Ошноӣ бо Мавлоно Мақсуд Хурдаи Кошӣ
Дар авоили ҳол дар шаҳри хеш хурдафурўшӣ мекарда, лиҳозо, мулаққаб ба Мақсуди Хурда шудааст. Бо Мавлоно Муҳташам ва ғайра муосир буда.
Ўрост:
Ман гирифтам, ки зи Мақсуд намеояд ҳеч,
Дўст бошад, беҳ аз ин нест, ки душман бошад.
***
Аз он лаб як сухан, як ҳарфу як дашном мехоҳам,
Такаллуф бартараф, имрўз аз он лаб ком мехоҳам.
Ба эътиқоди роқими ҳуруф, агар мисраи аввалро чунин бихонанд, беҳтар аст:
Аз он лаб ё сухан, ё ханда, ё дашном мехоҳам.
***
Аз он дил раҳм меҷўям, биёву содалавҳӣ бин,
Ки ман дар кофаристон рафтаам, ислом мехоҳам.
***
Шаби васл аст, гулўгир шав, эй мурғи саҳар,
Посе аз шаб нагузаштаст, чӣ афғон аст ин?
***
Эй сипеҳр, инсоф бо Фарҳоду Маҷнун рафтаанд,
Ҳамчу ман девонае дар кўҳу саҳро ёфтӣ.
***
Чанд гўӣ, ки биёву дили худ бозситон,
Он диле, к-аш ту бихоҳӣ, ман аз он безорам.
***
Зи як дам бо ту будан дил тасаллӣ кай шавад? Ҳаргиз!
Тур бо хештан мехоҳаму бисёр мехоҳам.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Уғул Бобораҳимова,
мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.