Ошноӣ бо Антуан де Сент-Экзупери аз тариқи афсонаи ӯ “Шоҳзодаи хурдакак”

Шоҳзодаи хурдакакНависандаи номии Фаронса ва ҳавопаймои касбӣ Антуан де Сент-Экзупери соли 1944 дар синни  44- солагӣ ҳангоми парвози ҷангӣ ҳалок шудааст. Ў ҳавопаймои ҳарбии кашф буд. Антуан ҳамеша мехост, ки қаҳрамонҳои асарҳояш дар зиндагӣ ҳам қаҳрамони ҳақиқӣ  бошанд. Ў қаҳрамонҳояшро чун одамони дорои қувваи бузурги ботинӣ, ки барояшон мафҳумҳои масъулиятшиносӣ, талаботи баланди ахлоқӣ нисбати худу дигарон чизҳои воқеианду, ҳамеша ба ҷонфидоӣ тайёранд, тасвир мекард. Худ низ ҷонфидо гардид. Фидокори роҳи озодии ватанаш аз фашизм.

Асарҳои Антуан де Сент-Экзупери «Ҳавопаймои хаткашони ҷануб», «Парвози шабона», «Сайёраи мардумон», «Ҳавопаймои ҳарбӣ», «Мактубе ба гаравгон», афсонаи «Шаҳзодаи хурдакак» номи ўро машҳури ҷаҳон ва абадӣ гардониданд.

Афсонаи «Шаҳзодаи хурдакак»- ро Экзупери соли 1942 дур аз ватан-дар Ню-Йорк навиштааст. Ин китоб бори аввал дар ҳамон ҷо, соли 1943 аз чоп баромад.

Ҳоло «Шаҳзодаи хурдакак», ки «афсонаи бачагона барои калонсолон» аст, ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудааст.

«Шаҳзодаи хурдакак»- и Антуан де Сент-Экзупери афсонаест барои калонсолон, ки бо оҳанги кўдакона, бо сабке, ки хоси фаҳмиши бачаҳост, навишта шудааст. Ақлу заковати кўдак дар содагии ўст, одамият, инсонигарии ў ҳоло гум нашудаву худ бовариро ба мардум гум накардааст.

Муносибати кўдаки пок ба инсону табиат воситаест, ки Сент- Экзупери барои ифодаи навъи инсон-инсоне ки ҳанўз вайрон нашудааст ва инсоне, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ вайрон шудааст, истифода мекунад.

Дар дунёи беканор Шаҳзодаи хурдакак бо як зиндагии бемаъние, ки шаклҳои гуногун дорад, вомехўрад. Бо мансабпарастии бемаънӣ, худпарастии бемаънӣ, чизпарастии бемаънӣ, бо илми беамал, ки машғулият бо он ҳеҷ маънӣ надорад, дучор мегардад. Ў ҷўёи инсон аст. Маълум мешавад, ки бе мардумон будан бад аст, вале бо онҳо будан ҳам осон нест.

Корҳое, ки мардум мекунанд, агар аз бинишгоҳи одамӣ нигарем, аз ақл беру наст, қобили дарк нест.

Дар дунёи бўқаламун Шаҳзодаи хурдакак бо асли зиндагӣ, ҷавҳари он, ҳақиқати он вомехўрад. Ҳақиқати муҳим ва бебаҳоро ба ў Рўбоҳ мегўяд.

Байни мавҷудоти зинда муносибати бепарвоёна, бегонагӣ не, балки меҳру муҳаббате ҳаст. Ба гуфти Рўбоҳ зарур аст, ки «дастомўз»- и ҳамдигар бошем. Маҳз ҳамин ҳамраъйӣ, меҳру муҳаббат роҳ ба сўи ҳақиқат мекушояд, ба дарки асли зиндагӣ раҳнамун месозад. Ҷавҳари зиндагӣ муҳаббат аст, ки ҳақиқати зиндагӣ дар он зоҳир мегардад.

Ин ақидаи нависанда гувоҳӣ медиҳад, ки маънавияти ў, некдиливу некбинии ў ба сатҳи баланд расидааст. Дили ҳассос муайянкунандаи неку бади инсон аст. Фақат дили ҳассос метавонад дурўғро аз фурўғ, самимиятро аз меҳри рўякӣ фарқ созад.

Бесабаб нест, ки афсонаи Сент-Экзупери ҳузновар ба охир мерасад. Шаҳзодаи хурдакак ғусса мехўрад, ки аз муҳаббату рафоқат ҷудо гаштааст, вале афсўс, баргаштан ба дунёи кўдакӣ дигар номумкин аст. Кўдакиро ба якумр падруд мегўянд.

Вале роҳи оянда ҳам баста аст. Фақат соҳиб шудан ба маънавияту ахлоқи баланд умеде ба миён намеорад, ки бар бераҳмиву зулм, бар зиштиву бадӣ ғалаба намоем, онҳоро бартараф  созем.

Барои Шаҳзодаи хурдакак роҳе нест бидуни марг.

Экзупери мекўшад аз болои ҳамаи муносибатҳои инсонӣ чодари бегонагиву ҷудоӣ, дилхунукиро бардорад. Ў аз он чизҳое сухан меронад, ки офариниши зиндагӣ аз онҳост ва ба ин сабаб ҳеҷ воқеияте бидуни онҳо арзи вуҷуд нахоҳад кард.

Экзупери аз чизҳое сухан меронад, ки асоси эҷоди инсонанд ва аз ин сабаб дар худ нақши рўҳи ўро доранд.

Ў дар бораи чизҳое асар навиштааст, ки дар кору бори инсон иштирок доранду аз ин сабаб нисбати онҳо бепарвову беҳис будани инсон номумкин аст.

Сент-Экзупери чун нависанда дар назди худ ҳамеша як мақсад мегузошт: мехост дар худ инсонеро кашф намояд, ки муҳтоҷи муҳаббат асту худ низ қодир аст меҳре ба диле бубахшад ва самимӣ дўст бидорад.

«Шаҳзодаи хурдакак» ифодаи худшиносии шоиронаи инсон аст.

****    ** ***    ****

Ин сатрҳоро аз сарсухан ба китоби “Шоҳзодаи хурдакак”-и адиби шиноха Антуан де Сент-Экзуперӣ иқтибос овардем. Китоб соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар тарҷумаи Талъат Нигорӣ чоп шудааст ва чанд нусха аз он дар Китобхонаи миллӣ, бахусус дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон мавҷуд аст, ки хоҳишмандон метавонанд онро бихонанд.

Мо як иқтибоси дигар, порчае аз ин афсонаро дар зер меорем.

Шашсола будам. Боре дар китобе, ки «Воқеаҳои ҳақиқӣ» ном дошту аз хусуси ҷангалҳои худрўй ҳикоят мекард, расми аҷиберо дидам: аждаҳо ҳайвони ваҳшиеро фурў мебурд. Вай ана ин хел тасвир шуда буд:

Дар китоб чунин омада буд: «Аждаҳо қурбонии худро нахоида фурў мебарад. Баъд дигар ҷунбида наметавонад ва ҳамин тавр ним сол, то ҳазми хўрок хоб меравад»

Аз хусуси ҳаёти ҷангалзор, ки пур аз ҳодисаҳост, ман бисёр фикр мекардам ва бо қалами ранга худам низ нахустин расмамро кашидам. Ин расми рақами 1-и ман буд. Ана чӣ кашидам:

Эҷоди худро ба калонсолон нишон дода пурсидам, ки аз ин расм наметарсанд?

Магар кулоҳ даҳшатнок аст?- эътироз карданд ба ман.

Вай кулоҳ не, балки аждаҳое буд, ки филро фурў бурдааст. Пас, барои ин ки ба калонсолон фаҳмотар шавад, дохили аждаҳоро кашидам. Охир, ба онҳо ҳамеша ҳама чизро фаҳмондан лозим аст. Ана расми рақами 2-и ман.

Калонсолон маслиҳат доданд, ки морҳоро аз даруну аз берун тасвир накарда, бештар бо ҷуғрофия, таърих, ҳисоб, ҳусни хат машғул шавам. Аз ин ҷост, ки ман дар шашсолагӣ аз шуҳрати бузурги рассомӣ даст кашидам. Бо расмҳои рақами 1 ва рақами 2 ба нобарорӣ дучор омада, дигар ба худ боварам намонд. Калонсолон худашон ҳеҷ гоҳ чизеро намефаҳманд. Ба онҳо ҳар чизро пайваста шарҳу эзоҳ додан лозим аст. Ин кор бачаҳоро басо дилгир месозад.

Ҳамин тавр, лозим омад, ки касби дигарро ихтиёр кунам. Ман ҳавонавард шудам. Қариб саросари ҷаҳонро парвоз кардам. Ба ростӣ, ҷуғрофия бисёр кор омад. Бо як нигоҳ метавонистам Хитойро аз Аризона фарқ кунам. Баногоҳ шабона раҳгум занӣ, ин фан ёрӣ мерасонад.

Дар ҳаёт бо одамони гуногуни ҷиддӣ вохўрдам. Дар байни калонсолон хеле зистам. Онҳоро аз наздик шинохтам. Аз ҳамин сабаб, росташро гўям, андешаи ман дар бораи онҳо беҳтар нашуд.

Агар ягон калонсолеро вомехўрдам, ки ба назарам аз дигарҳо боақлу бофаросат менамуд, расми рақами 1-ро нишон медодам- ман онро эҳтиёт карда будам ва ҳамеша бо худ нигоҳ медоштам. Мехостам донам, ки дар ҳақиқат ягон чизро мефаҳманд ё не? Вале онҳо ҳама ба ман посух медоданд: «Ин кулоҳ аст». Ва ман бо эшон дигар дар бораи аждаҳо, дар бораи ҷангалҳо, дар бораи ситораҳо гап намезадам. Бо онҳо ҳамақида мешудам. Дар бораи бозии брич ва голф, дар бораи сиёсату галстук суҳбат меоростам. Ва калонсолон беҳад шод буданд, ки бо чунин шахси солимфикр шинос шудаанд…

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси  шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва  наврасон