Осори Пешвои миллат. Эҳёи расму оин ва суннатҳои миллӣ дар аҳди ислом
Чун дар давраи мавриди омӯзиши мо эҳёи суннатҳои қадимаи миллӣ ба мушоҳида мерасад, лозим донистем, ки таҳаввулоти таърихии онро ба таври мухтасар ёд кунем, то хонандагони арҷманд ба эҳёи фарҳанг ва суннатҳои миллӣ дар аҳди Тоҳириёну Сафориён алоқадри имкон ошно шаванд. Бинобар ин, бо тақозои мавзӯи мазкур сайри таърихии расму оин ва суннатҳои миллиро ба тавари мухтасар зикр кардан ва эҳёи дубораи онро дар аҳди ислом баррасӣ намудан мувофиқи матлаб аст. Ҷашнҳои миллии ниёгони мо Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи падидоии хеш бурду бохтҳои зиёдеро аз сар гузаронида, бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисозашон чун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ то ба аҳди ислом омада расидаанд. Ҷашни Наврӯз чун асотири гоҳшиносӣ ва мушоҳидаҳои нуҷумӣ бештар дар миёни барзгарону деҳқонон маъмул буда, аз канораҳои Варорӯд то халиҷи Форс чун мавсими аз бурҷи ҳут ба бурҷи ҳамал ворид шудани Офтоб, ки ба рӯзи эътидоли баҳорӣ рост меояд, бо номи иди рӯзи нав, оғози сари сол, эҳёи табиат ва бедории замин ҷашн гирифта мешуд. Ниёгони мо мутобиқи тақвими нуҷумӣ ҷашни аввали баҳорро – Наврӯз, ҷашни аввали тирамоҳро – Меҳргон ва ҷашни рӯзи даҳуми баҳманмоҳро (мутобиқ ба 30- юми январ), ки панҷоҳрӯз пеш аз Наврӯз меомад, Сада меномиданд. Меҳргон ба рӯзи эътидоли тирамоҳӣ, тақрибан рӯзи 16 –уми меҳрмоҳ (моҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ, мутобиқ ба 22 октябр) рост меомад.
Маросими истиқболи расмии Наврӯз аз аҳди Ҳахоманишиён бо шукӯҳу шаҳомоти хосса дар толори бузурги Тахти Ҷамшед сурат мегирифт, ки ба он нақшҳои барҷастаи тахтасангҳои девори қасрҳои пазироӣ ва зинаҳои Ападона шаҳодат медиҳанд. Мутобиқи маълумоти “Наврӯзнома” -и Умари Хайём шоҳаншоҳ дар рӯзи ҷашни Наврӯзи Бузург бо ҷомаи абрешимин бар тахти заррин менишаст ва мӯбади мӯбадон дар табақи бузурге барояш подоши наврӯзӣ меовард. Одатан дар ин табақи бузурги зарҳалин сабза, шароб, ангуштарини давлат, шамшер, дирҳаму динори хусравонӣ ва давоту қалам гузошта мешуд, ки онро мӯбади мӯбадон ва миёни ашрофону аҳли дарбор гузаронида, ба ҳузури шоҳ мерасонид ва ӯро шодбош мегуфт.
Баъди Ҳахоманишиён дар аҳди Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён низ истиқболи Наврӯз дар қаламрави империя собиқи Ҳахоманишиён идома меёфт. Адиб ва воқеанигори машҳури юнонӣ Ксенофонт (асри IV то милод) аз ташрифоти хосаи наврӯзии Ардашери II маълумот медиҳад, ки ҳар сол дар Тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Ҷашни Наврӯз баъди Искандари Мақдунӣ дар замони Ашкониён ва Сосониён дубора эҳё гардида, бо шукӯҳу шаҳомоти бузурге таҷлили мегардид.
Бахусус, дар аҳди Сосониён ҷашни Наврӯз ба як тантанаи бузурги давлатӣ ва умумимиллӣ табдил ёфта, аз ҷониби кулли бошандагони кишвар чун рамзи бузурги миллӣ ва оини давалтдорӣ истиқбол гирифта мешуд. Аз ин хотир ҷашни Наврӯз дар миёни аксари қавмҳои ғайрэронии муқими давлати Сосониён низ пазируфта шуд ва ба низоми зиндагиву оини рӯзгори онҳо ворид гардид. Дар давраи Сосониён истиқболи маросимҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада ба дараҷае машҳур гардид, ки барои пазироии онҳо вазири махсусе дар дарбори салтанат кордорӣ мекард.
Ардашери Бобакон аҳли шеър ва навову мусиқиро ба қатори табақаи мумтоз дароварда, Хусрави Анӯшервон ва Хусрави Парвиз ба суннати пазироии Наврӯз шукӯҳи зиёде афзуда буданд. Дар замони давлатдории Сосониён оҳангҳои мусиқӣ ба миқдори рӯзҳои сол офарида шуда, дар ҷашнҳои наврӯзӣ силсилаи оҳангҳои ҳафтгонаи “Хусравониёт” навохта мешуданд. Дертар силсилаи оҳангҳои “Хусравониёт” дар мусиқии аҳли исломии араб бо номи “Тариқу-л- мулукия”, яъне услуби шоҳона машҳур гардиданд. Дар ин давра навозандагониу сарояндагони машҳури дарбори Сосониён Борбади Марвӣ, Накисои Чангӣ, Ромтин, Саркаш, Бомшод, Саркаб, Гесӯи Навогар ва дигарон падид омаданд, ки онҳо шӯҳрати таронаву оҳангҳои маросимӣ ва суруду навоҳои ҳамосавиро дучанд афзуданд. Масалан Борбади Марвӣ ҳафт силсилаи оҳангҳои “Хусравониёт”-ро вобаста ба теъдоди ҳафт рӯзи ҳафта тартиб дода, сӣ лаҳнро вобаста ба сӣ рӯзи моҳ ва 360 дастонро ба теъдоди 360 рӯзи сол офарид ва шукӯҳу шаҳомоти Наврӯз, Меҳргон ва Садаро мақоми давлатӣ ва тантанаи умумимиллӣ бахшид. Навову оҳангҳои машҳури он рӯзгор бо номи “Наврӯзи Бузург”, “Оҳанги Кайқубод”, “Оҳанги Меҳргонӣ”, “Оҳанги сабздори сабз”, “Наврӯзи Хурд”, “Боди Наврӯзӣ”, “Меҳргони Хурд”, “Ороиши Хуршед”, “Роҳи Шабдиз” ва ғайра ба шумор мерафтанд.
Арабҳо дар аҳди хулафои рошидин ва Умавиён баъди истилои қаламрави Эрон ва Осиёи Миёна кӯшиш кардаанд, ки ҷашнҳои қадимаву анъанавии халқҳои эронинажодро аз миён баранд. Вале пуштибонии фидокоронаи мардуми эронитабор аз расму оинҳои миллӣ ва ҷашнҳои суннатӣ, бузургдошт ва арҷгузории пайгиронаи Наврӯз ва Меҳргон аҳли уламо ва садрнишинони арабро водор намуд, ки суннатҳои қадимаи ниёгони моро ночор бипазиранд. Дертар онҳо наврӯзро бо номи “Суннати Ҷамшед” пазируфта, ба ҷашн гирифтани он рухсат доданд ва бино ба маълумоти Сайид Нафисӣ ҳатто шоирону ровиён ва достонсароёни араб дар васфи Наврӯз ва Меҳргон шеърҳо ва оҳангҳову таронаҳои дилнишин офаридаанд.
Дар аҳди хулафои Аббосӣ дар Бағдод ба илми мусиқӣ аҳамияти хоса дода мешуд. Оҳангсозону навозандагони мумтоз ва сарояндагони чирадаст аз қабили Саид ибни Мусаҷҷиҳ, Муслим ибни Мӯҳриз, Иброҳим ибни Моҳон, Иброҳими Мавсилӣ ва писари ӯ Исҳоқи Мавсилӣ, Мансури Зилзил, дертар Сафиуддини Урмавӣ ва Абӯлҳасани Зарёб илми мусиқӣ ва шеъру наворо ба авҷи камолот расониданд. Бо дастури халифаҳои аббосӣ яке аз мусиқишиносон ва шоирони забардасти эронитабор Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ки дар Бағдод ва Ҳалаб надими хосаи дарбор буд, тақрибан соли 955 бо номи “Китобу-л-ағонӣ”, (“Китоби сурудҳо”) рисолаеро дар лаҳну оҳангҳои мавсум ба Наврӯзу Меҳргон ва дигар суннатҳои мусиқии аҷаму араб эҷод намуд, ки ин аз нуфузи дубора ва эҳёи расму оинҳои миллии ниёгони мо башорат медиҳад.
Дини мубини ислом ба ҷашнҳои суннатӣ ва оину маросимҳои кӯҳани халқҳои эронинжод арҷгузорӣ намуда, рӯҳи асотирии онҳоро ба мазҳаби хеш мутобиқ сохт. Аҳли уламо ва пешвоёни ислом зимни ривояту ҳадисҳои динӣ созгор будани Наврӯз ва Меҳргонро ба дини ислом ва фарҳангу тамаддуни он талқин мекарданд. Масалан, Муҳаммад Боқири Маҷлисӣ дар рисолаи “Асмоъу-л-олам” қаробати Наврӯзро бо чандин рӯйдодҳои таърихӣ ва мазҳабии ислом асоснок намуда, ба ин иди куҳани миллии эронинажодон рӯҳу сафои тоза бахшидааст. Ба пиндори уламои ислом пирӯзии Алӣ ибни Абӯтолиб (р) дар муҳорибаи Наҳравон ва кушта шудани Зуссафия – яке аз саркардаҳои фирқаи хориҷия ба Наврӯз рост меояд. Гузашта аз ин гӯё имоми дувоздаҳуми аҳли шиъа – Имом Маҳдӣ дар рӯзи Наврӯз ба олами улвӣ уруҷ карда, аз дидаи мардум ғоиб шудааст ва муҷаддадан дар олами сифлӣ андар ҳамин рӯз ба зуҳур хоҳад омад. Ба нукоти боло метавон афзуд, ки Имом Ҷаъфари Содиқ низ Наврӯзро барои хостани ниёзҳо ва баровардани орзуҳои наҷиб рӯзи фархунда шумурда, зикр кардааст, ки ҳазрати Одам (алайҳиссалом) дар оғози фарвардин офарида шудааст.
Ҳамин тариқ, маросим ва суннатҳои миллии Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз тамаддуни ориёӣ ба тамаддуни ислом ворид шуда, ба арзишҳои исломӣ мутобиқ гардиданд ва мазмуну мӯҳтавои тоза пайдо карданд. Дар ҳайни ҳол баъзе аз халифаҳои араб ҷанбаҳои тақвимшиносӣ, яъне дар рӯйи минтақатулбуруҷ қарор гирифтани Хуршед ва баробарии шабу рӯзи таодули баҳориро пазируфтанд. Ҳатто халифа Мутаваккил (847-861) солшумории “кабиса”- ро, ки баъд аз сари Хусрави Парвиз риоя намешуд ва аз ҳисоби таодули баҳорӣ дур рафта буд, фармуд то тақвимро ислоҳ кунанд ва норасоиҳои “кабиса”-ро ба танзим дароранд. Ин амри ӯ дертар дар аҳди давлатдории халифа Мӯътазид (866-869) ба анҷом расид ва тағйироту такомулоти падидомада бо номи тақвими “Наврӯзи ал- Мӯътазид” машҳур шуд.
Ба қавли Муҳаммади Малоирӣ дар аҳди Аббосиён ва Умавиён дар пайравӣ ба шоҳаншоҳони Сосонӣ додани тӯҳфаҳои наврӯзӣ ва овардани идона ба расмият медарояд. Ба андешаи ин муҳаққиқ аввалин тӯҳфаи идонаи дар замони хулафои рошидин ба Алӣ ибни Абӯтолиб (р) дар шаҳри Кӯфа аз ҷониби чанде аз деҳқонон ва бузургони шаҳр пешкаш шуда буд. Онҳо барои ӯ дар зарфи гаронбаҳои тиллоӣ меваҷот ва шириниҳои наврӯзӣ тақдим намуданд, ки имоми мазкур аз чашидани ин подош хушҳол шуда, иброз намуд: “Наврӯзано куллу явмин”, яъне (“Ҳар рӯзи моро Наврӯз гардонад”). Сипас ба омилони хироҷ дастур дод, ки арзиши он зарфи гаронбаҳоро аз хироҷи солонаи ҳадякунандагон кам кунанд.
Муҳаммади Малоирӣ эҳёи Наврӯзро яке аз хидматҳои бузурги дабирони эронӣ шумурда, зикр менамояд, ки пазироии иди Наврӯз дар аҳди Аббосиён дубора роиҷ гардида, ба иди умумии мусулмонон табдил ёфт ва ҳатто хулафо дар таҷлили он иштирок мекардаанд.
Гузашта аз ин, дар адабиёти аҳди Аббосиён шеърҳо, қасидаҳо ва номаҳои таҳниятие падид омадаанд, ки ба иди Наврӯз бахшида шуда, навиштани номаҳои наврӯзии табрикӣ ва таҳниятӣ дар доираи донишмандон, дабирону вазирон ва волиёну ҳокимон маъмул гардидааст. Ҳатто дар ин давра арбобони завқу ҳунар ашъори наврӯзиро дар китобҳои алоҳида гирдоварӣ намуданд, ки дар байни онҳо “Ан-Наврӯз вал-меҳрҷон”-и Алӣ ибни Ҳорун, “Ал-ибод ва-н-навориз”-и Мӯсо ибни Исои Касравӣ, “Ал-ашъору-с-соир фӣ-н- наврӯз ва-л-меҳрҷон”-и Ҳамзаи Исфаҳонӣ шӯҳрати зиёд доштаанд.
Оини Наврӯз бо ҳидояту пуштибонии хонадони Бармакиён, Саҳлиён, Ковусиён, Дайламиён ва Навбахтиён дар шаҳрҳои Кӯфаву Басра ва Димишқу Бағдод нуфузи тамом ёфта, дертар дар аҳди давлатдории Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар қаламрави Хуросну Мовароҳуннаҳр, бахусус шаҳрҳои Нишопуру Марв, Балху Ҳирот, Бухорову Самарқанд, Райю Исфаҳон ва Шерозу Ҳамадон бо шукӯҳу шаҳомоти хоса истиқбол гирифта мешуд.
Воқеан агар пазироии Наврӯз, Меҳргон ва Сада бурду бохтҳои роҳи паймуда ва ҷанбаҳои иҷтимоиву фарҳангии онро мавриди баррасӣ қарор диҳем, беихтиёр мебинем, ки ин оинҳои маросимӣ чун рамзи ҳамбастагии халқу миллатҳои ориёитабор дар тӯли ҳазорсолаҳо бо симои хос идома дошта, дар тӯли давлату давлатдориҳои мухталиф бидуни аз даст додани асолату ҳувийяти аслии худ таҳаввулу ташаккул ёфта, то ба имрӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар байни кулли ориёитаборон ва ҳудудҳои паҳновари Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори он ҷашн гирифта мешавад.
Ин расму оини кӯҳан, бешубҳа, яке аз халқҳои пайванди занҷири ногусастании миллатҳои ҳамнажод, ҳамзамон ва ҳамфарҳанги ориёӣ мебошад, ки дар аҳди давлатдории Тоҳириёну Саффориён умри дубора ёфта, тору пуди ҷаҳони маънавӣ ва модии ниёгони моро дар аҳди Аббосиён поянда дошт. Ва дар ин росто эҳё шудани ҷашнҳои қадимаи Наврӯз, Меҳргон ва Сада ба масал чун пули тақдирсозе буд, ки дастовардҳои бузурги таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзуву омол, ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ, хуллас, ҳама рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ ва тамаддуни миллии тоҷиконро ба рӯзгори Сомониён расонид ва ба он умри бегазанду ҷовидона бахшид.
Имрӯз бузургдошт ва шинохти ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон ва Сада барои мо арҷгузорӣ ба асолату ҳувийят ва маърифати рангини ниёгонамон дар тӯли ҳазорсолаҳо мебошад, ки аз саҳнаи пурҳангомаи таърих ва бурду бохтҳо гузашта, то асри инқилобҳои илмиву техникӣ ва муъҷизаҳои кайҳонии замони мо расидааст. Мо, тоҷикон, онро дар сатҳи давлатдорӣ бо шукӯҳу азамати хосса таҷлил намуда, бо тору пуди ногусастании ҷашнҳои безавол ормонҳои волою ҳуҷастаи зиндагии гузашта, имрӯз ва ояндаро бо ҳам пайванд мезанем.
Аз китоби Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Таҳияи Марзия Зардодхонова,
мутахассиси пешбари Медиатека
Президентии Ҷумуҳрии Тоҷикистон