нависанда дар баробари ҷамъоварии маъхазҳо оид ба таърихи ин сарзамин ҳамчунин дар бораи ёдгориҳои таърихӣ ва харобаҳои шаҳрҳо низ дар китобаш маълумоти кутоҳ пешниҳод кардааст. Вай дар ҷараёни ин сафари илмияш дар Тошканд маҳфили дӯстдорони бостоншиносӣ ташкил карда, дар рӯзномаҳои “Туркестанские ведомости” ва “Окраина” силсила матлабҳоеро низ нашр намудааст. Ӯ дар Хуҷанд, Ӯротеппа, Оқтеппа ва Шаҳристон низ будаву бисёре аз маъхазҳои хаттиро пайдо ва дар бораашон матолиби кутоҳи маълумотӣ пешниҳод кардааст.
Китоби “Гузориш аз сафар ба Осиёи Миёна бо ҳадафи илмӣ” аз муқаддима ва шаш боб иборат буда, бобҳои аз 1 то 5-и он ба таъриху ёдгориҳои Шимкнет, Аулие-Ата (шаҳри Тарази ҳозираи Қазоқистон), соҳили Талас, водии Чуй, ҳавзи Норин ва кӯли Иссиккул бахшида шудааст. Боби шашуми асар дар бораи таърихи туркон нақл мекунад, ки он аз якчанд сарчашмаҳои илмӣ ҷамъоварӣ шуданд.
Китоби мазкурро метавонед аз шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ – макони нигаҳдории нусхаҳои асарҳои нодиру камёфт ва қадимӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти рақами 25424, 63312 дастрас намоед.
ВАСИЛИЙ ВЛАДИМИРОВИЧ БАРТОЛД 3 ноябри соли 1869 дар шаҳри Санкгт-Петербург дар хонаводаи хидматчӣ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1887 Гимназияи 8-уми Петербургро бо медали тилло ва соли 1891 факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Петербургро хатм намудааст. Ў аз замони донишҷӯияш ба омӯзиши таърихи мардуми Шарқ машғул шуда, барои навиштани нахустин мақолааш “Дар бораи дини насронӣ дар Осиёи Миёна” сазовори медали нуқраи Донишгоҳи Петербург шуда буд.
Василий Владимирович Бартолд дар давоми 38 соли фаъолияти илмию таҳқиқотиаш беш аз 400 асар – монография, рисолаҳои илмӣ ва мақола навиштааст, ки дар умум 9 ҷилдро ташкил медиҳад.
Ў солҳои 1903, 1906, 1920 ва 1925 низ ба бисёре аз шаҳрҳои таърихӣ Осиёи Миёна сафар намуда, аз китобхонаҳо ва осори фарҳангиву таърихии ин мардум мавод ҷамъоварӣ намудааст.
Аксари асарҳои Бартолд монанди: «Туркистон дар давраи тохтутози муғулҳо» (қ.1-2, солҳои 1898-1900), «Тафсири таърихию географии Эрон» (1903), «Доир ба таърихи обёрии Туркистон» (1914), «Улуғбек ва давраи вай» (1918) ва ғайра то имрўз қимати баланди илмӣ доранд.
Пас аз Инқилоби Октябр Бартолд тамоми ҳаёту фаъолияти худро ба манфиати халқ, тараққиёти илм ва тарбияи зиёиёни нави шуравӣ бахшид. Баъд аз тақсими ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар соли 1924 якчанд асар навишт: «Тоҷикон» (соли 1925), «Қирғизҳо» (соли 1924), «Очерки таърихии туркманҳо» (соли 1929).
Дар корҳои навсозии Академияи фанҳои ИҶШС, таъсиси Университети Осиёи Миёна дар Тошкент фаъолона иштирок кард.
Бартолд профессори Институти шарқшиносии Москваю Ленинград, Университети Осиёи Миёна ва дигар донишкадаҳои ИҶШС буд. Бартолд раиси доимии Коллегияи шарқшиносии Академияи фанҳо, ҷонишини раиси Академияи таърихи маданияти моддии Россия, раиси Экспедитсияи этнологии Осиёи Миёна, узви Шурои илмии Экспедитсияи Помир ва ғайра буд.
Дар ташкили осорхонаҳо, китобхонаҳои шарқшиносӣ, ҷамъоварии дастхатҳои шарқӣ хизмати шоён кардааст.
Муҳаққиқ ва забоншиносӣ рус Василий Владимирович Бартолд 19 августи соли 1930 дар сини 61 солагӣ дар шаҳри Ленинград даргузаштааст.
Таҳияи Азиза Баротова, Сармутахассиси шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ.
Аз Василий Бартолд ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ боз метавонед ин матолибро ҳам бихонед:
Извлечение из «Тарихи-шахрохи». – Санкт-Петербург: Типография императорской Академия наук, 1898. – 114 с.
Китаби – Коркудъ. –Санкт-Петербург: Академия наук, 1900. – Т.3. – 60 с.
Народное движение в Самаркандь. –Санкт-Петербург: Типография императорской Академии наук, 1906. – Т.17. – 19 с.
Система счисления орхонских надписей в современном диалекть. – Санкт-Петербург: Типография императорской Академии наук, 1907. – 173 с.
Материалы для истории факультета восточныхъ языковъ. – Санкт-Петербург: Типография М. М. Стасюлевича. – 1909. – Т.4. –206 с.
Церемониал при дворь узбецких ханов в 17 вькь. – Санкт-Петербург: Типография В. Э. Кришбаума, 1909. – 308 с.
Султан Синджар и гузы. – Санкт-Петербург: Типография императорской Академии наук, 1910. – Т.XX. – 4 с.
Запись о русском посольствь в персидской рукописи. – Санкт-Петербург: Типография императорской Академии наук, 1914. – 367 с.
О командировкь в Лондон. – Петроград: Типография императорской Академии наук, 1914. – 882 с.
Правнук. – Санкт-Петербург: Типография императорской Академии наук, 1914. – 156 с.
Отчет о командировке в Туркестанский край летом 1916 года. – Петроград: Академия наук, 1916. – 1242 с.
Карл Германович Залеман. – Петроград: Типография Академии наук, 1917. – 22 с.
К Сказкь о Хитрости Дидоны. – Петроград: Типография Российской Академии наук, 1917. – 151 с.
К истории религиозных движений X века. – Петроград, 1918. – 798 с.
Ислам. – Петроград: Огни, 1918. – 95 с.
Отчет о командировке в Туркестан. – Известия Российской Академии истории материальной культуры, 1922. – Т. 2. – 22 с.
Иран: Исторический обзор. – Ташкент, 1926. – 122 с.
Еще об анониме Искендера. – Ленинград: Издательство Академии наук, 1929. – 180 с.
Сочинение. Т.1-9. – Москва, 1963-1977.
Бартолд В. В.Тоҷикон: Очерки таърихӣ / Пешгуфтори М. Муллоаҳмадов // Садои Шарқ. – 1990. – №1. – С.92-103.
Дар борааш
Умняков, И. И. В. В. Бартольд. По поводу 30-летия профессорской деятельности. – Ташкент, 1926. – 202 с.
Акрамов, Н. М. Выдающийся русский востоковед В. В. Бартольд. – Душанбе: АН Таджикской ССР, 1963. – 112 с.
Акрамов, Н. М. Академик В. В. Бартолд: Дар бораи фаъолияти илмии олим, шарқшиноси тоҷик В. Бартолд / Муҳаррир А. Сангинов. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 55 с.
Акрамов, Н. Шарқшиноси машҳур: Ба муносибати 100-солагии зодрўзи олими рус В. В. Бартолд // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 15 ноябр.
Олимова, С., Олимов, М. Ба гузашта бо диққат назар андозем: Тафсири таърихӣ-фалсафӣ перомуни ёддоштҳои академик Бартолд В. В. // Коммунисти Тоҷикистон. – 1990. – №4. – С.76-80.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.