Оё китобдорони ҷумҳурӣ ба такмили ихтисос ниёз доранд?

такмили ихтисос Китобдорӣ ё худ кор дар китобхона дар қатори дигар касбу машғулиятҳои маърифатӣ-фарҳангӣ яке аз шуғлҳо ва касбҳои пурифтихор, масъулиятнок ва дар айни замон пуршараф ба ҳисоб меравад. Зеро корманди китобхона ё худ китобдор будан низ ҳамчун касби омӯзгорӣ ба маърифатнокӣ, хирадварзӣ, донишандӯзӣ ва масъалаи имрӯзу фардои дурахшони башарият тавъам буда, бо китоб, ки сарчашмаи донишу биниш ва илму ҳунар аст, вобастагии амиқ дорад. Биноан муҳиммият ва арзиши касби китобдорӣ дар он аст, ки бо илму дониш ва маърифати ҷомеа вобаста аст ва вақте ки масъалаи дониш аст, пас ояндаи давлату миллат ва ҷамъият дар миён мебошад. Аз ин рӯ, китобдорӣ касби аз лиҳози мантиқӣ ва фарҳангӣ-иҷтимоӣ заруру муҳим ва китобдор шахси донишманду содиқ ва меҳандӯсту вафодор мебошад.

Бинобар ин ба касби китобдорӣ бо дидаи масъулият бояд назар кард ва кормандони китобхонаҳо низ ҳамчун узви муҳимми ҷомеа ва афроди таъсиргузор дар рушди маърифату фарҳанги ҷамъият шинохта шаванд.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи маълумоти ниҳоди ваколатдори соҳаи китобу китобдорӣ – Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати ҷамъбасти соли 2025, 1370 китобхона, аз ин 1 Китобхонаи миллӣ, 1 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, 1 китобхонаи муосири пойтахт, 7 китобхонаи вилоятӣ, 69 маҷмуи китобхонаҳои марказонидашуда ва 1291 китобхона-филиал фаъолият менамояд.

Ҳамзамон, дар кишвар 136 китобхонаи вазорату идораҳо ва 4581 китобхонаи соҳаи илму маориф ба қайд гирифта шудааст. Агар рақамҳои болоро ба сурати ҷамъбаст ба назар гирем, пас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум 5951 китобхона ва муассисаҳои китобхонавӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо бояд мутахассисе бо номи “китобдор” фаъолият намояд.

Мувофиқи маълумоти дар ихтиёр буда, натиҷаи таҳқиқоти анҷомшуда ва ҳамчунин натиҷаи санҷиши гурӯҳи корие, ки бо дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2025, №26/10-303 ҷиҳати санҷиши вазъи фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ ташкил гардида буд, нишон медиҳанд, ки мутаассифона вазъи тахассусии кормандони китобхонаҳои кишвар нигаронкунанда ва боиси ташвиш мебошад. Масалан, тибқи иттилои сарчашмаҳои болозикр дар китобхонаҳои вилояти Суғд ба ҳолати нимсолаи аввали соли 2025, 741 нафар ба кор машғул мебошанд, ки аз онҳо 77 нафар ё худ 10,4% дорои таҳсилоти олии тахассусӣ буда, 90 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ, 78 нафар донишҷӯ, 129 нафар бо маълумоти миёнаи ғайритахассусӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Ин вазъ дар китобхонаҳои вилояти Хатлон низ нигаронкунанда буда, аз 977 нафар корманди китобхонаҳои вилоят 104 нафар дорои тахассуси олии китобдорӣ мебошад, ки 10%-ро ташкил медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 386 нафар корманди китобхонаҳо 72 нафар дорои ихтисоси китобдорӣ аст, ки 11%-ро ташкил медиҳад. Вазъ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ беҳ нест, балки ташвишовар буда, чораандешии саривақтӣ ва дарозмуддати ниҳодҳои дахлдорро талаб менамояд. Агар шумораи умумии кормандони китобхонаҳои ҷумҳуриро аз лиҳози тахассусӣ ба ҳисоб гирем, дарсади кормандони соҳибтахассус аз 15-20% нахоҳад гузашт, ки ҷойи тааммули ҷиддӣ аст.

Пас масъалаи матраҳ ин аст, ки кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ натанҳо ба такмили ихтисос, балки ба курсҳои бозомӯзӣ ва ба фарогирии таҳсилоти соҳавӣ ниёзи ҷиддӣ доранд, аммо кормандони китобхонаҳо кай, дар куҷо ва аз ҷониби кадом ниҳод бояд ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шаванд, масъалаи муҳимми дигар аст. Ба андешаи мо нозукии масъала дар низоми идоракунии китобхонаҳо ва муассисаҳои китобхонавии кишвар аст, зеро Китобхонаи миллӣ ниҳоди тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхонаҳои вилоятӣ, китобхонаҳои марказӣ ва деҳотии шаҳру ноҳияҳои кишвар дар тавозуни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхонаҳои мактабӣ тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва китобхонаҳои вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ дар тавозуни худи ниҳодҳои марбута мебошанд. Мутаассифона, низоми ягонаи идораи китобхонаҳо ва муассисаҳои китобхонавӣ дар ин шакл ба назар намерасад.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда кормандони китобхонаҳои мактабӣ аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф давра ба давра бо донишҳои замонавии соҳавӣ фаро гирифта мешаванд, аммо дигар кормандони китобхонаҳои кишвар чӣ?

Оё дар назди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ё Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ё кадом муассисаи дигар Маркази такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо вуҷуд дорад?

Дар назди Муассисаи давлатии “Китобхнаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ (собиқ Маркази такмили ихтисос) аз соли 2012 инҷониб фаъолият менамояд, ки дар баробари ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони Китобхонаи миллӣ ба таври довталабона барои китобдорони китобхонаҳои кишвар низ курсҳои сайёри такмили ихтисос ташкил ва роҳандозӣ менамояд, аммо ин амал на ҳамчун вазифаи низомномавӣ, балки мусоидат ва кумаки довталабонаи касбӣ мебошад.

Ҳақиқат ин аст, ки марказ ё донишкадае доимамалкунанда бо мақсади такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ вуҷуд надорад. Пас масъалаи бо донишҳои соҳавӣ фаро гирифтани кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва ташкили курсҳои такмили ихтисос барои онҳо ҳамчун масъалаи доғи соҳа ва ниёзманди чораҷӯии қатъӣ боқӣ мемонад.

Ҳадиятуллоҳи Амриддин Сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ