Осори Пешвои миллат. Шаҳрҳо дар қаламрави Суғди Бостон

Ногуфта намонад, ки дар ҳудуди қаламрави Суғди қадим, дар фосилаи 40 км дуртар аз самти ғарбии Бухоро харобаҳои шаҳри қадимаи Варахша пайдо шудааст, ки бостоншинос В.В. Шишкин онро ба ҳазораи 1 то милод мансуб дониста, меафзояд, ки ин шаҳристон дар давраи Кушониён умри дубора ёфтааст.

Ҳамчунин дар самти шимолии Самарқанди кунунӣ харобаҳои шаҳри Афросиёб воқеъ аст, ки масоҳати умумии он 219 гектар майдонро фаро гирифта оғози бунёди онро тақрибан ба асри VI то милод нисбат медиҳанд. Баъзе олимону бостоншиносон онро ба ҳамон шаҳри овозадори Афросиёб нисбат медиҳанд, ки Сиёвуш шаҳри Сиёвушгардро дар қиёсу рақобати он сохта бошад. То кадом андоза асос доштан ё надоштани ин қазияро ба бостоншиносон вогузор намуда, ҳаминро таъкид менамоем, ки дар аҳди подшоҳии Каёниён дар қатори шаҳрҳои Бохтари қадим шаҳрҳои ободу овозадори Суғд низ қомат меафрозад.

Шаҳри Афросиёб дорои кӯҳандизи чоркунҷа буда, ҳудуди шаҳристонаш бо чор ҳалқаи девор иҳота шуда будааст, ки ба қавле маркази Суғди бостонӣ ё аз калонтарин шаҳрҳои он ба шумор мерафтааст. “Мувофқи мадракҳои илми бостоншиносӣ Самарқанди қадим (ё худ маркази он) дар ҷойи харобаҳои шаҳри Афросиёб воқеъ гардида буд. Дар ҷараёни таҳқиқи ин шаҳр нишонаҳои маскани асрҳои VI- IV пеш аз милод, ки дар қисмати шимолу ғарбии Афросиёб вуҷуд дошта, тақрибан 50-70 гектарро ишғол мекардааст, пайдо карда шуд…

Ҳангоми ҳафриёти Афросиёб дар табақаҳои ба ҳамон замон таалуқдошта бақияи иморатҳои шаҳр (аз хишти хом ва гил), зарфҳои гирдаи бо чарху даст сохташуда, дегу дегчаҳои дуруштсохт, ҳамчунин белчаи оҳанӣ, доси оҳанин, оинаи биринҷӣ ва ғайра, ки дар бораи баъзе асбобу олот ва ашёи онвақта тасаввурот пайдо мекунонад, ёфт шудаанд. Мӯҳри сангӣ бо тасвири подшоҳ ё худоёни камондардаст низ ба ҳамон давра мансуб аст”.

Харобаҳои шаҳри Афросиёб шаҳодат медиҳад, ки дар Суғди қадим мисли Бохтар ҳаёти иқтисодию маданӣ рӯ ба инкишоф оварда, баробари зироаткорӣ ва ривоҷ ёфтани пешаи кишоварзӣ, ҳамчунин соҳаҳои мухталифи ҳунармандӣ ва косибӣ, аз ҷумла санъати меъморӣ ва шаҳрсозӣ хеле пеш рафта будааст. Шаҳри Самарқанди бостонӣ яке аз муҳимтарин марказҳои тиҷоратӣ буда, роҳҳои бузурги корвонгарди он шӯҳрати тамом доштааст. Рафтуои миёни кишварҳои Шарқу Ғарб ва ҳатто кишваркушоиву лашкаркашиҳо тавассути ин роҳ сурат мегирифтааст. Шаҳри Самарқанди бостониро ном бурда, аз муборизаҳои шадиди бохтариёну суғдиён бар зидди Искандари Мақдунӣ дар остони ин шаҳри ниёгони сарбаланди тоҷикон ёд овардан амри хайр аст. Ва ин талошу набардҳоро баҳри озодӣ ва шикастани завлонаи асорат Бобоҷон Ғафуров хеле хуб тасвир кардаст.

Искандар пас аз ишғол кардани Навтоқ ба маркази Суғд Мароқанд (номи собиқаи Самарқанд) равона шуд ва онро забт кард… ба қавли Квинт Куртсий “Искандар дар шаҳр гарнизон гузошт ва деҳоти атрофро сӯхта ба харобазор табдил дод”. Сипас, ӯ бо лашкари юнонӣ ба самти шимоли шарқӣ ҳаракат намуд. Лекин дар ин роҳ ба мушкилоти бузурге дучор гардид. Суғдиҳо ҳама чун як тан ба муқобили истилокорони юнону мақдунӣ сар бардоштаанд. Вақте ки масъалаи озодӣ ва истиқлолияти ватанашон ба миён омад, онҳо ба тамоми мардонагӣ барои мудофиаи кишвари худ бар зидди истилогарони юнонӣ чунон мубориза бурданд, ки ин мубориза дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи қадимаи халқҳои Осиёи Миёнаро фароҳам овардааст. Яке аз аввалин намунаҳои ин мубориза бархӯрдани таҷовузкорони юнонӣ бо тоифаҳои суғди вилояти кӯҳистони Уструшан мебошад, ки дар вақти аз кӯҳсори байни Мароқанд ва Киропол гузашта истодани аскарони Искандар рӯй дода буд”.

Шояд замони бунёдшавии шаҳрҳои Варахша ва Афросиёбро бостоншиносон аз дувуним – се ҳазор сол беш надиҳанд, вале далели овардаи Наршахиро аз бобати созандаи нахустини ҳисори Бухоро будани Сиёвуш ва то замони худаш се ҳазор сол доштани ин таърихро (бо ҳазор сол фарқияти аҳди Наршахӣ ва замони мо чор ҳазор сол мешавад) инкор кардан номумкин аст.

Ва бар такяи ҳамин далелҳо метавон афзуд, ки дар давраи подшоҳии сулолаи Каёниён ҳудуди ҷуғрофӣ ва домани марзҳои Бохтари қадим густариш ёфта, дар паҳлуи Бохтарзамин боз Суғди қадим бо шаҳру шаҳристонҳояш қомат меафрозад. Ин ду марзи аз лиҳози таърих, халқият, арзишҳои маънавӣ, расму оин, кешу мазҳаб, унсурҳои забонӣ, асотиру ривоят, осори адабӣ ва даҳҳо нишонаҳои дигар ҳамтақдиру ҳамқисмат гаҳвораи давлатдории нахустини тоҷиконро ба ҷунбиш оварда, дар тӯли ҳазорсолаҳо чун тифли парвардаи як гаҳвора бори сарнавишти миллати тоҷикро кашидаанд.

Ин ақидаро метавон боз бо далелҳои овардаи бостншиноси маъруф Ю. Яъқубов тақвият бахшид: “ Чи тавре ки мо медонем, барои давлати бузург сохтан ғояи умумӣ, дини ягонаи миллӣ лозим буд. Пешвои чунин ғояи динии умумиориёнӣ Зардушт гардид. Виштосп дини яккахудовандро аз Зардушт пазируфт ва ҳамроҳи пайғамбар ба муқобили бисёрхудоӣ, бутпарастӣ ва қавмҳои худсари Ориёшаҳр мубориза бурд ва давлати бузурги Бохтарро ташкил намуд, ки ба он ҳамаи вилоятҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Сиистон ва Хуросони кунунии Эрон дохил мешудаанд.

Ташкил шудани давлати бузурги Каёниён дар вилоятҳои кишоварзии Ориёи Шарқӣ саҳронавардҳои Тӯронро маҷбур сохт, ки бо сарвари Арҷосп муттаҳид шаванд ва ба муқобили Виштосп ва Зардушт мубориза баранд. Ҳамин тавр дар Осиёи Марказӣ ду давлат: Каёниён ва Тӯрониён пайдо мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки давлатҳои зикршуда кай, дар кадом асрҳо арзи вуҷуд доштанд. Мо медонем, ки Зардушт ҳамзамони Виштосп буд. Олимони авестошинос дар бораи замони Зардушт се давра: асрҳои IX –VI, XVI- X ва 3000-6000 сол пеш аз милодро пешниҳод кардаанд.

Ба ақидаи мо, асрҳои XVI- XV пеш аз милод ба ҳақиқат наздик мебошад. Зеро дар наздикии шаҳри Дарбанди вилояти Сурхондарё бостоншиносони Ӯзбекистон ёдгориеро кашф намуданд, ки шаҳри асри биринҷӣ мебошад. Ин шаҳр дорои диж, шаҳристоне ба масоҳати 100 га заминро дорад. Дар маркази шаҳр маъбади оташро дар болои бунёди 2- метра сохтаанд. Маъбад бо тамоми русумҳои дини Зардушт сохта шудааст. Чунин маъбад бе мавҷудияти дини суннатӣ ва давлати пуриқтидор сохта намешавад. Шаҳр ба асри  XV –XIV пеш аз милод нисбат дорад. Шаҳр аз рӯйи нақшаи пешакӣ ва бо санъати баланди сохтмони ҳунарманди бохтарӣ сохта шудааст. Шаҳрҳои кашфшудаи ҳазораи дуюм дар Бохтар далели он мебошад, ки дар ин давра давлати бузурге вуҷуд дошт ва он ба замони Каёниён, аз ҷумла Виштоспу Зардушт нисбат дорад.

Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих.

Аз Ориён то Сомониён”, Душанбе: Ирфон, 2009. – С.-83-85.

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Марзия Зардодхонова,
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президентии Ҷумуҳрии Тоҷикистон