Ошноӣ бо “Корномаи Балх”- и Саноии Ғазнавӣ
Корномаи Балх ё “Мутоибанома”, маснавии Саноии Ғазнавӣ дар мадҳу ҳаҷви дарбориёну шоирони Ғазнин ва баёни душвориҳои сафари шоир ба Балх. Тақрибан солҳои 1100-05 дар баҳри хафифи мусаддаси маҳбун навишта шуда, аз 497 байт иборат аст. Маснавӣ ба хитоб ба бод оғоз шуда, шоир дар муқаддима аз бод (“дояи боғ”, ”пайки димоғ” ва “маркаби ҷам”) мехоҳад, ки паёми ӯро ба ёронаш, ба Ғазнин бирасонад ва онҳоро аз ранҷи дурияш аз ватан огоҳ кунад.
Саноӣ султон Масъуди Ғазнавӣ, ва дигар шоҳзодагони Ғазнин, арбоби девону аҳли қалам, аҳли тариқатро тамҷид кардааст. Ӯ аз миёни соҳибмансабони дарбор танҳо аз Тоҳир ибни Алӣ, вазири Ғазнавию ҳомии падари шоир, ном бурда, ӯро ситудааст.
Ӯ гурӯҳе аз занони сӯфимаслакро сахт накуҳиш карда, аҳли тариқатро, ки ба гуфтаи шоир “бартар аз афлоканд”, ситудааст. Як зумра шоирон (Сайидушшуаро Муҳаммадносир, Ҷамолуддин Ҳасан, Ҳакимхоҷаи Додбеҳӣ ва Абуискофӣ) тавсиф шудаанд, аммо шоирони вақт, чун Ҳаким Собунӣ, Ҷамоли Мунаҷҷим ва дигаронро ҳаҷв ва устоди хеш Хоҷаҳусайни Қадамдонгарро мадҳ кардааст.
Пас аз ин, аз душвориҳое, ки зимни сафар дар Ҳиндукуш, фосилаи байни Ғазнину Балх кашидааст, ҳамчунин аз сахтиҳои иқомат дар диёри бегона ва бадрафтории мардуми Балх сухан гуфтааст.
Дар “Корномаи Балх”, илова бар мадҳу ҳаҷв, нишонаҳое аз таълиму пандомӯзӣ низ дида мешаванд. Мухотаб сохтани бод дар оғози маснавӣ ва ҳаҷви шаҳр аз вижагиҳои аслии “Корномаи Балх” аст. Як гурӯҳ аз пажӯҳишгарон (Гулчини Маонӣ, Мансури Растогор, Размҷӯ) “Корномаи Балх” –ро бо сабаби истифода аз забони ҳаҷв “шаҳрошӯб” ё “шаҳрошӯби дарборӣ” номида, гурӯҳи дигар онро навъи адабии мустақил шумурдаанд, аммо Забеҳуллоҳи Сафо онро на навъи адабии мустақил ё шаҳрошӯб, балки навъи сафарномаи манзуме медонад, ки дар он, илова бар тавсифи вазъияти як шаҳр, гурӯҳе аз табақаҳои он низ ҳаҷв шудаанд.
“Корномаи Балх” дар Афғонистон (1954) ва Эрон (1958,1970) ба табъ расида, нусхаи дастнависи он дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Маркази мероси хаттии АМИ Тоҷикистон маҳфуз аст.
Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – 2022. – Ҷ.10. – С. 627-628.
Муаллиф: О. Шакурзода.
Таҳия аз Шаҳноза Садирзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.