Ошноӣ. Рустам Воҳидӣ. “Гули худрўйи хушранги кўҳистон….”
Ин китоб соли 2016 чоп шудааст, вале ба Китобхонаи миллӣ ду рӯз қабл, тавассути Олимӣ Зиё Олим, ёвари саркоргардон, продюссер ва директори барномаҳои театри давлатии опера ва балетаи ба номи С. Айнӣ, расид. Зиё Олимӣ шаш китоб туҳфа овард, ки 5 китоб “Великое счастье балерины» ном дошта, китоби дуюм ҳамин “Гули худрӯйи хушранги кӯҳистон…” мебошад.
Муаллифи ин китоб Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Воҳидӣ аст ва он бо як иқтибос аз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов оғоз мешавад, ки фармуда: “Санъати театрӣ аз ҳунарҳои зебоест, муваққатӣ ва лаҳзагӣ мебошад. Он чун шодӣ ва хушбахтии безбозгашт, чун хандаҳои дар лаб шикаста, чун насими форам даргузар аст, ки дар қалбҳо ҳаяҷону шириние бедор мекунад”.
Муаллиф дар муқаддима ба хонанда муроҷиат кардаву навиштааст:
Хонандаи азиз! Китоби “Гули худрўйи хушранги кўҳистон…” – ро ба дастат месупорам. Дар вақти холигият китобро мутолиа намо. Аз бурду бохт ва симоҳои офаридаи Раҷабгул Қосимова дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов огаҳӣ пайдо кун. Ў аз оғози фаъолияти эҷодиаш мекўшид, ки симоҳои офаридааш ба дили мардум роҳ ёбаду дар саҳифаҳои таърихи театри тоҷик нақш банданд.
Раҷабгул Қосимова дар ҳақиқат аз Саидсултон Саидмуродов, Султон Сафаров, Азиза Азимова ва Рамзия Баккал тарбия гирифта, аз онҳо тарзи дар саҳна табиию самимона ҳаёт ба сар бурдан, бо ишораҳои панҷаи даст равшан баён намудани эҳсосу андеша ва ворид шудан ба мусиқӣ ва ҳаракатҳои мавзунро омўхт.
Устодони бузурги саҳна Б.В.Бибиков ва О.И. Пыжова донишҷуёни ҷавонро ҳар лаҳза аз кори мустақилона пурсон шуда, дар рафти дарс тарзи дар нақш таҷассум сохтани табиату хислати инсонро омўзонданд, ки дар қатори онҳо Раҷабгул ташнаи ҳунари асил низ ҳузур дошт. Ин устодон хусусан ба дарси маҳорати актёрӣ сахтгир буданд.
Панҷ соли таҳсил дар мактаби олии театрии шаҳри Маскав ба ҷавонони тоҷик барои васъе кардани ҷаҳонбинии ин донишчуй, барои пешравии маънавии ў ва барои нашъунамои истеъдодаш кўмак намуд. Хушбахтона, устодони ин даргоҳи бузург актёрҳои баландхтисосро барои тоҷикон тарбия намуданд, ки мояи ифтихор гардидаанд.
Танҳо иродаи қавӣ, истодагарӣ,муҳаббати бепоён ва мақсадҳои гузошта метавонад шахсро ба роҳи рост ҳидоят намояду ба максад расонад. Ин хусусияти хос дар симои зоҳирӣ ва ботинии Раҷабгул Қосимова барои устодон аён гардид. Ҳунарпешаи хушсалиқа Раҷабгул Қосимова беш аз 50 – сол инҷониб дар рўи саҳна фаъолияти босамар дорад.Нақшҳои офаридаи ў то ҳол аз хотири мухлисони сершумораш зудуда нагардидаанд…
Иқтибосро аз пешнавишти муаллиф ин ҷо ба поён мебарем ва шуморо ба мутолиаи китоб ба толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар даъват мекунем.
Саодат НАБИЕВА