Осори қадимтарини Хоҷа Ҳофиз дар Китобхонаи миллӣ
(Ба ифтихори 700-умин солгарди шоир)
Рўзҳои 11-ум ва 12-уми моҳи июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Пориси Фаронса намоиши байналмилалӣ, конфронс ва барномаи фарҳангӣ ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ баргузор гардид. Дар намоиши байналмилалӣ асарҳо, дастхатҳо, мусаввараҳои Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари дастии ҳунармандони тоҷик пешниҳод гардид. Инчунин 12 нусха китобҳо аз ашъори шоир аз Китобхонаи миллӣ, низ дар ин намоишгоҳи бонуфуз ба маъраз гузошта шуда буданд.
**** ***** *****
Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад ибни Баҳоиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ машҳур ба «Лисон-ул-ғайб», «Тарҷумон-ул-асрор», «Лисон-ул-урафо», «Нозим-ул-авлиё» ва мутахаллис ба «Ҳофиз», дар соли 1325 милодӣ, ки баробар ба соли 727 ҳиҷрӣ қамарӣ мебошад, дар шаҳри Шероз дида ба ҷаҳони ҳастӣ кушодааст. Ҳофиз яке аз сухансароёни бузурги адабиёти форсу тоҷик буда, бештар бо ғазалҳои нобаш машҳури оламиён гаштааст.
Аз асри XVIII шуруъ намуда ашъори ӯро ба забонҳои гуногуни аврупоӣ низ тарҷума карданду номаш ба маҳфилҳои адабии ҷаҳони Ғарб низ роҳ ёфт. Дар тақвими расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми октябрро Рӯзи бузургдошти Ҳофиз номидаанд ва ҳар сол дар ин рӯз, маросими бузургдошти шоир ва орифи бузург аз кишварҳои гуногуни дунё баргузор мегардад.
Машҳур аст, ки Ҳофиз дар солҳои навҷавонӣ шогирд нонвой бӯда ва аз нусхаҳои хаттӣ низ рӯйнавишт мекардааст. Ҳофиз дар ашъори хеш ба ҳузураш дар мадраса, чиҳил соли таҳсили илму фазл, дарси субҳгоҳию ҳифзи қироатҳои гуногуни Қуръон ишора кардааст. Овозаи ҳофизии шоир сабаб мешавад, ки ҳокимони сарзаминҳои дуру наздик ӯро ба наздашон даъват намоянд. Ӯ дар тули зиндагияш бо бисёре аз салотину бузургон таомул дошт ва бо аҳли илму адабу шеър низ ҳамнишинӣ мекард ва аз аҳволи суфиёну дарвешони замонаш ҳам бохабар буд. Аммо худаш ҳаргиз дар ҳеҷ як аз ин гурўҳҳо қарор нагирифт. Бештари соҳибназарон бар ин ақидаанд, ки Ҳофиз ғазали форсиро ба авҷи расонд ки дигар ҳаргиз такрор нашуд.
Муҳимтарин бахши эҷодиёти Ҳофизро ғазал ташкил медиҳад, ки донишмандон мувофиқ ба девонҳои комиле, ки дар дастрасӣ доштаанд ба 495 ғазал ва баъзе пажуҳишгарони дигар ба монанди Парвиз Нотили Хонларӣ ба 486 ғазал медонанд. Инчунин шоир дар дигар жанрҳои шеърӣ, ба монанди қасида, маснавӣ ва қитъа абёте сурудааст.
Чи тавре, ки маълум аст имсол ҷашни 700-умин солрўзи шоир ва орифи тавоно дар гўшаву канори дунё баргузор гашта истодааст. Рўзҳои 11-ум ва 12-уми моҳи июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Пориси Фаронса намоиши байналмилалӣ, конфронс ва барномаи фарҳангӣ ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ баргузор гардид. Дар намоиши байналмилалӣ асарҳо, дастхатҳо, мусаввараҳои Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари дастии ҳунармандони тоҷик пешниҳод гардид. Инчунин 12 нусха китобҳо аз ашъори шоир аз Китобхонаи миллӣ, низ дар ин намоишгоҳи бонуфуз ба маъраз гузошта шуда буданд.
Дар шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир зиёда аз 60 нусхаи дастнависи шоир ва орифи тавонову суханвар, ки қадимтарини он ба соли 1072 ҳиҷрии қамарӣ, ки баробар соли 1661 милодӣ мебошад, мавҷуд аст
Нусха номукаммал буда, аз оғози китоб якчанд варақ афтодааст. Дастнависи мазкур аз 540 ғазал, соқинома дубайтиҳо, маснавӣ, мухаммас, қитъа ва рўбоиёти шоирро, ки аз 189 варақ ё 378 саҳифа иборат аст, дар бар мегирад.
Оғози матн:
Равнақи аҳди шабоб аст дигар бӯстонро,
Мерасад муждаи гул булбули хушилҳонро.
Анҷоми матн:
Чароғи аҳли биниш Хоҷа Ҳофиз,
Ки шамъе буд аз нури таҷаллӣ.
Чу дар хоки Мусалло сохт манзил,
Биҷӯ таърихаш аз хоки Мусалло.
Ғазалҳо дар ду сутун ва дар ҳар як саҳифа 15-сатрӣ навишта шудааст. Навъи хат насталиқи зебо ва хоно буда, ашъор дар дохили ҷадвалҳои музаҳҳаб бо рангҳои кабуд ва сиёҳи равшан китобат шудаанд. навъи коғазаш шарқии зардранг мебошад.
Котиб дар анҷома ё колофони нусха, ки дар варақи охири китоб ва баъзан дар мобайни китоб навишта мешавад, санаи китобати нусхаро соли 1072 ҳиҷрӣ қамарӣ зикр намудааст, вале котиб ному насаби худро дирҷ нанамудааст.
Матни колофон чунин аст: “Таммат тамом шуд нусхаи муаззами девони Ҳофиз рўзи панҷшанбе 2-юми моҳи Шаъбон санаи 40-уми ҷулуси воло Муҳаммадшоҳи Ғозӣ халадаллоҳу абадан”.
Вале аз таърих то ҷое ки ба мо маълум, аст ду нафар фармонраво бо чунин ном машҳуранд, яке Муҳаммадшоҳи Ғозӣ, ки сеюмин подшоҳи даврони қоҷория ва дигаре Муҳаммадшоҳи Ғозӣ машҳур ба Муҳаммадшоҳи Гураконӣ, ки аз подшоҳони муғулони Ҳинд буд, вале подшоҳии инҳо ба зиёда аз дусад сол баъд аз таърихи китобати дастнавис рост меояд.
Дастнавис таъмиру тармим шудааст. Ҷилди нусха аслӣ набуда бо картони замони муосир муқова шудааст. Дар бадрақаи китоб якчанд рўбоӣ ва қитъа аз шоирони дигар китобат шудааст. Баъзе аз авроқи нусха обрасидагӣ, дарида ва пўпанакдор ба назар мерасад. Аз аввал то охири нусха назар андохта, ягон мўҳре ба чашм нарасид. Дастнавис таҳти рақами 1902 дар хазинаи Китобхона маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.
Рамзӣ Ҷумъақулов, сардори шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир.