Ошноӣ. Мирзоҳусайни Бадалипур: “Ҷилои оинаҳо”
Китоби мазкур соли 2020 бо иҷозаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назари Муҳаммадалӣ Музаффарӣ – доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шерзот Абдуллозода – номзади илмҳои фалсафа, дотсент чоп шудааст.
Ба китоб узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ Идибек Зиёзода тақриз навиштаанд.
Рисола барои ҳаводорону завқмандон, донишҷўёну аспирантон, магистрҳо, тасаввуфшиносон, исломшиносон, муҳаққиқони фалсафаи яке аз ҷараёнҳои маъруфи тасаввуф – Нақшбандия, алоқамандони осори эҷод ва симои маънавии се шахсияти барҷастаи он дар Тоҷикистони муосир пешбинӣ шудааст.
Муаллиф дар сарсухани китоб навиштааст: Тамаддуни исломӣ бузургтарин родмардони арсаи фарҳанг, донишмандони забардасти ҷаҳониро ба миён овардааст, ки осору эҷоди онҳо дар ганҷинаи тамаддуни башарӣ мақоми босазое дорад. Ин мероси бою ғанӣ, ки аслан дар чаҳорчўбаи таълимоти ислом офарида шудааст, сарчашмаи худро аз китоби муққадаси илоҳӣ – Қуръон ва ҳадисҳои паёмбари воломақом ҳазрати Муҳаммад (с) гирифтаанд. Табақоти гуногуни донишманди исломӣ, аз қабили муфассирон, муҳаддисин, фақеҳон, мутакаллимин, файласуфон, адибону фозилон, шуаро, уламо ва орифон асарҳои хеле пурқимати гуногунҷабҳаро ба мо иерос мондаанд, ки назирашон дар таърих кам аст. Барои мисол, муфассироне чун Табарию Замахшарии Хоразмӣ, Фахри Розию Ҳусайн Воизи Кошифӣ, муҳаддисе, чун Муҳаммад ибни Ҳусайн Бухорӣ фақеҳе, чун Имоми Аъзам (Абўҳанифа), мутакаллимоне, чун Муҳаммад Ғаззолӣ ва Шаҳристонӣ, файласуфоне, чун Форобию Тўсӣ ва Суҳравардӣ, олимоне, чун Хоразмию Берунӣ, Ибни Синову Хайём, орифоне, чун Саноиву Аттор, Ҳофизу Мавлавӣ, Шабистариву Аҳмади Ҷомӣ ва дигарон фахру эътибори илму фарҳанги Арабу Аҷам ва тамоми оламанд. Хидматии ҳамин бузургон буд, ки улум ва тасаввуфи исломӣ то замони мо таҳаввули азиме ёфта, заминаи пайдоиш ва пешрафти уламою урафои имрўза гаштаанд.
Мавзўе, ки мо дар нашри китобчаи мазкур мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дорем, ба тасаввуф ва ирфон иртибот дошта, ҳаёт ва фаъолияти орифони машҳур Шайх Абдураҳими Давлат (1881-1947), Эшони Абдураҳмонҷон ибни Эшони Порсохоҷа (1920-1991) ва муриди онҳо Шайх Қамариддини Дарвозӣ (1945-2009)-ро фаро мегирад.
Хоҳишмандон китоби Мирзоҳусайни Бадалипур “Ҷилои оинаҳо”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Азиза Иноятова, корманди
шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ
ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ.