Осори Пешвои миллат. Подшоҳии Луҳросп
Подшоҳи навбатии сулолаи Каёниён Луҳросп мебошад, ки ӯ низ шаҳри Балхро мақоми салтанати худ қарор дода буд: “аввал касе, ки саройпарда сохт, ӯ буд ва девони лашкар ниҳод, ки мо онро “девони арз” хонем ва тахти заррини мурассаъ ба ҷавоҳир сохт ва шаҳри Балхро девор кашид ва иморатҳо такрор кард”. Дар “Шоҳнома”–и Фирдасӣ низ Луҳросп чун подшоҳи одил ва раиятпарвар тасвир шуда, оғози салтанати ӯ аз сохтани оташкадаи Меҳрбарзин дар Балх ибтидо ёфтааст.
Чу Луҳросп биншаст бар тахти оҷ,
Ба сар барниҳод он дилафрӯз тоҷ.
***** ******
Ҷаҳонофаринро ситоиш гирифт,
Ниёиш варо дар фазоиш гирифт.
***** *****
Яке шорсоне баровард шоҳ,
Пур аз барзану кӯю бозоргоҳ.
***** *****
Ба ҳар барзане ҷойи ҷашни Сада,
Ҳама гирд бар гирд оташкада.
**** ****
Яке озаре сохт Барҳин ба ном,
Ки буд бо бузургиву бо фарру ком.
Луҳросп барои ободонии шаҳристони Балх, бунёди бозору растаҳои тиҷоратӣ, корвонсарою марказҳои савдо заҳмати зиёде ба харҷ дода, равобити тиҷоратӣ ва фарҳангиро бо кишварҳои Ҳинду Чин ва Рум густариш медиҳад. Гумони ғолиб он аст, ки шояд дар замони подшоҳии Луҳросп, роҳҳои нави корвонгард кушода, шуда лоҷуварду булӯр ва дигар сангҳои қимматбаҳои Бадахшон ба кишварҳои дуру наздики олам интиқол дода мешудаанд. Ва аҷаб нест, лоҷувардҳои бадахшии зикрашон дар боло рафтаро, ки чун ғанимат ба дасти лашкаркашони Ошур афтода буданд, маҳз савдогарони суғдию бохтарӣ тавассути шоҳроҳи лоҷувард ба қаламрави давлати Мод бурда бошанд.
Беҳуда нест, ки Бобоҷон Ғафуров таъсири тамаддуни халқиятҳои Осиёи Миёнаро дар офариниши осори бошукӯҳи санъати сулолаи Ҳахоманишиниён таъкид карда, аз Бохтару Суғду Хоразм бурдани чанде аз масолеҳи ороишии нодирро зикр менамояд.: “Тибқи навиштаҷоти Доро, барои сохтмони қасри Шуш аз Бохтар тилло, аз Суғд лоҷувард ва ақиқ, аз Хоразм фирӯза бурда шудааст. Ин маълумот, инчунин ахбори муаллифони қадим ва ҳафриёти бостоншиносӣ аз дараҷаи баланди тараққиёти кори маъдан дар Осиёи Миёна ва таъсири он ба пешрафти кори маъдан дар Эрон шаҳодат медиҳанд. Ногуфта намонад, ки лоҷуварди Осиёи Миёна дар Ҳиндустон, Бобул ва Миср ҳам мавриди истифода будааст” .
Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих.
Аз Ориён то Сомониён”, Душанбе: Ирфон, 2009. – С.-85-88.
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Ин китоб ҳамчунин дар Телеграмканали сомонаи Китобхонаи миллӣ зери ин нишонӣ қобили дарёфт аст: ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ
Таҳияи Марзия Зардодхонова,
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президентии Ҷумуҳрии Тоҷикистон