Озмуне, ки қалбҳову зеҳнҳоро тасхир кардааст

Тавре ки ҳамагон иттилоъ дорем барои ба итмом расидани даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фурсати хеле кам мондааст. Гӯрӯҳҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун сабқатро ба анҷом расонидаву гурӯҳи чорум низ дар ҳоли анҷомёбист. Ба эълони натиҷаҳои Озмун анҷоми ана ҳамин гурӯҳи чорум (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун)-ро ҳама мунтазирем.

Ҳамсуҳбати мо довталаб аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Машраб Бобоев – директори МТМУ № 6 ба номи Раҳматуллоҳи Пӯлод дар ноҳияи Шаҳринав аст.  Машраб Бобоев соли аввал аст, ки дар Озмун иштирок мекунад. Мегӯяд, зиёда аз 50 роман, 80 повесту қисса, 120 ҳикоя ва зиёда аз 120 ғазалу рубоӣ ва навъҳои дигари шеърро хондаву аз бар намудааст. Барояш хондани достонҳои адиби маҳбубу шинохтаи тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон – Муъмин Қаноат бисёр мақбул буда, охарин асари насрие, ки мутолиа намудааст, романи “Наҷво дар гӯши бод”-и Соҷидаи Мирзо мебошад. Ин асар бисёр саҳнаҳои пуртаъсиру нангине дорад, ки муборизаҳои Санам алайҳи ин ноадолатиҳо хонандаро руҳбаланд месозанд. Ҳамчунин пушаймонии Маҳтоб – холаи Санам бозгӯи он аст, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад ва ҳақиқат  ҳамеша дастболост.

ГулнораДобталаби навбатие, ки бо мо ҳамсуҳбат гашт, омӯзгори МТМУ № 34- и ҷамоати Хисеварз, ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  Гулнора Зайниддинова мебошад. Ӯ соли севум аст, ки дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ширкат варзида, 24 асари насрӣ ва 185 байт достон, 135 байт қасида, 110 ғазал, 130 рубоиву дубайтӣ, 183 байт дигар навъҳои шеъриро мутолиаву аз бар намудааст. “Самаки айёр” аз аввалин асарҳое буд, ки Гулнора Зайниддинова аз рӯйхати адабиёти дар Низомномаи Озмун овардашуда мутолиа намудааст ва бо хондани ҳамаи ҷилдҳояш ин асари ривоятӣ тавонист дар қалби Гулнора ҷойи хосро ишғол намояд. Тавре ки номбурда иброз дошт, бо хондани асарҳои насрии ривоятӣ гӯё филми давомнокро тамошо мекунад ва қаҳрамонҳои асосӣ бо саҳнаҳои рангин пеши назараш ҷилвагар мешаванд.

Дар зимн, Гулнора Зайниддинова пас аз рухсатии дарозмуддат барои нигоҳубини кӯдак ба кор дар мактаб шуруъ намудаву сарфи назар аз хурдсолии фарзанд тасмим гирифтааст иштирокчии Озмун гардад ва аз соли аввал инҷониб ба даври ҷумҳуриявии Озмун роҳ ёфтааст.

muhlisaИштирокчии дигари даври ниҳоии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хатмкарда ва  омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар МТМУ № 13, ноҳияи Мастҷоҳ, вилояти Суғд  Мухлиса Сафарзода мебошад. Мавсуф соли шашум аст дар ин Озмуни бошукӯҳи ҷумҳуриявӣ иштирок менамояд. Ҳарчанд  Мухлиса Сафарзода худ устоди фанни забон ва адабиёти тоҷик бошад ҳам, мутолиа ва азбар намудани асарҳои адибони ҷаҳонро дӯст медорад. Ин аст, ки ӯ рақобат дар номинатсияи адабиёти ҷаҳонро интихоб намудааст. Мухлиса, ки дӯстдори эҷодиёти адибони ҷаҳон аст, зиёда аз 200 асар мутолиа кардааст. Асарҳои намояндагони адабиёти ҷаҳонро бо забони тоҷикӣ мутолиа намояд ҳам, аз Пушкин ва Лермонтов шеърҳои зиёд ба забони асл азбар намудааст. Миёни хондаҳояш асарҳои сардафтари адабиёти классикии рус Александр Сергеевич Пушкин ва Михаил Юревич Лермонтовро хеле дӯст медорад. Ҳамзамон романи “Муҳосира”-и Александр Борисович Чаковский барояш бениҳоят дустдоштанист, зеро ин асар аз матонату ватандӯстии сокинони Ленинград ва халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар мубориза бар зидди фашизм нақл мекунад.

Мухлиса Сафарзода мегӯяд, ҳанӯз аз овони хонандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ буданаш устод Мирзошариф Ёдгоров ӯро роҳнамоӣ мекунад, ки бо истифода аз фурсат арзи сипоси хешро барояш мерасонад. Лозим ба ёдоварист, ки Мухлиса дар баробари  омӯзгори МТМУ № 13 буданаш донишҷӯ (ғоибона)-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад. “Иштирок дар   Озмун, кӯшишу талоши маро ба хондану аз худ намудан зиёд намуда, ҷаҳонбиниамро васеъ гардонид” – гуфт дар охир Мухлиса Сафарзода.

Мо ба ин ва дигар довталабони Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар фаъолияту рӯзгорашон таманнои муваффақиятҳо дорем.

Махфират Муҳидинова, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа