Ошноӣ бо “Китоб мо ал-фарқ”-и Закариёи Розӣ

Закариёи Розӣ«Мо Ал-фарқ», «Мо ал-фуруқ», «Калом фӣ-л-фуруқ байна-л-амроз», асари Закариёи Розӣ дар баёни чигунагии фарқи бемориҳо. Ба забони арабӣ таълиф шудааст. «Китоб мо ал-фарқ» аз муқаддима ва панҷ мақола иборат аст; мақолаҳо ба фаслҳо ва фаслҳо ба фарқҳо ҷудо шудаанд.

Дар муқаддимаи китоб омада, ки табибон бемориҳоро аз тариқи сабабҳо ва далелҳо мешиносанд, вале бисёре аз сабабҳову далелҳо дар миёни бемориҳо муштараканд. Аз ин рў, аксар вақт дар шинохтани бемориҳо иштибоҳ содир мешавад. Мақсади муаллиф фарқи асосии ин далелу сабабҳоро шарҳ додан аст.

Мақолаи якуми «Китоб мо ал-фарқ» аз панҷ фасл иборат буда, дар он 288 фарқи ҳолатҳое баён шудааст, ки дар бахшҳои сар ориз мегарданд. Мақолаи дуввум се фаслро дар бар гирифтааст. Дар он фарқи миёни бемориҳо ва ҳолатҳое баён шудаанд, ки дар узвҳои нафаскашӣ ба мушоҳида мерасанд.

Мақолаи севвум чаҳор фасл дошта, дар он фарқи миёни бемориҳо ва ҳолатҳое баён шудаанд, ки дар меъда, ҷигар, сипурз, гурда, масона ва олати таносул падид меоянд.

Мақолаи чаҳорум шомили се фасл буда, фарқи миёни беморӣ ва ҳолатҳоеро дар бар мегирад, ки дар тамоми аъзо ориз мегарданд.

Мақолаи панҷум аз ду фасл таркиб ёфтааст; дар он фарқи миёни баъзе аз ақсоми набз ва пешоб шарҳ дода шудаанд.

«Китоб Мо Ал-фарқ» хусусияти таълимӣ дошта, дар он матолиб ба шакли саволу ҷавоби «Фарқ чист?» иншо шудааст.

Матни интиқодии «Китоб мо ал-фарқ»-ро бори аввал доктор Салмон Қатоя соли 1978 дар Ҳалаб, дар асоси се нусхаи хаттии он, ки яке дар Лондон, дуввумӣ дар Теҳрон ва севвумӣ дар Бағдод маҳфуз будааст, бо муқаддима ва шарҳу тавзеҳот ба табъ расондааст.

Бозчоп аз: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – 2022. – Ҷ.10. – С.173.  Муаллиф: Шаҳобуддинов, С.

Таҳияи Манижа Раҷабова
Корманди шубаи библиографияи миллӣ