Оё тарбияи ахлоқӣ зарур аст?
Тарбияи этиикӣ-ахлоқӣ-яке аз ҷиҳатҳои хеле муҳими раванди бисёрҷабҳаи ташаккули шахсият аст. Аз тарафи фард фаро гирифта шудани арзишҳои ахлоқӣ ва танзиму тадвини сифатҳои ахлоқӣ, қобилияти интихоби идеал (ормон) гардида, боиси зистан аз рӯйи меъёрҳо ва қоидаҳои ахлоқ мешавад, вақте ки эътиқодот ва тасаввурот оид ба аҳамияти ҳаётии ахлоқи хамида,аъмоли воқеии шахс таҷассум меёбад, рафтору кирдори ӯ ба куллӣ накӯ мешавад.
Дар хусуси он, ки тарбияи ахлоқи накӯ бояд аз овони кӯдакӣ оғоз ёбад, то ки он ба малакаву одат табдил ёбад, Абушакури Балхӣ хеле хуб фармудааст.
Ба ҳангоми барноию кӯдакӣ
Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.
Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон
Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон,
Чу гардад калон, боз натвонадаш,
Ки аз каҷҷию хам бигардонадаш.
Бояд таъкид намуд, аз хурдсолӣ атфолро набояд эрка, нозпарвард, нозук, зудранҷ тарбия намуд. Эрка балои ҷон гуфтаанд. Саъдии Шерозӣ, мутафаккири ҷаҳондида ва дорои таҷрибаи басо бузурги ҳаётист, ки ӯ 40 соли умри хешро дар мусофирату мушоҳидаи хулқу атвори мардуми мамлакату миллатҳои гуногун сипарӣ кардааст, дурри маъниро оид ба панду андешаҳои судманд дар силки шеър суфтааст, аз ҷумла таъкид намудааст:
Басе рӯзгорон, ки сахтӣ барад
Писар, чун падар нозукаш парварад.
Хирадманду парҳезгориро бидор!
Агар дӯст дорӣ, ба нозаш модар!
Ё ин ки дар урфият мегӯянд:
Фарзанд азиз аст, одобаш аз ӯ азизтар.
Бигзор тифл бигиряд, худо накунад, ки дар ниҳояти кор аз рафтору кирдор ва тарбияи нодурусти гирифтаи фарзанд модар бигиряд.
Рукниддини Авҳадӣ тавсия менамояд:
Бачаи хешро баноз модар,
Назараш ҳам зи кор боз модар !
Чун барояд ба хорию сахтӣ,
Нашавад ӯ забуни бадбахтӣ.
Дар тӯли таърихи инсоният одамон саъю кӯшиш мекарданд, ки ба ду саволи асосӣ посух диҳанд: бояд чи тавр зиндагӣ кунанд ва чи корро бояд (набояд) кунанд?
Тарбия худ раванди ҳаллу фасли амалии ҳамин саволҳо мебошад.
Ахлоқ хислату ирсӣ ва табиӣ нест, бинобар ин ҳар як шахс бояд ҳатман раванди тарбияи ахлоқиро аз сар гузаронад.
Фарди ҷудогона худ ба худ наметавонад шахсияти ахлоқӣ бишавад. Ин фақат дар раванди фаъолияту ҳамзистӣ дар ҷомеа, дар хонавода, дар ҷамоа, дар муошират имконпазир ташаккул меёбад. Меросгирии фарҳангӣ яке аз омилҳое мебошад, ки дар байни инсон ва ҳайвон фарқ мегузорад. Рафтори ҳайвон, ки аз лиҳози генетикӣ хусусияти табиӣ, чун ғариза (инстинкт) муайян шудааст, аз озодии интихоб маҳрум аст:
Тарбияи ахлоқӣ ҳамчун қисми таркибии иҷтимоишавӣ беихтиёр ҷараён надорад. Аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои иҷтимоӣ метавонанд ба инсон ҳам ба мисли ташаккулдиҳандаи ахлоқ ва ҳамчун табоҳкунандаи он таъсир намоянд. Барои ҳар як ҷомеа идеали (ормони) шахсияти ахлоқии худ хос мебоша ва ҳар фард мекӯшад, ки ба дараҷаи он идеал рушд намояд. Аммо идеали ҳар гуна синф, ҷомеа ҳомили осори маҳдудиятҳои таърихӣ, иҷтимоии мушаххас мебошад, бинобар ин, дурнамои тарбияи ахлоқиро, ки ба арзишҳои умумибашарӣ ва ояндаи башардӯстонаи таърих нигаронида шудааст, амалӣ намегарданд. Ҳар як ҷомеа саъй менамояд, ки арзишҳои ахлоқӣ, меъёрҳо, қоидаҳо ва усулҳои онро дар шакли кодексҳои ахлоқии махсус, ки иборат аз барномаи тарбияи ахлоқӣ мебошанд, иншо менамоянд.
Қобили тазаккур аст, ки ҳангоми тарбияи ахлоқӣ хусусиятҳои психологии инсонро ба инобат гирифта, таваҷҷӯҳи ӯро дар асоси мисолҳои ҳаётӣ бояд ҷалб намуд.
Чунки тарбияи ахлоқӣ аз мавҷудияти худи инсон ва ҳаёти ӯ ҳамчун вуҷуди бохиради дорои озодии интихоб ҷудонашаванда аст. Вай раванди худмуайянкунии инсон ва худсозии ӯ тавассути рафтору кирдораш мебошад. Инсонро ахлоқан тарбия кардан бидуни хоҳиши шахсии ӯ дар ин раванд, бидуни иродаи нек ва ҳамофаринӣ ва бештар аз он худтарбиятӣ, саъю кӯшиши вай, ки қисми асоси тарбияи ахлоқӣ мебошад, имконнопазир хоҳад буд.
Умуман, тарбияи ахлоқӣ ҳамчун раванди аз лиҳози маънавӣ идрокшуда ва шахсиятан бошуурона дорои ду ҷиҳати ба ҳам вобасташуда мебошад: ташаккули худи одам такомулёбии ӯ ва такомулёбии ҷомеа, ҷаҳони одам.
Аҳамияти иҷтимои тарбияи ахлокӣ хеле бузург ва ошкорост: ҷомеае, ки ба арзишҳои ахлоқӣ эътино надорад ногузир маҳкум ба марг мебошад. Аммо мутаносибан, аҳамияти башардӯстонаи тарбияи ахлоқӣ, таъсири вай ба раванди ташаккул ва такомули инсон низ дорои аҳамияти басо бузург аст:
Тарбияи ахлоқӣ-ин тарбияи инсон ба сурати томи ӯ, ташаккули сифатҳои бунёдии инсонӣ, аммо на парастиши кадом як хусусият ва ё вижагии ӯ мебошад.
Дар раванди мураккаби ташаккули инсон метавон ба чунин бозёфтҳои ахлоқии махсус, ки барои ҳар як фард ногузиранд, иқдом намуд:
– маърифати пояндагии ахлоқ алоқамандии мутлақи он ба ҳастии инсон, аҳамияти ҳаётии он: ҳадафгирӣ барои татбиқи худшиносии ахлоқӣ ва ифодаи олии он – виҷдон, ки иҷозаи инҳироф аз меъёрҳои ахлоқиро намедиҳад:
– эътирофи норасоии ахлоқӣ ҳамчун ташвиқи водоркунандаи рушди минбаъдаи ахлоқӣ, хоҳиш ва маҳорати муқовимат ба васвасаҳо, муқовимат ба тамоюли худсафедкунӣ ҳангоми вайрон кардани меъёрҳои ахлоқӣ, эҳсоси шарму ҳаё:
– ҳамдардӣ, меҳру шафқат нисбат ба одамон, маҳорати худро ба ҷойи дигарон гузоштан, на фақат ишқу муҳаббат ба одамон ва маҳз ба онҳо хидматгузорӣ кардан:
– ба шарру зиштӣ муқобилият кардан, фурӯтанӣ ва росткорӣ, на танҳо манфиати худро хостан, балки ба манфиати дигарон низ эҳтиром гузоштан ба ҳайси алтернативаи бешафқатӣ, дилсардӣ ва ҳамчун тезутундшавии эҳсоси адолатхоҳӣ.
Масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ дар кишвари мо махсусан мубрам мебошад, ки он ба бартарафкунии “камбудии ахлоқ” ҳамчун натиҷаи даврони бӯхронҳо ва рукуд вобастагӣ дорад.
Рӯй овардани ҳамаи корҳои тарбияи ахлоқӣ ба ин мушкилот ҳамзамон рӯй овардан ба инсон: дар амал эътирофи инсон ҳамчун олитарин арзиш дар ҷомеа барқарор намудани бартарии арзишҳои ахлоқӣ ва умуминсонӣ хоҳад буд.
Манбаъ:Ё.Қ.Одинаев “Одоби муоширати муосир”. Душанбе, “Ирфон”, 2010.
Ин китобро хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.