Ошноӣ бо китоби “Машқи ҳисоб”- и Ҷӯра Ҳошимӣ дар маҳфили «Китоби нав»
Дар барномаи навбатии «Китоби нав», ки моҳе 2 маротиба тибқи нақшаи шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” баргузор мегардад, ровии барнома Холид Шарифов – хонандаи фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, чун ҳарвақта китоберо барои кӯдакону наврасон бо номи “Машқи ҳисоб” аз шоир Ҷӯра Ҳошимӣ муаррифӣ намуд.
Ровии барнома барои нафароне, ки шеърхониро дӯст медоранд, китобро тавсия намуда, гуфт ки, ин китоб махсус барои дустрӯякони хурдсол мебошад. Якчанд шеърро аз китоби “Машқи Ҳисоб”- и шоир Ҷӯра Ҳошимӣ барои тамошобинони барнома қироат карда, қайд намуд, ки дар ин китоб шеърҳои хеле хуб, ба монанди: “Гавҳоракушо”, “”Ре” мегуям ман бурро”, “Додарҷон” ва “Роҳравӣ” дорад.
Бояд зикр кард, ки Ҷӯра Ҳошимӣ аз ҷумлаи маъруфтарин адибони кӯдакнависи кишвар аст, ки чакидаҳои хомаи ӯ дар матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ аз соли 1965 ба табъ мерасанд. Китобҳои ашъори ӯ «Соябони садранга» (1980), «Офтобак» (1986), «Ман Алифбо мехонам!» (бо ҳамқаламии А.Баҳорӣ, 1994), «Нинӣ бапо шуд» (1998), «Аз як–як то лак–лак» (2000), «Кулча чаро ширин аст?» (2000), «Ман ба куҷо медавам?» (бо забони русӣ, 2000), ««Ре» мегӯям ман бурро!» (2003), «Рӯзи нав» (2004), «Чаро шамолак вазид?» (2008), «Баччаҳову кӯчаҳо» (2008), «Мусиқии хомӯшӣ» (2012) ва ғайра дар пешрафти адабиёти кӯдакон ва тарбияи насли наврас мақоми шоён доранд.
Намунаҳои эҷодиёти ӯ ба китобҳои дарсии мактабҳои ҳамагониву донишкадаҳои олӣ ворид гаштаанд. Беҳтарин шеърҳояш ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудаанд ва худи ӯ дар баргардони ашъори шоирони халқҳои гуногуни ҷаҳон ба тоҷикӣ саҳми арзанда дорад.
Барои дастовардҳои эҷодӣ ва фаъолияти густардаи фарҳангӣ сазовори нишонҳои фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1982), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2009), Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Медали тиллои Хазинаи сулҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1998), медали «Хидмати шоиста» (2003) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012) гардидааст.
“Машқи Ҳисоб”- аз ҷумлаи китобҳои серхонандаи муаллиф буда, барои хонандагони хурдсол муфид мебошад.
Хоҳишмандон метавонанд, ин ва дигар китобҳои Ҷӯра Ҳошимиро дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.
Ганҷина Ҷолаева,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.