Осори Муҳаммад ибни Сулаймон Фузулӣ дар Китобхонаи миллӣ

Осори Муҳаммад ибни Сулаймон Фузулӣ Муҳаммад ибни Сулаймон Фузулӣ, ки ба “Бағдодӣ” низ шуҳрат дорад, яке аз шоирон ва орифони саршиноси эронӣ-озарӣ дар асри VII ҳиҷрӣ қамарӣ /XVI милодӣ дар замони Оққуюнлуҳо ба дунё омадааст.

Азбаски гузаштагони Фузулӣ ба Бағдод муҳоҷират карда буданд, ў дар шаҳри Бағдод ба дунё омад ва муддате дар ҳамин шаҳр зиндагӣ карда, бештари ҳаёти худро дар Карбало сипарӣ намудааст.

Фузулӣ дар соли 964ҳ.қ./1556м. дунёро падруд гуфта дар оромгоҳе дар шаҳри Карбало мадфун аст. Аз вай осори фаровоне ба монанди “Девони ашъор” бо забонҳои форсӣ, арабӣ ва туркӣ, “Ҳадиқат-ус-суъадо”, “Матлаъ-ул-эътимод” ва ғайра ба мерос мондааст.

Дар Китобхонаи миллӣ 17 нусха “Девони ашъор”-и Муҳаммад ибни Сулаймон Фузулӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Яке аз ин осор Девони ашъор мебошад, ки таҳти рақами инвентарии 188 дар шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир маҳфуз аст ва дар баҳрҳои арузӣ ва қолабҳои гуногуни шеърӣ, монанди маснавӣ, ғазал, қасида, мусаммат, мустазод, мухаммас, рубоӣ ва дубайтӣ бо забонҳои форсӣ ва туркӣ-озарӣ суруда шудааст.

Нусхаи хаттӣ дар коғази навъи “хўқандӣ” дар ду сутун бо хати настаълиқи моил ба шикаста навишта шудааст.

Дастнавис рўзи ҷумъа дар таърихи ғурраи моҳи Рабеъулаввали соли 1302ҳ.қ/1884м. китобат шудааст. Ному насаби котиб дар нусха мавҷуд нест.

Оғози нусха: Ҳамди беҳад ал-мутакаллими нутқи офарина, ки сафинаи умед…

Анҷоми нусха:

Ноз асту карашма кори маъшуқ мудом,

                        Бе ғамзаву ишва ҳусни дилдор куҷост.

Ҷилди китоб ранги қаҳваи дошта, аз турунҷ ва сартурунҷҳо иборат мебошад. Дар сартурунҷ чунин ҷумла сабт шудааст: “Хадами аҳли таламмум бо мим мунаввар аст, 1287”.

Нусха аз 189 варақ иборат буда, дар шакли комил то замони мо омада расидааст ва ягон муҳр дар китоб вуҷуд надорад.

 

Рамзӣ ҶУМЪАҚУЛОВ,  сардори шуъбаи Дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир.

 

Теги: дастхатҳои шарқ